Дар чунин шароитҳо вақте дар ҳудуди Русия паёмрасонҳои муқаррарӣ номунтазам фаъолият доранд, алоқа бо хешовандону наздикон боз ҳам муҳимтар шуда истодааст. “МегаФон Life” роҳи ҳалли содда ва дастрасро пешниҳод дорад – зангҳо ва паёмакҳо тавассути SuperApp, ки дар дилхоҳ нуқтаи олам кор мекунад.
Зангҳои ройгон ба тамоми олам
Замимаи мобилии “МегаФон Life” имкон медиҳад, ки зангҳоро байни истифодабарандагони замима новобаста аз макони қарор доштани онҳо ва давомнокии суҳбат ройгон анҷом диҳед. Барои истифода аз хизматрасонӣ кофист, ки SuperApp-ро аз МегаФон Тоҷикистон боргирӣ карда, фаъол намоед. Зангҳои воридотӣ ва содиротӣ дар дохили замимаи “МегаФон Life” ҳангоми мавҷудияти дастрасӣ ба интернет, аз ҷумла Wi-Fi ройгон мебошанд. Агар ҳамсӯҳбати Шумо истифодабарандаи “МегаФон Life” набошад ё муштарии оператори дигар бошад, зангҳо аз замимаи “Life” ба рақамҳои оддии Тоҷикистон (ба операторони дигари ҶТ) ҳамагӣ 0,30 сомонӣ (30 дирам) барои як дақиқа арзиш хоҳанд дошт. Ирсоли SMS аз замима ба GSM дилхоҳ операторони ҶТ – 0,10 сомонӣ барои 1 паёмак.
Танҳо бо зангҳо кор намеанҷомад
“МегаФон Life” дар худ экосистемаи мукаммали хизматрасониҳои рақамиро муттаҳид кардааст:
• паёмрасони ройгон барои табодули паёмакҳо, аксҳо ва видео;
• интиқоли маблағҳо ба 20 давлати Авроосиё;
• танзими пардохтҳои автоматӣ барои хизматрасониҳои коммуналӣ ва қарзҳо.
Барои амалиёти молиявӣ кофист, ки худро дар замима баҳри то ҳадди имкон зуд ва бехатар анҷом додани интиқолу пардохтҳо мушаххас гардонед.
“Имрӯз садҳо ҳазор тоҷикистониён дар Русия кору зиндагонӣ доранд. Барои онҳо нигоҳдории алоқа бо хешовандону наздикон дар Тоҷикистон махсусан муҳим аст. Ҳангоме, ки паёмрасонҳои муқаррарӣ дар Русия фаъолияти худро қатъ карданд, “МегаФон Life” ба воситаи боэътимоди муошират табдил ёфтааст. Бо ёрии замимаи мо муҳоҷирон имкон доранд, ки ройгон ба якдигар занг зананд, паёмакҳо ирсол кунанд ва ба хона маблағ интиқол диҳанд. Бо хизматгузориеро таҳия кардем, ки одамонро бо ҳам муттаҳид сохта, масофаро байни онҳо ноаён мегардонад”, – қайд намуд директори тиҷоратии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Илдар Салихов.
SuperApp-ро худи ҳозир фаъол карда, бо нафарони наздики худ ҳар куҷое набошед, дар алоқа бимонед. Боргирии замима бо суроғаи зерин имконпазир аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube