Рубрики Хабарҳо

“Вазъияти изтирорӣ барои саломатӣ дар сатҳи байналмилалӣ”

Кишварҳои мухталиф шаҳрвандони худро ба хотири вируси короно аз Чин хориҷ мекунанд. Ширкатҳо дафтарашонро дар Чин мебанданд. Дар ин миёни шумор  мубталиён ба короно ба 10 000 наздик шуд. Созмони беҳдошт ҷаҳонии вазъияти фавқулода эълом кард. 

Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ ба далели шуйӯъи сареъи вируси ҷадиди короно аз Чин, вазъияти фавқулодаи ҷаҳонӣ эълом кард. Ин ба маънои он аст, ки 190 узв Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ ба манзури анҷоми иқдомоти пешниҳодии ин Созмон барои барои ҷилавгири аз шуйӯъи беморӣ бояд даст ба ҳамоҳангӣ бо якдигар бизананд. 

Тедроса Аданом Габрисуса, раиси Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ, шомгоҳи панҷшнба 30 январ пас аз нишасти муташаккил аз коршиносон гуфт, ки ҳанӯз шумори мубталиён ба ин беморӣ дар хориҷ аз Чин кам аст. Ў афзуд, ки аммо наметавон донист ин вирус дар кишваре, ки низоми беҳдоштии заифӣ дорад чӣ осебҳое ворид меоварад. 

Аданом гуфт, ки ҳама ҷаҳон бо мушкилии воҳид рӯ ба рӯст, ки танҳо бо ваҳдат ва мушорикат метавонад бар он ғалаба кунад. Ў афзуд: “Акнун замони воқеиятҳост ва на тарс.” Ба гуфтаи раиси Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ, эъломи вазъияти фавқулодаи ҷаҳонӣ ба таври расмӣ яъне эъломи “вазъияти изтирорӣ барои саломатӣ дар сатҳи байналмилалӣ”. 

Тибқи охирин омор, шумори мубталиён ба короно дар саросари дунё ба 9692 нафар расидааст. Ду ҳафта пеш шумори беморон 40 нафар эълом шуда буд. Дар хориҷ аз Чин дар 20 кишвар беш аз 100 нафар мубтало ба вируси короно шумурда шудаанд, аз ҷумла дар Олмон, Фаронса, Таиланд, Ҷопон, Малайзия, Амрико, Финляндия, Австралия, Кореяи ҷанубӣ, Ҳинд ва Филиппин. 

Мубталиён ба вирус дар бештари маворид мусофироне ҳастанд, ки аз Чин омадаанд, аммо дар хориҷ аз Чин ба далели тамос бо беморон, афроди ҷадид ҳам мубтало шудаанд. 

Созмони беҳдоштт ҷаҳонӣ тавсия мекунад, ки аз кишварҳое, ки дорои низоми беҳдоштии заифе ҳастанд ҳимоят шавад.  Ин Созмон ҳамчунин хостори таъсри талошҳо барои ёфтани воксин ва дорӯ ба манзури дармони ин беморӣ шудааст. Дархости дигар ин Созмон муқобила бо шоеапароканиҳост ва бар акс интишори иттилооти илмӣ дар бораи ин беморӣ. 

Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ ҳамзамон тавсия мекунад, ки маҳдудяте барои тиҷорат ва сафар эҷод нашуд. Бисёре аз кишварҳо дар рӯзҳои ахир даст ба иқдомоте дар ин замина задаанд. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *