Муҳаммад Ҷаъфар Мунтазирӣ, додситони кулли Эрон дирӯз, 8 июн, бо даъвати додситони кулли кишвар вориди Тоҷикистон шуда, бо Юсуф Раҳмон ва ҳамчунин Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд мулоқот кардааст.
Ҳамон гуна, ки ҳамеша дар мулоқоти мақомоти Тоҷикистон интизор меравад, дар ин мулоқотҳо ҳам истирдоди ҷинояткорон яке аз муҳимтарин масоили гуфтугӯ будааст. Гуфтанист, мақомоти Тоҷикистон ҳамаи мухолифини худро ҷинояткор ва террористу экстремист меноманд ва пеш аз ҳама истирдоди онҳоро талаб мекунанд.
Ҳамчунин дар вохӯрӣ аз тақвияти ҳамкорӣ, бозпас додани маҳкумшудагон ва вазъ дар Афғонистон сухан рафтааст.
Додситонии кулли Тоҷикистон , ки дирӯз Юсуф Раҳмон бо Муҳаммад Ҷаъфар Мунтазирӣ мулоқот карда, “масъалаҳои ҳамкории мақомоти ду кишвар дар самти муборизаи муштарак бо ҷинояткорӣ, расонидани ёрии ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ, истирдоди ҷинояткорон ва бозпас додани маҳкумшудагон”-ро баррасӣ кардаанд.
“Инчунин, бо назардошти вазъ дар Афғонистон ба роҳ мондани таҷрибаи пурсамари мубодилаи маълумоти фаврӣ дар самти муқовимати бевосита ба терроризми байналмилалӣ ва ифротгароӣ муҳокима гардиданд”, — менависад Додситонии кулли Тоҷикистон.
Пас аз мулоқоту музокирот бо додситони кулли Тоҷикистон Муҳаммад Ҷаъфар Мунтазирӣ ба шаҳри Хуҷанд сафар карда, бо раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дидор намуд.
“Зимни суҳбати самимӣ ҷонибҳо перомуни густариши робитаҳои дӯстонаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон мубодилаи афкор намуданд”, — омадааст дар хабари .