Шаҳрдори Душанбе ва писари раисҷумҳури Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ҷашни рӯзи таваллудашро дар клуби мутаъаллиқ ба худаш — Royal Club ҷашн мегирад. Хароҷоти ҷашн мисли соли қабл ҳудуди 200 ҳазор евро гуфта мешавад.
Ба ҷашни рӯзи таваллуди шаҳрдори Душанбе сарояндаи руминӣ Отилия Буримэ (Otilia Bruma), иҷрокунандаи хитҳои Bilionera, Prisionera, Diamante даъват шудааст.
Royal Club ҳадафи даъвати ин сарояндаро 3-солагии ин клуб унвон кардааст, вале дар асл ӯро ба рӯзи таваллуди Рустами Эмомалӣ даъват намудаанд.
Гуфтанист, ки тибқи қонун дар Тоҷикистон ҷашн гирифтани рӯзи таваллуд берун аз доираи оила мамнӯъ аст. Вале қонунҳо ба Рустами Эмомалӣ ва дигар аъзои оилаи раисҷумҳур дахл надоранд.
Писари раисҷумҳур ҳар сол рӯзи таваллудашро бо ширкати сарояндагони маъруфи хориҷӣ ҷашн мегирад. Соли гузашта ӯро ба ҷашнаш сарояндаи ҳолландӣ Симонс Ева Мария дар ҳамон Royal Club табрик карда буд.
Ева Мария Симонс
Дар ҷашни писари раисҷумҳур дар клуби шабонаи Royal Club бо ширкати Ева Мария Симонс (Eva Maria Simons) ҳудуди 100 нафар, аз ҷумла меҳмонони хориҷӣ даъват шуда буданд.
Масрафи ин ҷашнро манбаъи Паём ҳудуди 200 ҳазор евро тахмин зада буд, ки 170 ҳазори он барои овардани сарояндаи ҳолландӣ масраф шуда буд. Ин ҷашн бегоҳи 19 декабр оғоз шуда, то нимашаб идома кард.
Royal Club
Соли 2016 ҷашни зодрӯзи Рустам бо ширкати сарояндаи руминиягӣ Инна Руминян баргузор шуда буд.
Ин дар ҳолест, ки тибқи қонуни танзим, ҷашни бошукӯҳи рӯзи таваллуд манъ буда, чанд нафар барои дар қаҳвахонаву тарабхонаҳо ҷашн гирифтани зодрӯзашон ҷаримабандӣ шудаанд. Мансаборон, аз ҷумла раиси шаҳри Душанбе, дар сурати риоя накардани қонуни танзим бояд аз мансаб озо карда шаванд:
“Аъзои Ҳукумат, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, дигар шахсони мансабдори давлатӣ, хизматчиёни давлатӣ, судяҳо, кормандони мақомоти прокуратура, амният, корҳои дохилӣ, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, андоз, гумрук, кормандони мақомоти дигари ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур аз ҷониби онҳо ва фарзандонашон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мансаб озод карда мешаванд”. (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)
Амирбек Исоев барои таҷлили зодрӯзаш дар қаҳвахона 640$ ҷарима шуд
Як манбаъи наздик ба хонадони расиҷумҳур, ки дар бештари ҷашнҳои хонаводагӣ ширкат кардааст, гуфт дусад ҳазор евро камтар аз он аст, ки ӯ тахмин мезанад. Ба суоли Паём, ки оё ин маблағ аз кисаи худи Рустам пардохт мешавад ё буҷаи шаҳрдорӣ ва ё он ҷашнро кадоме аз дӯстонаш оростааст ин манбаъ посух дод, “хизмати дӯстонаш” аст, вале қимати тӯҳфаҳое, ки Рустам дар ҷашни зодрӯзаш хоҳад гирифт ба маротиб бештар аз ин масрафҳост. Ӯ гуфт қимате бархе тӯҳфаҳое, ки меҳмонон ба соҳибҷашн тақдим мекунанд, чанд баробар бештар аз ин масраф аст.
Ин манбаъ мегӯяд бо назардошти ин ки дигар ба ҷойгузини падараш шудани Рустами Эмомалӣ ҳеҷ шубҳае намондааст ва ӯ ба зудӣ ӯ ба раёсати Маҷлиси Миллӣ хоҳад расид, нафароне пайдо хоҳанд шуд, ки барои роҳ ёфтан ба тими Рустам аз аз ин ҷашни ӯ тавассути ҳадяҳи гаронбаҳо истифода кунанд. .