Categories Хабарҳо

“Қонуни Магнитский” чист, ки мақомоти тоҷик аз он сахт метарсанд?

“Қонуни Магнитский”, ки ба он “Санади ҷаҳонии Магнитский” ва “Листи Магнитский” низ мегӯянд, чист? Киҳоро метавон ба ин лист ворид кард ва механизми он чӣ тавр аст? Кӣ метавонад номи омил ё омилони шиканҷаву фасоди густурдаро пешниҳод кунад? Чаро мақомоти тоҷик аз вуруди номашон ба ин лист метарсанд? Ин қонун нисбати афроди таҳримшуда чӣ паёмадҳое дорад? 

“й” (Global Magnitsky Human Rights Accountability Act) аст, моҳи декабри 2016 тавассути Конгресси Амрико барои таҳрим ва муҷозоти мақомоти кишварҳои хориҷӣ, ки дар нақзи ҳуқуқи башар ва фасод дар ҳар нуқтаи ҷаҳон даст доранд, ба тасвиб расид. 

Таҳрими “Магнитский” паёмадҳои бисёр муассир ва ҷиддӣ ба афроди таҳримшуда дорад, аз ҷумла масдудияти дороиҳо, манъи вуруд ба Амрико, ворид шудан дар листи сиёҳи банкӣ ва ғайра. Илова бар ин, таъсири ин таҳрим дар таомул бо созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои ғарбӣ низ кам нест.

Номи ин қонун ба номи фарде ба исми Сергей Магнитский, шаҳрванди Русия ва ҳуқуқдони рус, рабт дорад, ки бо иттиҳоми имтиноъ аз пардохти молиёт боздошт шуда ва дар моҳи ноябри 2009  дар боздошгоҳе дар Маскав даргузашт.

То кунун дар ин листи таҳрим “Қонуни ҷаҳонии Магнитский” ҳудуди 60 шаҳрванди кишварҳои хориҷӣ, бо шумули Гулнора Каримов, духтари президенти собиқи Узбекистон, ягона шаҳрванди шомили лист аз Осиёи Марказӣ, ворид шудаанд. 

Аз Тоҷикистон, танҳо номи Саймумин Ятимов, раҳбари КДАМ, барои даст доштан аз тариқи масъулияти раҳбарии КДАМ дар шиканҷаи Маҳмадалӣ Ҳаит, муовини зиндонии раҳбари ҲНИТ, дар боздошгоҳи ин ниҳод ва дигар мавориди нақзи ҳуқуқи башар, ба ин лист пешниҳод шуд. Ин пешниҳод аз тарафи 23 созмони бонуфузи байналмилалӣ  моҳи сентябри 2017 матраҳ шуда буд.

Бояд ёдовар шуд, ки ду навъ “қонуни Магнитский” вуҷуд дорад. Аввалини он, “Қонуни Магнитский” (Magnitsky Act) аст, ки моҳи декабри 2012 аз тарафи Конгресси Амрико ба тасвиб расид ва ҳадаф аз он ҷорӣ кардани таҳримҳои визаӣ алайҳи бархе мақомоти Русия мебошад, ки гуфта мешавад дар нақзи ҳуқуқи башар даст доранд. Сипас, ин қонун тавсеа ёфта, соли 2016 навъи дигари он “Қонуни посухгӯии ҳуқуқи башари Магнитский” тавассути ҳамин ниҳоди амрикоӣ ба тасвиб расид, ки омилони нақзи ҳуқуқи башар дар саросари дунёро ҳадаф қарор медиҳад. То кунун, бар асоси навъи аввал, 18 нафар аз мақомот ва шахсиятҳои Русия дар ин лист ворид карда шуданд ва сипас бари асоси навъи дуюм, ки ҳудуди 60 нафар аз кишварҳои ҷаҳон вориди ин листи таҳрим шуданд.

Вақте исми мақомдори давлатӣ ворид шавад, чӣ паёмадҳое дорад?

Паёмадҳои ворид шудани исми мақомдори тоҷик ба листи таҳрими “Қонуни ҷаҳонии Магнитский” ба чанд далел хеле ҷиддӣ аст.

Аввал инки хеле аз мақомоти тоҷик дороиҳояшро барои дарозмуддат ва итмиънони хотир дар дохили кишвар намегузоранд, балки саъй мекунанд, ки дороиҳои худро дар кишварҳои амнтар ва пешрафтаи ғарбӣ мисли Амрико ва кишварҳои аврупоӣ интиқол диҳанд. Вале вақте номҳояшон дар ин листи таҳрим ворид шаванд, бо мушкилоти зиёд рӯбарӯ хоҳанд шуд, зеро номҳояшон дар феҳрасти сиёҳи банкӣ қарор хоҳад гирифт, ки ҳар гуна таомул бо доллари амрикоӣ расман барояш мамнуъ хоҳад буд. Илова бар ин, номҳояшон дар системаи онлайнии бонкҳои Амрико ва теъдоде аз кишварҳоро қарор мегиранд, ки ба ин тартиб, қодир нахоҳанд буд, ки ҳисоби банкӣ боз кунанд ё ҳар гуна муомилаи бонкӣ дар хориҷ аз кишвар кунанд.

Дуюм, фарзандҳои бархе аз мақомоти тоҷик дар кишварҳои ғарбӣ, аз ҷумла Амрикову Аврупо дарс мехонанд ва бархе аз аъзои хонаводаашон низ ба далел мавҷудияти рафоҳияту пешравӣ, ки дар кишвар вуҷуд надорад, дар ин кишварҳо иқомат ва зиндагӣ мекунанд. Зиндагии фарзандҳову аъзои хонаводаи мақомот, ки дар хориҷ аз кишвар ҳастанд, ва доду гирифташон ба таври ҷиддӣ аз ин таҳрим мутаассир хоҳад кард. Бахусус, фишори равонӣ, ки падари онҳо ё наздикашон ба хотири нақзи ҳуқуқи башар ё фасоди қобили мулоҳиза дар ин лист қарор гирифтааст. 

Илова бар ин, ба мақомоти давлатие, ки дар ин листи таҳрим ворид мешавад, дигар визаи Амрико ва агар қаблан виза дошта бошад, пас аз вуруди номаш ба ин лист, визааш ботил мешаавад. Ҳамчунин, ин қонун метавонад судури визаи кишварҳои дигарро низ бо печидагиҳо ва душвориҳое ҳамроҳ созад ва дар ҳамин робита, системаи онлайнӣ, ки дар фурудгоҳҳо вуҷуд доранд, метавонад афроди таҳримшударо мавриди шиносоӣ қарор диҳад. 

Бархеҳо фикр мекунанд, ки таҳрим бар асоси “Қонуни Магнитский” танҳо ба Амрико рабт дорад, ки ин пурра надоруст аст. Қариб ҳамаи кишварҳои ғарбӣ ва демократӣ ва ҳамаи созмонҳои ҳуқуқи башарии байналмилалӣ бо додаҳои ин қонун ба таври ҷиддӣ рафтор мекунанд ва он маълумотро муътамад ва боваринок медонанд. Бархе кишварҳо афродеро, ки дар ин листи таҳрим ворид шуданд, бар асоси ин қонун таҳрим карданд.

Таъсири манфӣ ба ваҷҳаи сиёсии афроди таҳримшуда хоҳад дошт, ки ҳеч шахсияте ё созмони амрикоӣ, аз ҷумла масъулони давлатӣ ва ё созмонҳои кумакрасон бо ин ашхос дидор намекунанд ва тамоюле барои барқарории робита бо ин афрод нахоҳанд дошт.

Киҳо метавонанд номҳоро барои таҳрим пешниҳод кунанд?

Ниҳодҳои мазкур метавонанд асомии афродеро, ки ба ақидаашон омилони нақзи ҷиддии ҳуқуқи башар ва фасоди қобили мулоҳиза ҳастанд, ба президенти Амрико, ки ҳоло ин салоҳият ба Вазири хазонадории Амрико бо машварат бо Вазири умури хориҷаи Амрико ва Додситони кулли ин кишвар вогузор шудааст) пешниҳод намоянд:

  1. Конгресси Амрико. Маълумот оиди омилони нақзи ҳуқуқи башар ба таври муштарак аз тарафи раиси Конгрес ва аъзои аршади ҳар яке аз кумитаҳои ин ниҳод пешниҳод мекунанд ва президенти Амрико (ҳамакнун ин салоҳият ба Вазири хазонадории Амрико бо машварат бо Вазири умури хориҷаи Амрико ва Додситони кулли ин кишвар вогузор шудааст) ин маълумотро ба назар хоҳанд гирифт.
  2. Муовинони Вазири умури хориҷаи Амрико ҳақ доранд, ки номҳои ноқизони ҳуқуқи башарро ба Вазири умури хориҷа барои баҳсу баррасӣ бифиристанд;
  3. Ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ низ ҳақ доранд, ки чунин номҳоро пешниҳод кунанд.
  4. Созмонҳои ғайридавлатӣ, ки мавориди нақзи ҳуқуқи башарро пайгирӣ мекунанд, ҳақ доранд, номҳои афроди дастдошта дар нақзи ҷиддии ҳуқуқи башарро пешниҳод кунанд. Маълумоти муътамади пешниҳодшуда аз тарафи ҳукуматҳои дигар ва созмонҳои ҳуқуқи башари байналмилалиро Президенти Амрико (ҳамакнун ин салоҳият ба Вазири хазонадории Амрико бо машварат бо Вазири умури хориҷаи Амрико ва Додситони кулли ин кишвар вогузор шудааст) мадди назар хоҳад гирифт.

Нақзи ҷиддии ҳуқуқи башар чист? 

Вожаи “нақзи ҷидии ҳуқуқи башар дар қонунҳои Амрико ба таври мушаххас наомдааст, аммо ҳадди ақали онро метавон дар вожаи “нақзи фоҳиши ба расмият шинохташудаи байналмилалии ҳукуқи башар пайдо кард. 

Ин вожа шомили шиканҷа, рафторҳои бераҳмона, ғайриинсонӣ ва ё таҳқиромез, боздоштҳои дарозмуддати бидуни иттиҳом ва муҳокима, боиси нопадид шудани афрод тавассути одамрубоӣ ва боздошти махфиёнаи афрод ва ҳамчунин инкори ошкори ҳаққи зинадгӣ, озодӣ ва амнияти шахсӣ мебошад.

Дар умум, бар асоси “қонуни Магнитский”, ҷиноятҳое чун қатли фароқазоӣ, таҷовуз, шиканҷа ва нопадид шудани иҷборӣ дар нақзи ҷиддии ҳуқуқи башар ворид мешаванд ва ҳамчунин парвандаҳои ҳабс кардан бо ангезаи сиёсӣ метавонад аз ҷумлаи ин ҷиноёт бошад.

Шиканҷа амалест, ки амдан боиси дарду азияти шадид рӯҳӣ ё ҷисмии фарде барои гирифтани иттилооте ё эътирофе ё ба хотири муҷозот ё тарсондан бо ризояти як мақоми давлатӣ мешавад.

Қатли фароқазоӣ қатли амдии фарде аст, ки ӯ мавриди муҳокимаи одилона қарор нагирифтааст ва чунин ҳукме дар мавриди ӯ содир нашудааст. 

Нопадид шудани иҷборӣ он аст, ки вақте мақомоти давлатӣ ё гурӯҳҳои амалкунанда аз тарафи ҳукумат ё бо ҳимоят ё ризояти мустақим ё ғайримустақими ҳукумат шахсе боздошт мекунанд ё дуздӣ мекунанд ё ба тариқи дигар ӯро аз озодӣ маҳрум мекунанд ва илова бар ин, сарнавишт, ё маҳалли нигаҳдорӣ ё маҳрумияти озодиаш ифшо намекунанд ва аз ин тариқ ин шахсро хориҷ аз ҳимояти қонун нигаҳдорӣ мекунанд.

Аз Тоҷикистон номи кадом мақомдор пешниҳод шудааст?

То имрӯз, аз Тоҷикистон номи Саймумин Ятимов, раиси КДАМ барои нақзи ҷиддии ҳуқуқи башар дар замони раҳбарияш, аз ҷумла шиканҷаи Маҳмадалӣ Ҳаит, муовини зиндонии раҳбари ҲНИТ дар боздоштгоҳ пеш аз маҳкум шуданаш ба ҳабси абад ва ҳамчунин шиканҷа нисбати дигар зиндониёни сиёсӣ пешниҳод шудааст. 

Ба гуфтаи манобеъ, қарор аст, номҳои бархе аз мақомоти тоҷике, ки дар нақзи ҷиддии ҳуқуқи башар ва ҳамчунин асомии мақомоти дигар тоҷик, ки дар фасоди қобили таваҷҷуҳе дар кишвар даст доранд, барои таҳрим ва муҷозоташон дар оянда пешниҳод гарданд.

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *