Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 25-уми апрел дар як машварати корӣ бо масъулини ниҳодҳои давлатӣ ва роҳбарони лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар бахши энергетика, талафоти нерӯи барқ ва истифодаи ғайриқонунии онро як масъалаи ҷиддӣ ва ташвишовар хонд.
Ба иттилои хадамоти матбуоти раиси ҷумҳур, дар ин ҷаласа роҳҳои кам кардани талафоти барқ баррасӣ шуда, таъкид гардид, ки бо ҳадафи назорат ва баҳисобгирии дурусти нерӯи барқ Оҷонсии назорати энергетика таъсис дода шудааст.
Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кул ва Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ, дар ҷаласа гузориш додаанд, ки барои ошкор ва ба ҷавобгарӣ кашидани вайронкунандагони қоидаҳои истифодаи барқ чораҳои ҷиддӣ андешида мешавад.
Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ масъулинро муваззаф кард, ки ҷазои истифодаи ғайриқонунии барқ ва напардохтани маблағи онро ба ҳар як хонавода фаҳмонанд. Вай гуфт:
“Ҳама бояд хуб донанд, ки минбаъд барои истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ва напардохтани маблағи он ҷавобгарии ҷиноятӣ, аз ҷумла маҳрум намудан аз озодӣ то муҳлати 10 сол муқаррар шудааст.”
Раиси ҷумҳур инчунин гуфт, ки барои коҳиши талафоти барқ дар чанд соли ахир се лоиҳа бо арзиши умумии 1,1 миллиард сомонӣ амалӣ гардидааст ва иҷрои се лоиҳаи дигар ба маблағи 2,9 миллиард сомонӣ идома дорад.
Ба иттилои ӯ, дар ҳоли ҳозир дар самти энергетика 20 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 1 миллиарду 653 миллион доллар дар Тоҷикистон ҷараён дорад.
Ёдовар мешавем, пешниҳоди ҷорӣ кардани ҷавобгарии ҷиноятӣ барои истифодаи ғайриқонунии барқ ва саркашӣ аз пардохти маблағи он баъди интиқоди шадиди Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси ҳукуматӣ сурат гирифт. Дар пайи ин, 2-юми апрел вакилони Маҷлиси намояндагон ва 11-уми апрел вакилони Маҷлиси миллӣ лоиҳаи тағйирот ба Кодекси ҷиноятиро қабул карданд ва раиси ҷумҳур онро ба имзо расонд.
Бар асоси қонуни нав, шахсоне, ки барқро ғайриқонунӣ истифода мебаранд ва пули онро намепардозанд, метавонанд аз 27 ҳазор то 90 ҳазор сомонӣ ҷарима шаванд ё аз 3 то 10 сол маҳрум аз озодӣ гарданд.