Дари масҷидҳои Тоҷикистон пас з 9 моҳи таътилӣ аз имрӯз ба рӯи намозгузорон боз шуд.
Бино ба иттилоияи сомонаи Кумитаи давлатии умури дин ва танзими ҷашну маросими Тоҷикистон, бар асоси дастури ситоди мубориза бо вируси корона аз аввали феврали соли 2021 пас аз таътили 9 моҳа, акнун дар масҷидҳои Тоҷикистон намозҳои ҷамоат иҷоза шуд.
Аммо шарти азсаргирии фаъолияти масҷидҳо ва иқомаи намоз дар ин маконҳои ибодӣ риояти тавсияҳои беҳдоштӣ ва фосилаи иҷтимоӣ, ҳатмӣ будани ниқоб барои намозгузорон, назофати масоҷид ва дезинфексия унвон шудааст.
Раиси Ҷумҳурии тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмони низ дар паёми солонаи хеш ба порлумони кишвар таъкид карда буд, ки намозгузорон бо бозкушоии масҷидҳо бояд муқаррароти беҳдоштиро ба вижа дар намозҳои ҷумъа риоят кунанд. Агар ин муқаррарот муроот нашавад масҷидҳо дубора баста хоҳанд шуд.
Масҷидҳои Тоҷикистон аз рӯзи 18 апрели соли 2020 тибқи қарори Шӯрои уламои исломии кишвар ва тавсияҳои ситоди муқобила бо вируси корона барои ҷилавгирӣ аз густариши Ковиди 19 баста шуд.