Categories Хабарҳо

МУҲАММАД АЛӢ

17 январи соли 1942 дар шаҳри Луисвили иёлоти Кентукки, соҳибхоназан  Одесса Клэй писаре ба дунё овард, ки баъдтар варзишгари номӣ шуду дар олам маълум гардид. Писаракро ба ифтихори падари рассомаш Кассиуси хурдӣ номгузорӣ карданд, аммо тахаллусе, ки сари шӯҳрат омаду ҳамагон бо он мешиносанд, Муҳаммад Алӣ аст. Вай ихтиёран номи Муҳаммад Алиро ба худ гирифт ва дар соли 1964 дини исломро қабул кард. Бо ин ном ӯ акнун дар таърихи ситораҳои муштзани ҷаҳон барои ҳамеша дарҷ гардид. Додари ду сол кӯчактари  Кассиус Рудолф низ бо баробари пазируфтани дини ислом номи худро бар Раҳмон Алӣ табдил карда буд. 

Дар оила  миёнаҳолона умр ба сар мебурданд, ҳарчанд шароити зиндагии одамони сафедпӯст аз  сиёҳон фарқ мекард. Падари оила зиндагии худро бо касби мусаввирӣ пеш мебурд, модар дар ҳонаводаҳои сарватманди сафедпӯстон бо корҳои тозагӣ ва пухтупаз машғул буд. Буҷаи хонавода сарфа шуда, ҳатто барои хариди як хонаи дигар дар минтақаи зисти сиёҳпӯстон ҳам расида буд.  

Даврони кӯдакиву наврасиаш дар як муҳити нобаробарҳуқуқии инсоният паси сар шуд. Ҳанӯз даҳсола буд, ки эҳсос мекард, сафедпӯстон нисбати онҳо бо назари паст менигаранд ва борҳо шабона бо чашмони сиришколуда мехобид. Ҳарчанд гоҳ-гоҳ бо як бобои ирландии сафедпӯсташ ифтихор мекард, аммо бештари ҳолат сафедон дар назараш чун ғуломдорони золим намудор мешуданд. Боре дар 12-солагиаш дучархаи ӯро рабуда буданд. Ӯ хост дуздонро ҷазо диҳад. Дар ин асно бо як  пулиси сафедпӯст вохӯрд, ки мураббии бокс Ҷо Мартин буд. Пулис барояш оқилона қайд кард, ки “пеш аз он ки касеро латукӯб кунӣ, бояд аввал инро омӯзӣ.” Аз ҳамон вақт Кассиюс ба омӯзиш шурӯъ кард, ки дар ин роҳ додарашро ҳам ҳамроҳаш гирифта буд.  

Кассиусро омӯзонидани асрори варзиш осон набуд, зеро доимо  худро аз дигарон пурзӯртар мегумошту хеле баланд фарёд мекард. Ман варзишгари беҳтарин ва қаҳрамони ояндаам мегуфт. Дигар мураббиён  борҳо аз кирдораш ноҳинҷор шуда, дар ӯ иқтидори хосеро эҳсос ҳам накарда, борҳо аз толори машқ меронданд. Аммо боз ҳам бармегашт.  

6 ҳафта пас аз оғози машқҳо, миёни омӯзандагон мусобиқае баргузор шуд, ки ба навор гирифта, тариқи симои маҳаллӣ намоиш доданд. Кассиус ҳам иштирокчӣ буд. Бо вуҷуди норасоии таҷриба, Муҳаммад Алӣ рақиби сафедро ғалаба кард ва аз ғояти хурсандӣ пеши камераи наворбардор фарёд зад, ки  ӯ боксчии бузург хоҳад шуд. Ана аз ҳамин лаҳза кори воқеӣ аз болои худаш оғоз ёфт. 

