Рубрики Хабарҳо

Насаби тоҷикӣ, сабти аснод ва мушкили 13 солаи он

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо тасвиби тарҳи ислоҳи қонуни муқаррароти сабти асноди шаҳрвандони ин кишвар, бардоштани пасвандҳои русӣ аз номи хонаводагии тоҷиконро осонтар кард. Ин аввалин тасмими мақомот дар ин самт нест, 13 сол аст, ки идома дорад, аммо аз ҷой ҳаракат накардааст.

Музаффар Ашӯриён, вазири адлияи Тоҷикистон ҳангоми ироаи ин тарҳ дар Маҷлиси намояндагон гуфта, ки ҳадаф аз ин иқдом, шитоб бахшидан ба раванди ҳазфи пасвандҳои русӣ аз номи хонаводагии тоҷикҳост. 

Вай таъкид кард:  «Агар қаблан раванди баррасии дархости шаҳрвандони Тоҷикистон барои ҳазфи пасвандҳои русӣ аз номи хонаводагии онҳо се то шаш моҳ замон мебурд, акнун бо ислоҳи ин қонун ин муддат байни як то якуним моҳ тӯл хоҳад кашид».

Ба гуфтаи муовини вазири адлияи Тоҷикистон, аз соли 2015 то кунун беш аз 178 ҳазор нафар дар Тоҷикистон номи хонаводагии худро бо ҳазфи пасвандҳои русӣ ва истифода аз пасвандҳои форсӣ тағйир додаанд. 

Ҳамчунин тақрибан тамоми вазирон, раисони идораҳои давлатӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру навоҳии Тоҷикистон пасвандҳои русиро аз номи хонаводагии худ ҳазф кардаанд. 

Дар ин миён танҳо Саидмуъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Ёдгор Файзов, раиси вилояти Бадахшон ҳамчунон номи хонаводагии барҷоймонда аз даврони шӯравиро истифода мекунанд. 

Ин яке аз камтарин иқдомҳои воқеъан миллӣ ва қобили дастгирии ҳукумат аст, ки роҳандозӣ шудааст, аммо чанд мушкил вуҷуд дорад, ки бояд ҳали худро пайдо кунад. Мушкили аслӣ пойдор набудани худи ҳукумат дар тасмимҳояш дар ин самт аст. Барои мисол, моҳи марти соли 2016 насабгузории миллӣ ҳатмӣ шуд ва истифодаи пайвандакҳои русӣ мисли -ов, -ович, -овна манъ гардиданд. Аммо баъди эътирози мақомдорони Русия ба ин қарор, ҳатмияти истифодаи насабгузории миллӣ ба таври ғайрирасмӣ аз байн рафт. Яъне ҳар касе мехост насабашро бо пайвандакҳои русӣ мемонд ва қонун аз тарафи худи мақомот сарфи назар мешуд. 

Эътирози русҳо танҳо бо изҳорорти баъзе мақомоти он тамом нашуд, балки дар сарҳад ва фурӯдгоҳҳои ин кишвар ҳолатҳои фишор ба дорандагони ному насаби тоҷикӣ, ҳатто истирдоди бархе аз онҳо мушоҳида шуданд. Ҳарчанд ин ҳолатҳо саросарӣ набуда, танҳо ба шакли истисноӣ рух медоданд, аммо боис шуданд дар Тоҷикистон ҳазорҳо нафар ба идораҳои қайди аснод барои русикунонии насаби тоҷикии худ муроҷиъат кунанд. Тамоюл ба ҳаде боло рафт, ки мақомот маҷбур ба таъсиси комиссиюн барои омӯзиши сабабҳои он шуданд. 

Аз оғози соли 2018 як гурӯҳи махсуси таъсисдодашуда аз Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон ноҳия ба ноҳия гашта сабаби раванди баргашти шаҳрвандон ба пасвандакҳои русиро омӯзанд. Таҳқиқи гурӯҳи мутахассисони Кумита дар ноҳияи Ёвон, Спитамен, Истаравшан, Шаҳристон, Ашт ва Мастчоҳ нишон додааст, ки аксари онҳое, ки мехоҳанд пасванди “зода”-ву “иён”-ро бо “ов”-ву “ова” иваз кунанд муҳоҷирони корӣ дар Русия ҳастанд. Бештари онҳо гуфтаанд, ки бо насабҳои миллӣ дар Русия дучори мушкили зиёде гаштаанд. 

Ҳамон сол назарпурсиҳо ҳам нишон дода буданд, ки беш аз 60 дарсади пурсидашудагон тарафдори боқӣ мондани пайвандакҳои русии насаб ҳастанд. Ва сабаби асосии ин назарашонро мушкилот бо пулису сарҳадбонони рус номидаанд. Дар гумон аст, ки ҳоло назари шаҳрвандон дар ин масъала тағйир карда бошад. Дар ҳамин ҳол, оморҳое ҳам нашр шуда буданд, ки нафарони зиёде бо насабҳои тоҷикӣ шаҳрвандии Русияро дарёфт кардаанд ва ҳеҷ мушкиле барояшон пеш наомадааст. 

Ба назар мерасад, мушкилсозӣ барои дорандагони насабҳои миллии тоҷикӣ дар Русия як фармони на чандон фарогири мақомоти ин кишвар ба хотири кунд кардан ё ҳатто боз доштани ин раванд будааст. Чун қабл аз соли 2016 ҳам ин мушкил борҳо пеш омадаву сарусадоҳое баланд шуда буданд, аммо дубора хомӯш шуданд. 

Раванди чашмраси тоҷикисозии насаб баъди тасмими раисҷумҳур шурӯъ шуд. Соли 2007  раисҷумҳури Тоҷикистон ба номгузории миллӣ таъкид кард ва исми худро аз Раҳмонов Эмомалӣ Шарипович ба Эмомалӣ Раҳмон табдил дод. Дар пайи ин тасмими раисҷумҳур бархе аз мансабдорони тоҷик низ ному насаби худро тоҷикӣ карданд. Сипас як раванди маҷбурсозии аввал мансабдорон, сипас кормандони оддии буҷавиву кӯдакони навтаваллудшуда шурӯъ шуд. Мансабдорон ё кормандони давлатие, ки намехостанд насабашонро тоҷикӣ кунанд ба “дастгирӣ накардани сиёсати миллии “Ҷаноби олӣ”” муттаҳам ва гоҳе таҳдид ба аз кор ронда шудан мешуданд. Ҳатто гоҳе ин суол ба волидони навзодҳо, ки намехостанд ба фарзандон насаби тоҷикӣ гузоранд ҳам дода мешуд: “Шумо зидди сиёсати ҷаноб ҳастед?” Бархе аз тарси қарор гирифтан дар рӯйхати онҳое, ки “зидди сиёсати давлат” ҳастанд, бидуни хости худ насаби тоҷикӣ гирифтанд.

Аммо зоҳиран мақомоти Русия ба ин маҷбуркуниҳо вокуниши тунде тавассути каналҳои дипломатӣ карданд, ки сарусадоҳо якбора хомӯш шуданд. Ҳатто замоне бархе аз мақомоти идораҳои сабти асноди шаҳвандӣ дар навоҳӣ ин иддаоро доштанд, ки гирифтани насаби тоҷикӣ дубора манъ шудааст ва бояд ҳама дорои насабҳо бо пайвандакҳои -ову — ович бошанд. 

Ҳоло ба наар мерасад ҳукумат роҳи мулоимтаре аз ду дафъаи аввалро пеш гирифтааст. Яъне на ба роҳи фишору маҷбурсозӣ, балки бо роҳи ташвиқ бо сабуктар кардани сабти аснод. Вале оё ин кор шумори хоҳишмандони баргаштан ба насабҳои миллиро бештар хоҳад кард, ҷои шубҳа аст. То замоне, ки ҳукумат масъалаи фишор болои муҳоҷирон бинобар доштани насаби миллиро бо “шарики стратегиаш” ҳал накунад, дар гумон аст хонаводаҳои муҳоҷирдор (ки на камтар аз 80 дарсаданд) ихтиёран рӯ ба тоҷикикунии насабҳояшон оранд. 

Мушкили дигаре, ки дар ин самт ҷой дорад, набудани тартиби муайяни насабгузорист. Ҳар касе насабашро ҳамон гуна, ки мехоҳад интихоб мекунад, яке бо пайвандаки -зода, дигаре -пур, саввумӣ -иён ва ғайра. Ҳамчунин тартиби муайяни интихоби пайвандак ба номи падар ва насаб вуҷуд надорад. Яке пайвандаки -пурро ба номи падару -зодаро ба насаб мегузорад, дигаре баръакс. Коршиносон, аз ҷумла Умед Ҷайҳонӣ чанд тартиби интихоби ягонаи насабгузориро пешниҳод карданд, аммо то ҳол аз ҷониби мақомот нодида гирифта мешавад. 

Аммо мушкиле ҳам вуҷуд дорад, ки ҳазорҳо нафарро маҷбур ба иваз намудани ҳуҷҷат ва ворид кардани тағйирот дар ном ё насаб мекунад — хатонависии масъулини идораҳои сабти аснод, шӯъбаҳои шиносномадиҳӣ ва ғайра. Ҳолатҳое, ки хатое дар ном, насаб ё номи падар ва ҳатто дар санаи таваллуди шаҳрвандон меравад, хеле зиёд аст. Ин хатоҳои ба гуфтаи худи кормандон “техникӣ”, аммо дар асл грамматикии онҳо боиси пеш омадани мушкилоти зиёде ба шаҳрвандон бинобар фарқ дар ҳуҷҷатҳо мешавад. Масалан яке насабаш дар зоднома Насриддинов бо ду Д аст, аммо дар шиноснома бо як Д. Вақте ин нафар ҷое ҳуҷҷат месупорад, ба хусус дар хориҷ, бинобар фарқ дар онҳо қабул намекунанд ё мушкилоти дигаре пеш меоранд. Шаҳрванд маҷбур аст ба кишвар баргардад ва ҳуҷҷатҳояшро иваз кунад.  

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *