Рубрики Хабарҳо

Пандемӣ дар Тоҷикистон ба арзиши хидматрасонӣ таъсир расондааст

Мақомоти Тоҷикистон мегуянд, пандемии ҷаҳонии коронавирус дар кишвар ба шумораи ҷойҳои нави корӣ таъсир нарасонд, балки ба арзиши хидматрасонии кормандон дар бозори дохилӣ таъсир расонд

Тибқи иттилои Агентии омори ҷумҳурӣ аз аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон дар корхонаю ташкилотҳои мухталиф беш аз 24600 ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шудаанд.

Ҳамин тариқ, дар пасманзари пандемии коронавирус шумораи бекорон дар Тоҷикистон қариб 1 дар сад коҳиш ёфтааст.

Тибқи маълумоти Агентии омор, беш аз 15700 ё 64 дар сади тамоми ҷойҳои нави корӣ барои одамон доимӣ мебошанд.

Дар баробари ин, боз 3700 ҷойҳои корӣ барқарор карда шуданд.

Айни замон, дар мақомоти меҳнатӣ шумораи расмии бекорони ба қайд гирифташуда 51500 нафарро ташкил медиҳад. Ин, дар навбати худ, нисбати нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2019 0,9 дар сад камтар аст.

Дар маҷмӯъ, аз оғози сол дар мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон беш аз 75 ҳазор нафар сабти ном шудааст. Тибқи маълумоти Агентии омор, ин нишондиҳанда, нисбат ба як соли пеш 3,2 дар сад камтар аст.

Коршиносон қайд мекунанд, ки пандемияи коронавирус ба бозори меҳнат таъсири манфӣ расонидааст ва бинобар баста шудани сарҳадҳо замони авҷи рафтани муҳоҷирони меҳнатӣ аз баҳори соли 2020, аксари онҳо натавонистанд ба кор раванд ва маҷбур шудаанд барои дарёфти қути лоямут ҳарчи ҳам бошад дар ватан ҷои кор пайдо кунанд.

Ин ҳамзамон ба паст шудани арзиши хизматрасонӣ барои коргарон дар бозори дохилӣ таъсир расонид.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *