Маълум шуд Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳур ва “пешво”-и худхонда ба Чин бо ҳавопаймои хусусӣ, ки барояш аз ҳукумати Мексик харида шуд, парвоз кардааст. Тибқи ҳисоби коршиносон, масрафи сафари Раҳмон ба Чин бо ин ҳавопаймо на камтар 200 ҳазор доллари амрикоӣ хоҳад буд. Пуле, ки бо он мешавад дар Тоҷикистон як мактаб ё беморхонаи кӯчак сохт.
Дар наворе, ки дафтари матбуотии раисҷумҳур нашр кардааст, дида мешавад Раҳмон бо гуселкунандагонаш, ки иборатнад аз раиси Маҷлиси Миллӣ — писараш Рустами Эмомалӣ, раҳбари Дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳур — духтараш Озодаи Раҳмон, сарвазири Тоҷикистон — қудояш Қоҳир Расулзода ва вазирони дохилаву дифоъ Рамазон Раҳимзодаву Шералӣ Мирзо хайрухуш мекунад ва аз зинаҳо ба ҳавопаймои $92-миллионӣ боло меравад.