Маҷмаъи умумии Созмони милал қатъномаеро тасвиб кард, ки бар асоси он ҳаргуна нафратпарокании мазҳабӣ ба манзалаи нақзи қавонини байналмилал буда ва рад мешавад. Бархе кишварҳо бо ин банд, ки ин гуна нафратпарокунӣ нақзи ҳуқуқи байналмилал аст мухолифат карданд.
Дар ҷаласаи рӯзи сешанбе 25 июл маҷмаъи умумии Созмони милал қатъномае бо унвони “тарвиҷи гуфтугӯи байни динҳо ва бинои фарҳнагӣ ва мудоро дар муқобила бо нафратпароканӣ” ба тасвиб расид.
Ин қатънома аз тамоми кишварҳои узви Созмони милал хоста то ҳамаи талоши худро барои тақвияти гуфтугӯҳое миёни фарҳангҳо, миёни динҳо ва эҳтирому пазириши тафовутҳо ба кор гиранд ва дар айни ҳол ҳар гуна нафратпароканиро, ки ба манзалаи таҳрик ба табъиз, хусумат ва хушунат аст, рад кунанд.
Ин қатънома ҳамчунин аз ширкатҳои соҳиби шабакаҳои иҷтимоӣ хоста то бо нафратппроканӣ ва густариши рӯзафзуни он муқобила карда ва имкони баррасии иқдомоте барои коҳиши он ва афзоиши дастрасии корбарон ба каналҳои гузоришдиҳии муассирро фароҳам кунанд.
Ихтилоф бар сари моддаи 13
Дар моддаи 13 ин қатънома аъмоли хушунатомез алайҳи намодҳои мазҳабӣ ва кутуби муқаддас ба унвони нақзи қавонини байналмилалӣ унвон шудааст. Ин модда мавриди эътирози шифоҳии намояндаи Испания қарор гирифт, ки аз сӯи Иттиҳодияи Аврупо сӯҳбат мекард. Ў таъкид кард, ки агарчи чунин иқдомоте амиқан тавҳиномез ва беэҳтиромӣ аст, аммо нақзи қавонини байналмилалӣ нест ва бинобар ин пешниҳод ҳазфи ишора ба “нақзи қавонини байналмилалӣ”-ро ироа дод.
Ин пешниҳод аммо бо мухолифати намояндаи Малайзия рӯ ба рӯ шуд. Ў гуфт бисёре аз ҳайатҳои намояндагӣ хоҳони забони тундтари ҳуқуқи башарӣ ҳастанд аммо дар бораи хушунат алайҳи кутуби муқаддас ин забони тунд фурӯкаш мекунад.
Ӯ бо ибрози мухолифати шадид бо ин тасаввур, ки ифтиро ба дин нақзи ҳуқуқи башар нест, таъкид кард, ки ҳатки ҳурмат ба ҳар дине ба манзалаи азбайнбарии ҳаққи озодии мазҳаб ё ақидааст ва бар раъйи мухолифи кишвараш ба ислоҳияи ироашуда таъкид кард.
Аз сӯи дигар намояндаи Дания, ки аз сӯи кишварҳои Финланд, Исландия, Норвегия ва Суид сухан мегуфт, таъкид кард, ки сӯзондани Қуръон ё ҳар китоби муқаддаси дигаре тавҳиномез, ғайри муҳтарамона ва нишонаи ошкоре аз таҳрик кардан аст.
Ӯ гуфт кишварҳое, ки аз тарафи онҳо сӯҳбат мекунад ҳамагӣ чунин ҳаракотеро маҳкум карда ва қавиан аз он безорӣ меҷӯянд. Намояндаи кишварҳои Скандинавия дар айни ҳол таъкид кард, ки ин кишварҳо аз ҳаққи озодии баён ва ақида ҳимоят мекунанд.
Вай бо тасреҳи ин нукта, ки озодии мазҳаб ё ақида интиқод аз динҳо ё ақоидро мамнуъ намекунад, таъкид кард, ки бо ин ҳол ин кишварҳо аз параграфи 13-и қатънома, ки тавҳин ба динҳоро нақзи ҳуқуқи байналмилал дониста, фосила мегиранд.
Рӯзи ҷумъа 21 июл марде дар баробари сафорати Ироқ дар Копенгаген китоберо, ки “гумон мерафт Қуръон бошад” сӯзонд. Рӯзи қабл аз он низ тазоҳуркунандагон дар Стокголм китоберо, ки “зоҳиран Қуръон буд” бидуни оташзадан лагадмол карданд.
Дар Суид Қуръон борҳо дар малаъи омм аз сӯи бархе, аз ҷумла Расмус Полудан, сиёсатмадори рости ифротии даниёи-суидӣ ба оташ кашида шудааст.