Комисиюни марказии интихоботи Қирғизистон имрӯз, 6 октябр эълон кард, ки натоиҷи интихоботи порлумонии ду рӯзи қаблро бекор кардааст. Пирӯзии ҳизбҳои ҷонибдори ҳукумат дар ин интихобот боиси хушунат дар кишвар шуд, ки дар натиҷа эътирозгарон бинои ҳукумату парлумон ва Кумитаи амнияти миллиро тасарууф кунанд.
Мухолифон талаб доштанд натоиҷи интихобот бекор карда шавад. Раисҷумҳури Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков ҳам дирӯз гуфта буд, дар сурати пайдо шудани зарурат Комисиюни интихобот натиҷаҳои онро бекор карда, интихоботи нав баргузор мекунад.
Ҷеенбеков имрӯз бо нашри изҳороте аз мухолифон хоҳиш кард ба бетартибиҳо хотима диҳанд. Қаблан бархе аз намояндагони мухолифин гуфта буданд раисҷумҳури Қирғизистон аз қудрат канор зада шудааст, аммо имрӯз Ҷеенбеков гуфт, вазъияти кишварашро таҳти назорат дорад.
Тибқи иттилоъи расонаҳои маҳаллӣ дар бетартибиҳои шаби гузашта як нафар кушта ва 590 нафар маҷрӯҳ шуданд. Мухолифон мегӯянд Ҷеенбеков аз Бишкек фирор кардааст, аммо Толгонай Стамалиева, сухангӯи ӯ мегӯяд, ки раисҷумҳур дар пойтахт аст ва ба кори худ идома медиҳад. Стаматалиева гуфт, Ҷеенбеков “барои барқарор кардани тартибу интизом дар кишвар тамоми талошашро ба харҷ медиҳад”.
Дар ҳамин ҳол вазири дохилаи Қирғизистон субҳи имрӯз ба ҷои кораш ҳозир нашудаву вазифаи ӯро муовини собиқаш Курсан Асанов, ки мухолифин аз ӯ ҳимоят мекунанд, ба дӯш гирифтааст. Дар ин бора сухангӯи вазири дохилӣ хабар додааст. Асанов соли 2019 аз мақомаш барканор шуда буд.