Донишҷӯи духоне дар факултаи биолоҷӣ таҳсил мекард, ки на ҳавсала ва на қудрати ҳифзи дарсҳоро дошт. Вале ҳатто номуваффақтарину камсаводтарин нафарон ҳам мавзӯъи дӯстдоштае доранд, ки онро бо ҳавас ва бидуни мушкил ҳифз мекунанд. Барои ин лозим нест, ки ташвиқ ё маҷбур шаванд.
Он донишҷӯ низ аз тамоми мавзӯъҳои дарсии фанни фарогири биолоҷӣ якеро сахт писандидаву ҳарф ба ҳарф ҳифз карда буд. Мавзӯъи шабушк. Ҳама чиз дар бораи шабушкро медонист ва ҳамеша онро бо ҳаяҷону эҳсосоти тамом қисса мекард. Шояд падараш чӯпон буду аз хурдӣ ҳамеша бо шабушк кор гирифта буд.
Ҳамчунин, бо вуҷуди духону дарсгурез будан, корчаллону закӣ буд ва аз ҳар мушкиле ба осонӣ берун меомад. Аз мушкили ҳифзи дарс ҳам. Ҳар гоҳ ба имтиҳон мерафт, ҳар суоле, ки пеш мемад ба самти шабушк мебурд ва ҳамон мавзӯъи шабушкашро ҳарф ба ҳарф, нарезондаю начаконда баён мекард. Масалан агар суол дар бораи гов бошад, мегуфт “говҳо агар дуруст нигоҳубин нашаванд, шабушк пайдо мекунанд. Шабушкҳо бошанд ба ду гурӯҳи бузург ва 16 зергурӯҳ тақсим мешаванд…” Ва ҳамин тавр мерафт ба самти шабушк. Ҳатто агар савол дар бораи қурбоқа ҳам бошад, онро ба самти шабушк мекашонд. Мегуфт “қурбоқаҳо ҳашаротро бо забонашон сайд мекунанд. Аммо онҳо қудрати сайдкунии шабушкро надоранд. Шабушкҳо ба ду гурӯҳи…”
Ҳар коре бо шавқу ҳавас иҷро шавад, зебо мегардад. Чун донишҷӯ ҳам мавзӯъро бо ихлосу муҳаббат ҳифз карда буд, нақлаш ҳамеша зебо мебаромад ва устодон ҳам онро то охир гӯш мекарданду дар дафтарчаи имтиҳониаш баҳое мегузоштанд.
Баромадҳо, суханрониҳо ва табрикоти раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шабоҳати зиёде ба имтиҳонсупории ҳамин донишҷӯ доранд. Раҳмон ҳам як мавзӯъро хуб азхуд кардааст — ба ҳаде, ки ҳатто бе истифода аз қоғаз метавонад онро баён кунад. Чун дар 7-8 соли охир он қадар такрор кардааст, ҳисобаш гум.
Муҳим нест мавъи суханронӣ ё баромадаш чист — киштукор аст ё сатҳи ҷиноят, мактабу маориф аст ё ягона сохтмони кишвар нерӯгоҳи Роғун. Муҳим нест ӯ мардуми кишварашро бо чӣ ҷашне табрик мекунад — ба идҳои Рамазону Қурбон ё иди каду, ба рӯзи пиёзкорон ё ҷашни Истиқлоли кишвар. Муҳим баландгӯяк дар дасташ қарор гираду наворбардор дар муқобилаш. Баъди чаҳор ҷумла зуд мавзӯъро ба самти шабушкаш мебарад — ҷанги шаҳрвандӣ.
Мисли ҳамин рӯз, ки мардуми кишварро ба ҷашни 29-солагии Истиқлолияти кишвар табрик мекард. Ҳамагӣ ду ҷумларо аз қоғаз хонду рафт ба самти мавзӯъи дӯстдоштааш. Ин ҳам иқтибос шурӯъ аз ҷумлаи саввуми табрикоти имрӯзааш:
“Оғози истиқлол ва қадамҳои нахустин дар роҳи бунёди давлати соҳибихтиёри тоҷикон ба давраи бисёр ҳассоси таърихи халқамон рост омад.
Тоҷикистони тозаистиқлоли мо бо гуноҳи хоинону душманони миллати тоҷик ва хоҷаҳои хориҷии онҳо ба зарбаи ҷонкоҳи таърихи худ — ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ гардид.
Дар замоне, ки мо ҳанӯз ҳатто рамзҳои давлати соҳибихтиёри худро надоштем ва мардуми мо дар ҷодаи истиқлолу озодӣ аввалин қадамҳои худро мегузоштанд, хоинони миллат, яъне онҳое, ки имони худро фурӯхта буданд, Тоҷикистонро ба гирдоби мухолифатҳои сиёсӣ ва муқовимати мусаллаҳона гирифтор карданд.
Душманону хоинони миллати тоҷик ва бадхоҳони давлати тоҷикон мехостанд, ки бо зӯри силоҳ, бо роҳи тарсонидан ва қатлу куштори бераҳмона фарҳанги бегонаро ба сари мардуми мо таҳмил кунанд ва дар Тоҷикистон давлати исломӣ бунёд намоянд”.
Мутаассифона ин ҳамаи достони шабушки Раҳмон нест. Балки танҳо муқаддимааш аст. Сипас ӯ меравад ба ин бахш, ки чӣ гуна қаҳрамоне вориди майдон шуду миллатро наҷот дод. Яъне худаш. Дар ҳамин табрикоти имрӯзааш ҳам баъди ба дӯши дигарон бор кардани ҷиноятҳои содирнамудаи худаш гуфт:
“Дар иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олӣ, ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор шуд, дар ин ҷода ва пеш аз ҳама, дар роҳи қатъи хунрезӣ нахустин қадамҳо гузошта шуданд.
Мо бо майлу иродаи халқамон ва эътимод ба ояндаи неки кишварамон тамоми кӯшишу имкониятҳои худро, дар навбати аввал, ба ҳалли мушкилоти ниҳоят сангини ҳаёти давлат ва ҷомеа сафарбар намуда, соҳибихтиёрӣ ва якпорчагии давлатро ҳифз кардем”.
Барои онҳое, ки таърихро намедонанд ё фаромӯш кардаанд ва ҷавононе, ки он замонро ба хотир надоранд ё баъди он таваллуд шудаанд, хотиррасон мекунем, ки дар иҷлосияе, ки Раҳмон мегӯяд, ӯро ба ҳайси раиси Шӯрои Олӣ интихоб карданд ва аз ҳамон рӯз қудрат дар дасташ қарор гирифт.
Он иҷлосия тибқи хулосаи аксари ҳуқуқдонҳо ғайриқонунӣ баргузор гашта, як кудатое буд, ки Ҳукумати муросоӣ миллиро сарнагун ва ба ҷояш дастнишондаи Русияву Ӯзбекистон Эмомалӣ Раҳмоновро мансуб кард. Ва ин тамоми мусибат нест. То он замон дар ҷанги ҳанӯз оғознашудаи шаҳрвандӣ, ки бо задухӯрдҳои гоҳгоҳӣ хулоса мешуд, беш аз чандсад нафар беш набуд ва он ҳам асосан силоҳбадастон кушта мешуданд.
Баъди иҷлосия Раҳмонов бо тӯпу танки хориҷиҳо ва ба гуфтаи дӯсташ Лукашенко “пулемёт дар даст” вориди Душанбе шуд ва ба ҷанги ҳамагири шаҳрвандиву қатли оми мардуми кишвари худаш бо силоҳи бегонагон асос гузошт. Дар он ҷанг, то замоне, ки бархе аз қумондонҳои “Фронти халқӣ” ба даркаш рафтанду шурӯъ ба муқовимат ба гумоштаи хоҷагони хориҷӣ — Эмомалӣ Раҳмонов карданд, ҳазорҳо тоҷики ғаюру худшинос бо барномаи махсус кушта шуданд. Тибқи иттилоъи манобеъи огоҳ сабаби қатли Сангак Сафаров ва Султони Чол ҳамин ба дарки масъала расидани онҳову муқобилият нишон доданашон ба тоҷиккушӣ шудааст. Аммо ин масъалаи дигару бузургтар аст, ки рӯзе ба он бармегардем.
Дар идомаи достони шабушкаш Эмомалӣ Раҳмон ба “дастовард”-ҳое мепардозад, ки дар 28 соли ҳукмрониаш кишвар ба он ноил шудааст. Ин “дастовардҳо” бештар сохтмони роҳу мактабу беморхона аст, ки раисҷумҳур бо фахр онҳоро мисол мезанад, аммо ин тарафашро пинҳон медорад, ки саҳми ҳукуматаш дар ин сохтмонҳо тақрибан баробар ба сифр аст. Роҳҳо бо пули Чину диар қарздиҳандаҳо ва ба бо дасти Чин сохта мешаванд. Мактабу беморхонаҳоро мардум бо пули худаш месозад. Саҳми ҳукумати Раҳмон дар ин сохтмонҳо бо буридани лента тамом мешавад.
Дар табрикоти имрӯзааш ӯ аз бунёди 1600 корхонаи саноатӣ лоф зад, ки дурӯғ андар дурӯғ аст. Аввалн ҳукумати ӯ бунёди як сехи пахтатозакуниро ҳам чун бунёди корхонаи саноати сабти омор мешавад. Инро на ягон расонаи мустақил ё мухолиф, балки нашрияи расмии ҳукумати Тоҷикистон “Ҷумҳурият” .
Дар таҳқиқоти “Ҷумҳурият аз 20-июни соли 2019 омадааст “дар ҷараёни омӯзиши вазъ ва суҳбат бо роҳбарони корхонаҳо як ҳолати ғайричашмдошт ошкор шуд. Аксари корхонаҳои истеҳсолӣ танҳо ба ном вуҷуд доранд, агар хоҷагии деҳқонӣ як таҷҳизоти пахтатозакунӣ («Ҷинка») насб карда, нуқтаи пахтатозакунӣ, ки ҳатто талаботи хоҷагии худро қонеъ карда наметавонад, кушояд ҳам, ба гурӯҳи «корхонаи нави саноатӣ» дохил карда мешавад. На коргоҳанд онҳо, на корхонаи саноатӣ. Аммо дар нозироти андоз ин дастгоҳҳоро зуд ҳамчун ҶДММ ва ё кооперативи тиҷоратӣ ба қайд мегиранд. Гузашта аз ин, бештари соҳибмулкон аз «корхонаи саноатӣ» будани ин нуқтаҳои пахтатозакунӣ, умуман, хабар надоштаанд”.
Раисҷумҳур аз бунёди 1600 “корхонаи саноатӣ” мегӯяд, аммо намегӯяд, ки ҳар сол чанд адад аз онҳо баста мешаванд. Барои мисол тибқи ҳамон таҳқиқоти “Ҷумҳурият” танҳо дар соли 2018 ва танҳо дар Вилояти Хатлон 127 корхонаи саноатӣ аз фаъолият мондааст. Акнун ин рақамро ба тамоми ҷумҳурӣ ва тамоми давари ҳукмронии Раҳмонов зарб занед, ё дар Гугл омори ҳарсолаи корхонаҳои басташударо пайдо кунеду бубинед, ки шумори корхонаҳои таъсисёфта бештаранд ё басташуда. Мо ҳам ҳатман ин корро хоҳем кард.
Соли 2015 вақти ҲНИТ дар Тоҷикистон террористӣ ва мамнӯъ эълон шуд Эмомалӣ Раҳмон зимни як суханрониаш наҳзати исломиро ҳатто ба ақабмонии кишвар дар даврони баъдиҷангӣ низ гунаҳкор кард ва эълон нмуд: “акнун пешравиро тамошо кунед”. 5 сол аст, ки мардум тамошо дорад “пешрави”-ҳоро. Тамошобобтарини ин пешравиҳо ин аст, ки сатҳи зиндагӣ дар ин ду сол ҳади ақал 30 дарсад поён рафт.
Достони шабушки он донишҷӯ аз достони Раҳмонов фарқ дорад. Он донишҷӯ як мавзӯъи илмиро азхуд кардаву бо асноду далелҳои илмӣ ироа мекард ва касе айбе дар он намеёфт. Аммо Эмомалӣ Раҳмон як афсонаи дурӯғине бофтааст ва медонад, ки дурӯғ мегӯяд ва медонад, ки дигарон ҳам медонанд дурӯғ мегӯяд, аммо бидуни хиҷолат ва бо камоли пуррӯӣ ин дурӯғашро дар ҳар суханрониаш такрор мекунад.
Афсонае, ки шуниданаш ҳар дафъа мардумро дилгиртар мекунад.