Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон мегӯянд, дар натиҷаи муноқиша дар марз бо Қирғизистон ду шаҳрванди Тоҷикистон ва як шаҳрванди Қирғизистон захмӣ шудаанд.
Дафтари матбуоти Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон шоми 8 май хабар дод, ки муноқиша мавзеи сарҳадии Кумазори ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи ноҳияи Исфара ҳаммарз бо вилояти Бодканди Қирғизистон ба вуқӯъ пайвастааст.
Дар баёния омадааст, ки “Сабаби муноқиша аз ҷониби шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон худсарона аз худ кардани 4 гектар замини тибқи санадҳои меъёри ҳуқуқӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқдошта мебошад.” Нерӯҳои марзбонии Қирғизистон низ бо нашри баёнияи расмие гуфтанд, ки ҷанҷол сари 50 сотих замине будааст, ки дар маҳаллаи аломатгузориношудае ҷойгир аст, вале дар амал онро шаҳрвандони Қирғизистон истифода мебурданд.
Дар баёния омаадааст, ки “рӯзи 8 май ки маҳаллаи Чек дар вилояти Ботканд тақрибан 40 сокини ин вилоят бо гурӯҳи аз 30 то 40 нафарии сокинони Чоркӯҳи ноҳияи Исфараи вилояти Суғд барои 50 сотих замин ҷанҷол бархоста ва ба сангандозӣ кашидааст.” Ба гуфтаи нерӯҳои марзбонӣ, баъдан садои тирандозӣ аз туфанги шикорӣ ба гӯш расидааст ва марзбонони тоҷику қирғиз барои пароканда кардани ҷанҷол ба ҳаво тир андохтаанд. Марзбонони тоҷик ҳамтоёни қирғизи худро ба иғвогарӣ муттаҳам карда ва гуфтаанд, ки онҳо ба ҷойи он ки аз муноқиша пешгирӣ кунанд, “нақши иғвогарона бозида, ба сӯйи шаҳрвандони бесилоҳи Тоҷикистон аз яроқи оташфишон тир холӣ карданд. Дар натиҷа, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон Фозилов Фазлиддин, соли таваллудаш 1983 ва Шарипов Айёмиддин, соли таваллудаш 1971 сахт захмдор гардиданд.”
Нерӯҳои марзбонии ҳарду кишвар гуфтаанд, ки баъди чораҷӯии ҳарду тараф аз васеътар шудани муноқиша ҷилавгирӣ ба амал омад ва гуфтугуҳо барои ба эътидол овардани вазъ идома дорад.
Сообщение ПАЁМ.net.