ва алоқаи даъвати эшон бо даъватҳои пешинаи осмонӣ
Муҳаммад (с) охирини паёмбарон буда, баъд аз эшон дигар паёмбаре намеояд. Ин масъала аз ҷумлаи умурест, ки мусулмонон бар он иттифоқ кардаанду аз зумраи заруриёти дин шуморида мешавад. Паёмбар (с) дар ин хусус худ фармудаанд: “Масали ман бо дигар паёмбарон шахсеро монад, ки хонае бунёд кардаву онро хубу зебо оро додааст. Вале дар гӯшае аз он ҷойи хиште мондааст. Мардум (барои дидани он омада) дар атрофи он давр мезаданд ва дар тааҷҷуб мегуфтанд: Чаро ин хиштро нагузоштаанд?! Манам ҳамон хишт ва ман охирини паёмбаронам”. (муттафақун алайҳ, бо лафзи Муслим)
Мақоми даъвати Он ҳазрат (с) ва алоқаи он нисбат ба даъвати паёмбарони пешин бошад, чи тавре аз ҳадиси боло фаҳмида мешавад, бар асоси таъкид ва пурра кардан барпо аст. Яъне, даъвати ҳар паёмбар бар асоси ду чиз бунёд шуда буд: якум ақида, дуюм қонунгузорӣ ва ахлоқ. Ақида аз замони зуҳури Одам (а) то охирини паёмбарон Муҳаммад (с) дигаргун нашудааст. Он иборат аз имон овардан ба ягонагии Худо, покшумории Ӯ аз ҳар сифате, ки муносиби Ӯ нест ва имон овардан ба рӯзи Қиёмат, ҳисобу китоб, ҷаннату дӯзах мебошад. Ҳар паёмбар қавми худро ба имон ба ин умур даъват мекард. Ҳар паёмбаре, ки меомад, даъвати нафари аз худаш пеш бударо тасдиқ менамуд ва ба зуҳури нафаре, ки баъди ӯ хоҳад омад, башорат медод. Ҳамин тавр, паёмбарон ба қавму миллатҳои мухталиф пайиҳам зуҳур карданд, то ҳама ҳақиқати ягонаеро, ки барои ба мардум расонидану ба он итоат кунонидани онҳо маъмур шуда буданд, таъкид намоянд. Он ҳақиқат ба Худои ягона итоат кардан буд. Ин нуқтаро Худованд дар китоби худ чунин баён мекунад:
“شَرَعَ لَكُمْ مِنَ الدِّينِ ما وَصَّى بِهِ نُوحاً وَالَّذِي أَوْحَيْنا إِلَيْكَ، وَما وَصَّيْنا بِهِ إِبْراهِيمَ وَمُوسى وَعِيسى أَنْ أَقِيمُوا الدِّينَ وَلا تَتَفَرَّقُوا فِيهِ” [الشورى 42/ 13] .
“Аз дин он чиро, ки Нӯҳро ба (барпо доштани) он фармуда буд, барои шумо низ муқаррар кард. Ва он чи ба сӯи ту ваҳй фиристодем ва он чи Иброҳим ва Мӯсо ва Исоро ба (барпо доштани) он фармудем (ба ин мазмун), ки динро барпо кунед ва аз ҳам пароканда машавед.” (сураи Шӯро, ояти 13)
Гузашта аз ин, ба тасаввури кас рост намеояд, ки дар ақида даъвати паёмбарони ростин байни ҳам ихтилоф дошта бошад. Зеро масоили ақида аз қабили ахбор додан асту ахбор доир ба чизе имкон надорад, ки вобаста ба хабардиҳандаҳо аз ҳам фарқ кунанд, модоме ки ба рост будани хабари ҳар яке аз онҳо қоил ҳастем. Зеро бовар карданӣ нест, ки яке аз паёмбарон омада ба мардум гӯяд, ки Худованд сеюми се аст. Худо аз он чӣ мегӯянд, пок аст. Сипас, баъд аз ӯ паёмбари дигаре ояду гӯяд, ки Худованд ягонаест, ки шарике надорад. Баъд ҳар ду ҳам дар гуфтаҳои худ аз номи Худо содиқ бошанд.
Ин дар бораи ақида буд. Аммо шариат, ки он гузоштани қонунҳоест, ки ҳадаф аз он танзими рӯзгори ҷомеа ва афроди он мебошад, аз ҷиҳати тавру андоза аз зуҳури як паёмбар то зуҳури паёмбари дигар аз ҳам фарқ мекард. Ин аз он ҷиҳат аст, ки аҳкоми шариат аз қабили “иншоъ” аст на ахбор додан ва он чӣ дар садади ихтилофи ақида гуфта шуд, ба ин рост намеояд. Баъдан, ногузир аст, ки пешрафти замонӣ ва ихтилофи миллату қавмҳо аз ҳам дар дигаргуншавии қонунгузорӣ ва ихтилофи он асари худро мегузоранд. Чунки асли пайдоиши қонунгузории шаръӣ бар асоси он чӣ бунёд шудааст, ки манфиати бандагон дар дунёву охират бар он бастагӣ дорад.
Илова бар ин, зуҳури ҳар яке аз паёмбарони пешин ба як миллати алоҳида ва муайяне буд. Бинобар ин, аҳкоми шариат дар доираи маҳдуд тибқи тақозои вазъи ҳамон миллат махсус меомад.
Масалан, Ҳазрати Мӯсо (а) ба қавми Банӣ Исроил фиристода шуданд. Вобаста ба ҳолати Банӣ Исроил дар он замон вазъ тақозо мекард, ки шариати онҳо сахттар ва дар маҷмӯъ бунёдшуда бар асоси “азима” бошад, на рухсат. Вақте ки қарнҳо гузаштанду боз ба ин қавм Ҳазрати Исо (а) фиристода шуданд, барояшон аз шариати овардаи Мӯсо (а) дида шариати сабуктар ва осонтаре оварданд. Бинед, ки Худованд дар ин бора аз забони Исо (а) дар хитоб ба Банӣ Исроил чӣ мегӯяд:
“: .. وَمُصَدِّقاً لِما بَيْنَ يَدَيَّ مِنَ التَّوْراةِ، وَلِأُحِلَّ لَكُمْ بَعْضَ الَّذِي حُرِّمَ عَلَيْكُمْ..” [آل عمران 3/ 50]
“Ва (омадаам) тасдиқкунандаи он чизе, ки аз Таврот пеши дасти ман аст ва (омадаам) то баъзеи он чиро, ки бар шумо ҳаром шуда буд, бароятон ҳалол гардонам.” (сураи Оли Имрон, ояти 50)
Ҳазрати Исо (а) баён мекунанд, ки эшон дар он масъалаҳое, ки вобаста ба умури ақида аст, ҳар он чӣ дар Таврот омадааст, тасдиқ мекунанд ва онро таъкид намуда, мардумро аз нав ба он даъват мекунанд. Вале нисбат ба масъалаи қонунгузории шаръӣ ва аҳкоми ҳалолу ҳаром бошад, маъмур шудаанд, ки дар он баъзе аз дигаргуниҳо ворид намуда, каме осониҳо ҷорӣ кунанд ва қисмате аз сахтиҳоеро, ки дар аҳком буд, бекор созанд.
Бинобар ин, зуҳури ҳар паёмбар шомили ақида ва қонун буд. Вазифаи он паёмбари омада нисбат ба ақида айнан худи ҳамон ақидаро паёмбарони пешин оварда буданд, бидуни тағйиру дигаргунӣ таъкид кардан буду халос. Вале қонунгузорӣ бошад, шариати ҳар паёмбар шариати паёмбари пешинро бекор мекард, ба истиснои он чӣ шариати навомада онро таъйид мекард ва ё дар қиболи он сукут менамуд. Ин гуна андеша тибқи мазҳаби нафароне аст, ки мегӯянд: Шариати пеш аз моён шариати мо ҳам ҳаст, модоме ки чизе наомадааст, ки ба он мухолифат кунад.
Маълум мешавад, ки якчанд дини осмонӣ вуҷуд надорад. Балки шариатҳои осмонии мухталиф мавҷуданд, ки ояндаи он гузаштаашро бекор карда, ниҳоят шариати осмонии охирин барқарор шуд, ки тибқи тақозои ҳикмати Худо таблиғгари он охирини тамоми паёмбарон ва ҳамаи расулон шуданд.
Аммо дини ҳақ бошад, яктост. Ҳама паёмбарон аз Одам (а) то ба Муҳаммад (с) баҳри даъват ба он омадаанд ва мардумро барои гаравидан ба он амр кардаанд. Бешак, он Ислом аст.
Дине, ки Иброҳиму Исмоил ва Яъқуб (а) онро оварда буданд. Худо дар ин бора мефармояд:
“وَمَنْ يَرْغَبُ عَنْ مِلَّةِ إِبْراهِيمَ إِلَّا مَنْ سَفِهَ نَفْسَهُ، وَلَقَدِ اصْطَفَيْناهُ فِي الدُّنْيا وَإِنَّهُ فِي الْآخِرَةِ لَمِنَ الصَّالِحِينَ، إِذْ قالَ لَهُ رَبُّهُ أَسْلِمْ، قالَ أَسْلَمْتُ لِرَبِّ الْعالَمِينَ، وَوَصَّى بِها إِبْراهِيمُ بَنِيهِ وَيَعْقُوبُ يا بَنِيَّ إِنَّ اللَّهَ اصْطَفى لَكُمُ الدِّينَ فَلا تَمُوتُنَّ إِلَّا وَأَنْتُمْ مُسْلِمُونَ” [سورة البقرة 2/ 130- 132]
“Ва кист, ки аз миллати Иброҳим рӯ бигардонад, ба ҷуз он кас, ки нафси худро (аз рӯи нодонӣ) нашинохт? Ва ба дурустӣ ки дар ин дунё ӯро баргузидем ва албатта дар дунёи дигар ӯ аз шоистагон аст. Он гоҳ, ки Парвардигораш ба ӯ гуфт: «Фармонбардор шав». Гуфт: «Ба Парвардигори оламиён фармонбардор шудам». Иброҳим писаронашро ва Яъқуб (низ фарзандонашро) ба ин калима васият карданд: «Эй фарзандони ман, ҳамоно Худо барои шумо ин динро баргузидааст, пас, аз ин ҷаҳон наравед, магар (ин, ки шумо) мусулмон шуда [бошед]». (сураи Бақара, оятҳои 130-132)
Дине, ки Мӯсо (а) ба Банӣ Исроил оварда буданд. Худо аз забони соҳирони Фиръавн чунин мефармояд:
“قالُوا إِنَّا إِلى رَبِّنا مُنْقَلِبُونَ، وَما تَنْقِمُ مِنَّا إِلَّا أَنْ آمَنَّا بِآياتِ رَبِّنا لَمَّا جاءَتْنا رَبَّنا أَفْرِغْ عَلَيْنا صَبْراً وَتَوَفَّنا مُسْلِمِينَ” [سورة الأعراف 7/ 125- ]126
“Гуфтанд: «Ба дурустӣ ки мо ба сӯи Парвардигори худ бозгашткунанда ҳастем. Ва аз мо интиқом намегирӣ, магар ба хотири ин ки ба нишонаҳои Парвардигори хеш – чун ба мо омад – имон овардем. Эй Парвардигори мо, бар мо шикебоӣ бидеҳ ва дар ҳоле, ки мусулмон бошем, моро бимирон». (сураи Аъроф, оятҳои 125-126)
Дине, ки Исо (а) оварда буданд. Худованд дар ин бора мефармояд:
“فَلَمَّا أَحَسَّ عِيسى مِنْهُمُ الْكُفْرَ قالَ مَنْ أَنْصارِي إِلَى اللَّهِ؟ قالَ الْحَوارِيُّونَ نَحْنُ أَنْصارُ اللَّهِ آمَنَّا بِاللَّهِ وَاشْهَدْ بِأَنَّا مُسْلِمُونَ” [سورة آل عمران 3/ 52]
“Пас, он гоҳ, ки Исо дар қавми худ куфрро дид, гуфт: «Ёридиҳандагони ман ба сӯи Худо кистанд?» Ҳавориён гуфтанд: «Мо ёридиҳандагони Худоем, ба Худо имон овардем ва гувоҳ бош, ки мо фармонбардорем.” (сураи Оли Имрон, ояти 52)
Шояд касе мепурсад, ки “Чаро касоне, ки мансубияти худро ба Мӯсо (а) даъво мекунанд, пойбанд ба ақидаи хосе мебошанд, ки аз ақидаи тавҳиде, ки дигар паёмбарон овардаанд, фарқ мекунад?” ва ё “Чаро касоне, ки пайравӣ аз Исо (а)-ро иддао доранд, ақидаи махсуси дигар доранд?”.
Ба ин гуна саволҳо посух ҳамон оятест, ки Худо дар китобаш овардааст:
“إِنَّ الدِّينَ عِنْدَ اللَّهِ الْإِسْلامُ وَمَا اخْتَلَفَ الَّذِينَ أُوتُوا الْكِتابَ إِلَّا مِنْ بَعْدِ ما جاءَهُمُ الْعِلْمُ بَغْياً بَيْنَهُمْ” [سورة آل عمران 3/ 19]
“Ба дурустӣ ки дин(-и мӯътабар) назди Худо Ислом аст. Ва аҳли Китоб аз рӯи ҳасад дар миёни хеш ихтилоф накарданд, [яъне: дар қабули Ислом] магар баъд аз он, ки ба онҳо дониш омад[яъне: ҳақиқати ҳолро донистанд]. Ва ҳар ки ба оятҳои Худо кофир бошад, пас, ҳамоно Худо Зудҳисобкунанда аст.” (сураи Оли Имрон, ояти 3)
Зеро ҳамаи паёмбарон он Исломеро овардаанд, ки дин назди Худо ҳамон аст. Аҳли Китоб ягона будани динро медонанд, боз медонанд, ки паёмбарон ҳама барои тасдиқи якдигар дар он дине, ки овардаанд, омадаанд. Онҳо ҳақ надоштанд, ки ба ақидаҳои мухталиф ва гуногун ҷудо шаванд. Вале ҷудо шуданд, аз номи паёмбаронашон чизҳоеро бофтанд, ки онҳо нагуфта буданд. Бо вуҷуди он, ки онҳо дар ин бора маълумоти кофӣ доштанд, вале аз рӯйи буғзу ҳасад, чи тавре ки Худо мегӯяд, чунин карданд.
Сообщение ПАЁМ.net.