Соли 1956 ӯ дар мусобиқае бо номи “Дастпӯшакҳои тиллоӣ” ҷойи аввалро гирифт. Ин қадами устуворе буд барои дастовардҳои бузурги ояндаи варзишгар.  Дар ҳалқаҳои ҳаводорон, ки ба забони русӣ (Любителский ринг) мегӯянд 100 бор ғалаба ба даст оварду 8 маротиба мағлуб шуд. Аммо ҳамин нуктаро ҳам бояд қайд кунем, ки муштзани ҷавон дар фарогирии улуми мактаб завқи дурусте надошт. Танҳо ғолияти пайдарпай ва бардоштани обрӯйи мактабашро ба назар гирифта, директори мактаб кӯшиш кардааст, ки ин камбудии варзишгарро рӯйпӯш кунад. Ҷойе худи ӯ ҳам қайд кардааст, ки то ба охири таҳсил  дар қироати матн мушкилӣ дошт.  

Соли 1960, Кассиус  ба орзуи деринаи чандинсолааш расид, яъне ӯро барои иштирок дар  Олимпиада даъват карданд. Усули хоси ҷангии Кассиус на ба ҳама писанд буд. Ӯ гӯё дар атрофи рақибаш мерақсиду худнамоӣ мекард ва аз ин ҳолат танқидҳо ҳам кам набуданд. 

Фишори зарбаҳои бошиддати боксчиро метавонист танҳо ҳароси парвоз дар тайёра боздорад. Бале, ин боксчӣ боре хост аз парвоз ба Рим, ки он ҷо бозиҳои олимпӣ баргузор мешуд,  даст кашад. Аммо хуб шуд, ки каме ҷуръат пайдо карду аз эҳтиёт парашют ҳам гирифт ва бо итминон то финали мусобиқа баромад. Дар он ҳарифи лаҳистонӣ Збигнев Петшиковскийро  мағлуб кард ва медали тилло ба даст овард. Падараш бо паёмадҳои писар хеле ифтихорманд буд ва боре пешорӯяш қадамҷояшро бо ранги парчами ИМА ранг мекард. Аммо, дар зодгоҳаш ҳеҷ чиз тағйир намеёфт. Ва вақте ки қаҳрамон бо медали тиллоӣ ба қаҳвахонаи маҳаллӣ расид, ки дар он ҷо ҳанӯзам ба сиёҳпӯстон назари дуруст надоштанд,  аз хизмат ба қаҳрамон даст кашиданд.

Муҳаммаад Алӣ ба бокси касбӣ соли 1960 сани 11-уми октябр шурӯъ кард. Дар оғоз барои худ 11 нафар мененҷерро таъин намуда буд. Қувваозмоии ду боксчӣ Муҳаммад Алӣ ва Танни Хансекер барои ноил шудан ба унвони Қаҳрамони ҷаҳон ташкил шуда буд. Дар ин сабқат низ ғалаба насиби Муҳаммад Алӣ гардид. Яъне акнун ӯ чемпиони ҷаҳон гардида буд. Баъдтар барои омӯзиши бештари соҳаи худ ба Маямӣ  назди мураббӣ Анҷело Данди омад. 

Клэй на танҳо дар варзиш мураббиёнро меҷуст. Ибтидои солҳои 60-ум замони ҷустуҷӯи рӯҳонии ӯ буд. Соли 1962, вай бо Муҳаммад ном  роҳбари ҷамъияти “Миллати ислом” мулоқот кард ва узви ин созмон шуд, ки дар ояндаи зиндагияш таъсири назаррасе гузошт.

Дар соли 1962 муштзан  Муҳаммад Алӣ 5 пирӯзиро бо натиҷаи нокаут ба даст овард.  55 000 нафар барои тамошои ҷанги байни Муҳаммад Алӣ ва Ҳенри Купер ба саҳна омада буданд ва ин ҷо ҳам ғалаба ҷониби Муҳаммад Алӣ буд.

 Бозии байни Алӣ ва Листон бисёр диданӣ, аммо таҳаммулталабу душвор буд. Дар даври чорум  гематомаи ҷиддӣ пайдо шуду чашмони Алӣ аз дидан бозмонданд, пеши назарашро тирагии бузурге фарогирифт. Аммо мураббӣ бо  ворид шудан ба ринг исрор кард, ки сабқат идома меёбад. Ин кори мураббӣ дуруст ҳам буд, зеро биниши ӯ баргашт ва боксчӣ Муҳаммад Алӣ қаҳрамони ҷаҳон бо вазни бузург гардид. 

Дар солҳои минбаъда, Муҳаммад Алӣ 5 маротиба Боксчии сол гардид ва сазовори унвони на танҳо “Боксгари даҳсола”, балки аср шуд. Дар аввали солҳои 90-ум, ӯ ба Толори шӯҳрати байналмилалии бокс шомил мешавад, то абад чун як қаҳрамони  варзишӣ номаш боқӣ монд.

Соли 1984 ба Муҳаммад Алӣ ташхиси даҳшатовар – бемории Паркинсон гузоштанд.  Ӯ торафт аз шунидан мемонд ва сухан гуфтанаш ҳам душвортар мегардид. Ин бемории табобатнашаванда натиҷаи зарбаҳои дар давоми фаъолияти муштзанӣ бардоштаи ӯ буд. Ҳарчанд ҷисмаш  азоб мекашид, аммо ақли ӯ бетағйир мемонд ва дилаш меҳрубон буд ва варзишгар барои кӯмак ба одамон доимо омода буд. Дар корҳои хайриявӣ камари ҳиммат баста буд. 

Дар боби издивоҷ бошад, Муҳаммад Алӣ чор маротиба оиладор шуда буд. Аз ҳамсари якумаш бо сабаби дини исломро напазируфтани зан ҷудо шуд. Ҳамсари дуюмаш Белинда Бойд чор фарзанд ба дунё овард. Аммо одамони машҳур дар оиладори кам устуворанд. Бо сабабҳои муайяне аз ӯ ҳам ҷудо шуд. Соли 1977 бо Вероника Порш оиладор шуд ва ин издивоҷ 9 сол идома ёфт. Боз ҳам як муддати кӯтоҳ безан монду бо Иоланте Уилямс оиладор шуд ва писаракеро гирифта ҳамроҳ ба воя расониданд.  

Муҳаммад Алӣ бо бемории паркинсон 32 сол мубориза кард ва солҳои охир борҳо, ҳар гоҳ, ки ҳолаш бад мешуд, дар бемористон бистарӣ мешуд. Бо вуҷуди ин дар тамоми солҳои бемориаш дар маросимҳо ширкат меҷуст ва дар ҳар боб ақидаи худро баён мекард.  Дар боби сиёсат низ афкори худро кушоду равшан ва беҳарос баён мекард. Боре Доналд Трамп дар яке аз суханрониҳои муноқишабарангези худ гуфт, бояд вуруди мусулмонон ба хоки Амрико мамнуъ эълон шавад. Баъд аз он Муҳаммад Алӣ бар зидди Доналд Трамп баёнияи сарзанишомез мунташир сохт ва дар он аз Трамп интиқод кард.

Авохири моҳи майи соли 2016 қаҳрамони бокси ҷаҳонӣ фавран дар беморхона бистарӣ карда шуд. Он ҷо сабаби ҳузураш дар пайдо шудани душворӣ дар роҳи нафасаш буд, аммо ин ҳолат дер давом накард. Чанд рӯзе пас санаи 4-уми июни соли 2016 дар синни 74 солагӣ аз олам гузашт. 

Ҷорҷ Формен-муштзани сангинвазни ҷаҳон ва яке аз рақибони Муҳаммад Алӣ дар майдони муштзанӣ, баъд аз даргузашти вай дар сафҳаи Твиттери худ чунин навишт: “Як қисми бадани ман аз ман канда шуд, рӯҳат шод бод!”

Соима Саидӣ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *