Подшоҳи Арабистон пешшарти ҳар иқдом барои оддисозии робита бо Исроилро ташкили кишвари мустақили Фаластин унвон кард. Малик Салмон дар гуфтугӯи телефонӣ бо раисҷумҳури Амрико аз талошҳои ӯ барои барқарори сулҳ дар минтақа қадрдонӣ кард.
Хабаргузори Рейтерз субҳи душанбе, ҳафтуми сентябр ба нақл аз манобеъи расмии хабарии Арабистон гузориш дод, Малик Салмон ибни Абдулазиз Оли Саъуд ва Дунолд Тромп дар як гуфтугӯи телефонӣ ба баррасии авзоъи минтақа ва роҳкорҳои тақвияти амнияти он пардохтанд.
Подшоҳи Арабистони Саудӣ дар ин гуфтугӯ таъкид карда, ки оддисозии робита бо Исроил бидуни ҳали масъалаи Фаластин ва ташкили як кишвари мустақили фаластинӣ мумкин нахоҳад буд.
Бинобар ин гузориш, Малик Салмон зимни қадрдонӣ аз талошҳои Амрико барои барқарории сулҳ дар минтақа ибрози тамоюл кард, ки бо иҷрои тарҳи сулҳи Риёз, ки соли 2002 ироа шуд, як роҳи ҳали пойдор барои ҳали масъалаи Фаластин шакл бигирад.
Мутобиқи тарҳи Арабистон кишварҳои арабӣ пешниҳод кардаанд ба шарти ақибнишинии Исроил аз тамоми сарзаминҳое, ки дар ҷанги 1967 тасарруф карда ва ташкили як кишвари мустақили Фаластинӣ, оддисозии равобити худ бо Телавивро дар дастури кор қарор диҳанд.
Раисҷумҳури Амрико бо тарҳи мавсум ба «Муъомилаи қарн» талош мекунад ба муноқишаи дерини кишварҳои арабӣ бо Исроил хотима диҳад. Дар ин тарҳ ҳокимияти Исроил бар бахше аз сарзаминҳои ишғолӣ ба расмият шинохта шуда ва аз ин назар кишварҳои арабӣ рӯихуше ба он нишон надодаанд.
Оддисозии робита миёни Аморот ва Исроил
Бо ин ҳама бо миёнҷигарии Тромп ва кӯшишҳои Ҷаред Кушнер, намояндаи вижаи Кохи Сафед дар умури Ховари Миёна, Амороти муттаҳидаи арабӣ кори оддисозии робита бо Исроилро оғоз карда ва интизор меравад тавофуқи ниҳоӣ барои барқарории муносибати дипломатик миёни ду кишвар дар ояндаи наздик ба имзо бирасад.
1 сентябр ва ҳудуди ду ҳафта пас аз эъломи ғайримунтазираи тавофуқи Исроил ва Аморот барои оддисозии равобит, як ҳавопаймои ширкати ҳавопаймоии «Алъол» бо як ҳайати баландпояи исроилӣ ва амрикоӣ пас аз убур аз осмони Риёз дар фурӯдгоҳи байналмилалии Абудабӣ бар замин нишаст.
Арабистон ду рӯз баъд, бо интишори баёнияе бидуни ном бурдан аз Исроил, ба таври расмӣ бо убури ҳавопаймоҳои мусофирбари Исроилӣ аз ҳарими ҳавоии худ мувофиқат кард.
Дар баёнияи Риёз таъкид шуда, ки ҳавопаймоҳои мусофирбари «ҳама кишварҳо» иҷоза доранд дар масири рафту баргашт ба Аморот бидуни ҳеҷ маҳдудияте аз ҳарими ҳавоии Арабистон убур кунанд.
Истиқболи Амрико аз тасмими Риёз дар бораи ҳарими ҳавоӣ
Рейтерз ба нақл аз як сухангӯи Кохи Сафед гузориш дод, ки Дунолд Тромп дар гуфтугӯ бо Малик Салмон аз ин иқдоми Арабистон истиқбол ва ибрози умедворӣ карда, ки дигар кишварҳои арабии ҳавзаи Халиҷи Форс сиёсатҳои мушобеҳе дар пеш гиранд.
Оддисозии равобити кишварҳои арабӣ бо Исроил бахши муҳимме аз стратегияи Иёлоти Муттаҳида ва давлати Дунолд Тромп дар минтақа аст, ки дар он коҳиши нуфузи Эрон низ мадди назар қарор дорад.
Пеш аз ин фақат Миср ва Урдун ба таври расмӣ бо Исроил равобити дипломатик доштанд. Ҷаред Кушнер мегӯяд пас аз Аморот як кишвари арабии дигар дар ҳавзаи Халиҷи Форс низ ба оддисози равобит бо Исроил хоҳад пардохт.
Бархе аз нозирон Баҳрайн ва Уммонро ду кишваре медонанд, ки эҳтимол оддисозии равобиташон бо Исроил дар ояндаи наздик бештар аст. Баҳрайн як рӯз пас аз иқдоми Риёз дар иқдоме мушобеҳ ва бидуни ном бурдан аз Исроил муҷаввизи убури ҳавопаймоҳои исроилӣ аз ҳарими ҳавоии худро содир кард.