Рубрики Хабарҳо

Ба гапҳоят отвечат мекунӣ!” Таҳдиди корманди IRS ба мусофири дармонда

“Ман номери шумоя метиям, отвечат мекунед ба гапҳотон. Ҳолӣ поида меистӣ, кайе омад баъд мегузарӣ!” Ин посухи менеҷери ширкати IRS ба суоли мусофироне будааст, ки дар роҳ бо сабаби фаромадани тарма дармондаанд.

Ганҷинахон Абдуллохоҷаева, як корбари шабакаи фейсбук навиштааст, ки се соат аст ба сабаби фаромадани тарма дар роҳи Душанбе-Хуҷанд дармондаанд ва касе барои тоза кардани роҳ ҳозир нашудааст. Баъди занги ин хонум ба ширкати IRS, менеҷери ин корхона ба ӯ таҳдид кардааст.

Хонум Ганҷина навиштааст ба суоли ӯ, ки аз корманди IRS пурсидааст “мо бо кӯдакон се соат аст дар байни тарма дармондаем, кӣ роҳро тоза мекунад? Кай кормандони IRS меоянд?”, менеҷери ин ширкат таҳдид кардааст, ки “ман ҳозир номери шумоя метиям, отвечат мекунед ба гапҳотон. Ҳолӣ поида меистӣ, кайе омад баъд мегузарӣ!”

Ин бори аввал нест, ки мусофирони роҳ аз муомалаи бади кормандони ин ширкат шикоят мекунанд. Қаблан ҳам аз ин қабил шикоятҳо расонаӣ шуда буданд, вале масъулини ширкат ҳамеша худи мусофиронро гунаҳкор мебароранд.

Ширкати IRS, ки тибқи маълумотҳо ба духтари раисҷумҳур Озода Раҳмон ва шавҳараш Ҷамолиддин Нуралиев мутаалиқ аст, баъди сохтани роҳи Душанбе-Чанак аз тарафи ширкати Чинӣ, бидуни мушкиле соҳиби ин роҳ шуд. Ин ширкат бо қарори парлумони Тоҷикистон аз тамоми намуди андозҳо озод буда, танҳо таъмиру нигаҳдории роҳ ба дӯшаш аст. Ин ширкат тибқи иттилои манобеъи “Паём” солона беш аз 100 миллион доллар даромади соф мегирад, ки билофосила ба суратҳисоби он дар ҷазираҳои Вирҷиния интиқол меёбад.

Ин дар ҳолест, ки дар натиҷаи сохтмони ин роҳ Тоҷикистон аз Чин наздик ба 300 миллион доллар қарздор шудааст. Масъулити пардохти қарз ҳам ба дӯши буҷаи кишвар аст.   

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *