Рубрики Хабарҳо

Интиқоли барқ ба хориҷ ва қатъи он дар дохили кишвар

Бо фарорасии сармо дар ҳоле  аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон  дар бораи набудани қувваи барқ хабарҳо мерасанд, ки тибқи гуфти раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон,  Тоҷикистон дар даҳ моҳи соли равон ба маблағи беш аз 89 млн. доллар ба кишварҳои хориҷ барқ фурухтааст.

Тайи нуҳ моҳ ба ҳамсоякишварҳо ба маблағи 85 миллиону 400 ҳазор доллар нерӯи барқ интиқол дода шудааст.

Ҳамин тариқ, даромади ширкати “Барқи тоҷик” аз ҳисоби фурӯши барқ ба ҳамсоякишварҳо дар моҳи октябр беш аз 3 миллиону 600 ҳазор долларро ташкил медиҳад.

Тоҷикистон нерӯи барқро маъмулан ба Афғонистону Ӯзбекистон ва дар ҳаҷми начандон зиёд ба Қирғизистон содирот мекунад.

Соли равон Тоҷикистон ният дорад, ки дар маҷмӯъ наздики 3,5 млрд. кВт/соат нерӯи барқро ба хориҷи кишвар интиқол диҳад.

Дар сохторҳои энергетикии кишвар итминон дода буданд, ки бо оғози камбуди барқ дар Тоҷикистон, интиқоли он ба хориҷи кишвар қатъ хоҳад шуд. Аммо ҳанӯз моҳи октябр сокинони чанде аз минтақаҳои Тоҷикистон аз реҷаи маҳдуди интиқоли барқ ба манзилҳояшон шикоят карда буданд вале ҳамоно фурӯши барқ ба хориҷ давом дорад.

Дар бораи мавҷуд набудани нерӯи барқ ба хабаргузории Азия плюс сокинони ноҳияҳои Рашт ва Панҷакент хабар додаанд, вале  ширкати “Барқи тоҷик” маълумоти ҷорӣ шудани реҷаи маҳдуди интиқоли барқро дар кишвар рад кардааст ва гуфта шудааст, ки барои таъмини пурраи ҷумҳурӣ бо нерӯи барқ иқтидори кофӣ вуҷуд дорад.

Дар , , , ва    моро пайгирӣ кунед!

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *