Рубрики Pressa

Пешниҳоди таъсиси Ҷоиза ба номи Ҳошим Гадо


Имрӯз, 8 май дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба муносибати зодрӯзи Ҳунарпешаи халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҳошим Гадо рӯнамоии осорнома, ҳамчунин намоиши аксҳову китобҳои ҳунарманд баргузор шуд.

Дар ин чорабинӣ муовини Вазири фарҳанги Тоҷикистон Давлат Сафар пешниҳод кард, ки дар Тоҷикистон “Ҷоизаи ба номи Ҳошим Гадо” таъсис дода шавад.

“Агар ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мо пешниҳод кунем, бовар дорам, ки Сарвари давлати мо онро дастгирӣ мекунанд”,-гуфт Давлат Сафар.

Давлат Сафар таъкид кард, ки “Ҳошим Гадо ҳунарманди бузурги синамо ва нобиғаи миллати тоҷик аст”.

Давлат Сафар ба 1000 ҷилд осори ҳунарманд ишора карда гуфт, ки “ин охири кор нест ва дар оянда боз китобҳои нави ҳунарманд чоп мешаванд”.

Ӯ гуфт, ки вазорати фарҳанг нашри 5 ҷилд китоби ӯро ба нақша гирифтааст.

Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Ҷумахон Файзализода зимни рӯнамоии китоби “Ҳошим Гадо: китобномаи шарҳиҳолӣ”, ки феҳристи осори Ҳошим Гадо ва адабиёт дар бораи ӯро дар бар мегирад, чунин гуфт: “То имрӯз, дар ҳеҷ як давру замон ва дар ягон гӯшаи сайёра ягон шахсияти эҷодгар, олиму мутафаккир, шоиру нависанда ва файласуфу андешаманд, аз Шарқ то Ғарб ва аз Ҷануб то Шимол бо чунин рақам осори нашршуда надоштааст”.

 Дар воқеъ Ҳунарманди мардумии ИҶШС Ҳошим Гадо муаллифи 1000 ҷилд китоб аст ва чанде пеш дар суҳбат бо ҳафтаномаи “Тоҷикистон” гуфт, ки дар оянда низ нашри китобҳояшро идома медиҳад.

Маълумотнома

Ҳунарпешаи маъруфи театру синамо, коргардони театр ва нависанда, Ҳунарпешаи мардумии ҶШС Тоҷикистон (1979), Ҳунарпешаи мардумии ИҶШС (1988), дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ (1973). Арбоби ҳунари Тоҷикистон (2017).

10 майи соли 1937 дар шаҳри Кӯлоб зода шудааст. Дастпарвари Институти давлатии санъати театрии ба номи А. В. Луначарский (ГИТИС) (1960) ва Курсҳои олии коргардонии ГИТИС (1965) аст.

Аз соли 1961 то кунун ҳунарпеша ва коргардони Театри академи-драмавии Лоҳутӣ аст. Ҳунарнамоӣ дар киноро аз соли 1963 оғоз карда ва то кунун чандин нақш, аз ҷумла нақши Суҳроб, Фердинан, Гамлет, Хлестаков, Исмоили Сомонӣ, Эдип ва дигар нақшҳоро офаридааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *