Рубрики Asia-Plus

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2025


ЧОРАБИНИИ РӮЗИ 8 МАЙ

— Имрӯз дар «Боғи Ғалаба»-и пойтахт бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон маросими гузоштани гулчанбар ба «Оташи абадӣ» ва баъдан паради низомӣ бахшида ба 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ) баргузор мешавад, ки дар он ҳудуди 4,5 ҳазор нафар хизматчиёни ҳарбӣ иштирок мекунанд.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 8 МАЙ

Соли 1954 – Конфедератсияи футболи Осиё таъсис дода шуд. Ба он 47 ассотсиатсияи миллии футболи кишварҳои минтақаи Осиё ва Австралия шомил мешаванд.

Соли 1996 – Сандуқи Байналмилалии Асъор аввалин қарзи худро барои Тоҷикистон ба маблағи тақрибан 22 миллион доллари ИМА тасдиқ кард. Ин қарз барои дастгирии барномаи ислоҳоти иқтисодии ҳукумат то охири соли 1996 пешбинӣ шуда буд. 

Соли 2015 – Дар даври интихобии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2018, мунтахаби миллии Тоҷикистон рамзи худ — шер ва шербачаро муаррифӣ намуд. Ин рамзҳо барои баланд бардоштани рӯҳияи даста ва ҷалби таваҷҷуҳи мухлисон ба футбол истифода шуданд.


Соли 2019 – Тоҷикистон раёсати Форуми САҲА оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи амниятро ба ӯҳда гирифт.  Маросими ифтитоҳи расмии раёсати Тоҷикистон 8 май дар шаҳри Вена баргузор гардид. 

Дар ин давра, Тоҷикистон ба масъалаҳои ҳамкории сиёсӣ-ҳарбӣ дар Осиёи Марказӣ, баланд бардоштани иштироки занон дар равандҳои қабули қарорҳо дар соҳаи амният ва мубориза бо таҳдидҳои силоҳи сабук ва муҳимоти анъанавӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуд. 

Соли 2020 – Шавкат Мирзиёев, Президенти Ӯзбекистон супориш дод, ки як ҳавопаймо ба Душанбе кумакҳои башардӯстона, аз ҷумла 10 тонна таҷҳизоти тиббӣ ва доруҳо, инчунин 8 вирусшинос ва эпидемиологро биёрад.

Соли 2020 – Бо супориши шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ, ширкати дорусозии“Ориёнфарм” доруҳои заруриро аз Ҳиндустон харидорӣ намуда, ба Душанбе овард. Ин иқдом барои таъмини муассисаҳои тиббӣ бо доруҳои зарурӣ дар шароити пандемияи COVID-19 амалӣ гардид.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1961 – Мавлуди Мусаллам Қодирова, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ дар даъвати V.

Соли 1967 — Зодрӯзи Бунафша Одинаева, рӯзноманигор ва собиқ муовини раиси Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва муовини пешини вазири фарҳанги Тоҷикистон.

Соли 1980 — Зодрӯзи Сурайё Ҳакимова, адиб, рӯзноманигор ва шоири тоҷик.

Сурайё Ҳакимова


Сурайё Ҳакимова шуъбаи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Хуҷандро хатм карда, соли 2004 фаъолияти худро дар рӯзномаи “Ҳақиқати Суғд” оғоз карда, то ба мақоми муовини сармуҳаррир расидааст. Аз соли 2008 аъзои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон аст. Ӯ ҳамзамон баъдтар дар кафедраи журналистика ва назарияи тарҷумаи ДДХ ба дарсгӯӣ пардохтааст.

Сурайё Ҳакимова дар филми “Тангно” (Суғдсинамо, 2017) яке аз нақшҳои асосиро бозидааст. Ӯ муаллифи чандин китоби адабӣ ва илмӣ низ ҳаст.

Соли 2020 – Нуриддин Маҳмудов, бародари Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси пешини Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Тоҷикистон ва собиқ раиси Душанбе даргузашт.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Бо қарори Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид рӯзҳои 8 ва 9-уми май ҳамчун Рӯзи ёдбуд ва оштӣ эътироф шудаанд. Ин рӯзҳо ба хотири қурбониёни Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ бахшида шудаанд ва СММ ба кишварҳои узв пешниҳод кардааст, ки як ё ҳарду рӯзро ҳамчун эҳтиром ба қурбониёни ҷанг таҷлил намоянд. 


Имрӯз, ҳамчунин Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар таҷлил мешавад. Ин рӯз ба шарафи зодрӯзи Жан Анри Дюнан (8 майи 1828), соҳибкор ва гуманисти швейтсарӣ, ки асосгузори Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх мебошад, таъсис ёфтааст.  Дюнан барои саҳми арзандааш дар фаъолияти башардӯстона соли 1901 нахустин ҷоизаи Нобелии сулҳро соҳиб гардидааст. 


8 майи соли 1945, соати 22:43 ба вақти Аврупои Марказӣ (00:43-и 9 май ба вақти Маскав), дар маҳаллаи Карлсхорсти Берлин санади таслимшавии бечунучарои Олмони фашистӣ ва неруҳои мусаллаҳи он имзо шуд.  Ин маросим таҳти раёсати маршал Георгий Жуков баргузор гардид.  Бо имзои ин санад, Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ дар Аврупо ба анҷом расид.


8 майи соли 1949, дар боғи Трептови Берлин ёдгории ҷангӣ ба хотири сарбозони Артиши Сурх, ки дар мубориза бо фашизм ҳалок шудаанд, ифтитоҳ гардид.  Ин ёдгорӣ, ки бо тарҳи меъмори шӯравӣ Яков Белополский сохта шудааст, бузургтарин ёдгории ҷангӣ дар Олмон ба ҳисоб меравад. 


8 майи соли 1967, дар боғи Александрови назди девори Кремли Маскав маҷмааи ёдбуди “Қабри сарбози номаълум” ифтитоҳ гардид. Дар болои қабр оташи абадии «Шараф» афрӯхта шуд, ки аз маркази ситораи биринҷии сурх шӯъла мезанад.  Ин ёдгорӣ ба хотираи сарбозони шӯравӣ, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷон бохтаанд, бахшида шудааст.


 

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 8 МАЙИ СОЛИ 2025

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 15+20º гарм, рӯзона 30+35º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+11º гарм, рӯзона 17+22º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 16+21º гарм, рӯзона 30+35º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 12+17º гарм, рӯзона 24+29º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм). Ҳарорат: дар водиҳо шабона 15+20º гарм, рӯзона 28+33º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 10+15º гарм, рӯзона 23+28º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 8+13º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 14+16º гарм, рӯзона 22+27º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 29+31º гарм, дар шарқи вилоят шабона -2+3º, рӯзона 14+19º гарм.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм). Ҳарорат: шабона 18+20º гарм, рӯзона 29+31º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм). Ҳарорат: шабона 18+20º гарм, рӯзона 31+33º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 19+21º гарм, рӯзона 33+35º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 12+14º гарм, рӯзона 25+27º гарм.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *