4 сентябр Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Португалия Марселу Ребелу ди Соуза дар робита ба ҳалокати фоҷеавӣ ва ҷароҳат бардоштани шумораи зиёди одамон бар асари суқути садамавии қатораи кабелӣ барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуд.
«Дар робита ба ин ҳодисаи ғамангез ҳамдардиву таслияти самимии инҷонибро ба Шумо, пайвандону наздикони фавтидагон ва тамоми мардуми Португалия изҳор намуда, ба ҳамаи осебдидагон шифои комил мехоҳам», – омадааст дар барқияи изҳори тасаллӣ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube