Асъор ва иқтисод 03.12.2020
Нархи арз
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз 3 декабр эълон кардааст
Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 100 рубли русӣ барои имрӯз 14 сомониву 83 дирам нишон дода шудааст.
Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро 11 сомониву 30 дирам арзёбӣ кардааст.
Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро аз 13 сомониву 62 дирам тарзёбӣ кардааст.
Аз паи коҳиши қурби рубл нисбати доллар, баъзе асъорҳо рушди назаррас нишон доданд.
Тавре пойгоҳи «Прайм» бо истинод ба коршиноси бозори саҳҳомии «БКС Мир инвестиций» Дмитри Бабин менависад, крони Шветсия фоидаовартарин асъор миёни 36 «бозигар» -и ҷаҳон дар соли равон будааст.
Ба гуфтаи Дмитри Бабин, дар тӯли 11 моҳи охир он дар муқобили доллар беш аз 9% афзоиш ёфтааст.
Коршинос таваҷҷӯҳро ба ҷаҳиши шадиди юани чинӣ ҷалб кард. Ӯ гуфт, ки ҷаҳиши юан дар пайи хабарҳо дар бораи пешсафии роҳбарии демократҳо Ҷо Байден дар интихоботи президентии ИМА суръат гирифт.
Таҳлилгар шарҳ дод, он чизе, ки дар бозори асъор рух медиҳад, хеле тахминист.
Афзоиши талабот ба дороиҳои хавфнок дар интизории оғози эмгузарониҳои оммавӣ алайҳи коронавирус ба назар мерасад, ки бояд ба иқтисод таъсири мусбат расонанд, илова намуд ӯ.
Коршинос тавсия додааст, ки пасандозҳои долларро ба рубл ё дигар асъор табдил надиҳед, зеро ҳолати бозори асъор метавонад тағир ёбад.
Нархи тилло
Баҳои ҳар унс тилло дар муъомилоти субҳи имрӯз миёни бонкҳои Лондон 1836 доллару 48 сент муомила шуд. Ин нишондиҳанда нисбат ба охири ҳафтаи гузашта арзонтар аст.
******
Нархи нафти хом
Нархи миёнаи фурӯши ҳар бушка нафти хоми таҳвили моҳи оянда дар биржаҳои Inter Continental Exchange (ICE) — ICE Brent Crude Futures-и Лондон 47 доллару 98 сент муъомила шуд.
Нархи миёнгаи ҳар бушка нафти хоми таҳвили моҳи оянда дар биржаҳои New York Mercantile Exchange (NYMEX) ва Light Sweet Crude Oil-и Нюйорк 44 доллару 97 сент муомила шуд.
Бонки авруосиёии рушд дар маълумоти охире, ки нашр намуд, кардааст, ки буҳронҳои давра ба давраи энергетикӣ, ки дар маҳдуд кардани истифодаи барқ ба вуыуд меоянд, ба пешрафти иқтисодӣ дар Тоҷикистон таъсири манфӣ мерасонад.
Бонки авруосиёии рушд менависад, камбуди мунтазами барқ дар партави захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ, ки ҷумҳурӣ дар ихтиёр дорад, сурат мегирад.
Қобили зикр аст, ки аввали мавсими тирамоҳу зимистони соли равон пас аз се соли таъмини муътадил бо барқ, сокинони Тоҷикистон боз ба реҷаи маҳдуди интиқоли барқ (лимит) дучор шуданд.
Сарфи назар аз қатъи сартосарии интиқоли барқ дар саросари кишвар ба ҷуз пойтахт, намояндагони ширкати ”Барқи тоҷик” мегӯянд, дар ҷумҳурӣ ҳеҷ гуна маҳдудияти истифодаи барқ ҷорӣ нашудааст.
Ваъи мавҷудаи қатъи интиқоли барқро дар кишвар намояндагони ширкат ба “баргузории корҳои таъмиру барқарорсозӣ дар неругоҳҳои барқи обӣ, хатҳои интиқоли барқ ва зеристгоҳҳои барқӣ” нисбат медиҳанд.
Аммо манбаъҳои наздик ба соҳаи гидроэнергетика маҳдудиятро ба сатҳи пасти ҳаҷми захираҳои об дар обанбори неругоҳҳо рабт медиҳанд, зеро тобистон миқдори зарурии об захира нашуда, бо дархости кишварҳои ҳамсоя дар мавсими обёрӣ партобҳои холии об сурат гирифтанд.
Дар ҳамин ҳол, намояндагони тиҷорати хурду миёна дар минтақаҳо аз қатъи тӯлонии интиқоли барқ шикоят мекунанд, ки бар асари он комилан фаъолият карда натавониста, хисороти зиёд мебинанд.
Бино ба маълумоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, ҷумҳурӣ дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ (527 млрд кВт/соат дар як сол) мебошад, ки ҳамагӣ ҳудуди 5%-аш истифода мешавад.
Тоҷикистон аз нигоҳи имконоти гидроэнергетикӣ пас аз Чину Русия, ИМА, Бразилия, Зоир, Ҳиндустон ва Канада зинаи 8-ум, дар паҳнои пасошӯравӣ (пас аз Русия) — зинаи 2-юм ва дар Осиёи Марказӣ — зинаи аввалро ишғол мекунад.
Айни замон ҳудуди 95%-и барқ дар ҷумҳурӣ дар неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешавад. Захираҳои асосӣ дар ҳавзаи дарёҳои Панҷ, Вахш, Кофарниҳон ва Зарафшон мутамарказ шудааст.
Вазири сохтмон ва манзилию коммуналии Русия Ирек Файзуллин бо сафири Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Имомуддин Сатторов зарурати таҳияи созишномаро дар бораи воридоти муташаккилонаи мутахассисон дар соҳаи сохтмон баррасӣ кард.
Тавре дафтари матбуотии Вазорати сохтмони Русия иттилоот додааст, оид ба таҳияи механизмҳои ҳамкориҳои минбаъда дар доираи созишномаи баимзорасидаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия оид ба ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кори муваққатӣ дар Федератсияи Россия мубодилаи муфассали афкор сурат гирифтааст.
Гуфта шудааст, ки пас аз қатъ шудани кор дар сохтмонҳо дар баҳор, бисёр муҳоҷирони меҳнатӣ ба ватани худ рафтанд. Ҳоло онҳо ба далели баста будани марзҳо наметавонанд ба Русия баргарданд. Бинобар, дар охири моҳи октябр, бино ба як пажӯҳиши Маркази Тадқиқоти Стратегӣ, 40 дар сад ширкатҳое, ки одатан муҳоҷирони меҳнатӣ кор мекунанд,ба норасоии нерӯи корӣ дучор шудаанд.