Рубрики Asia-Plus

Аз ифтихор то афсӯс барои тағйири арзишҳо. Қиссаи ду иштирокчии охирини ҶБВ аз вилояти Суғд


18:00, 8 май

Дар остонаи таҷлили 80-солагии ғалаба бар фашизм, хабарнигори  “Азия-Плюс” ба аёдати ду иштирокчии охирини ҶБВ аз вилояти Суғд рафт ва бо онҳо сӯҳбат кард. Ин ду собиқадори ҶБВ аз корномаи худ дар ҷабҳаи ҷанг, арзишҳое, ки он замон муқаддас медонистанду барояш ҷон дар каф мубориза буданд ва зиндагии кунуниву тағйири он арзишҳо сӯҳбат карданд.

 

“Дар ҷабҳа ҳамаи халқҳо меҷангиданд, афсӯс имрӯз баъзе душманӣ меварзанд”

Нозим Носиров 100-сола аст ва дар деҳаи Навободи ноҳияи Деваштич зиндагӣ мекунад. Вақте ба аёдати ӯ рафтем, ҳамроҳ бо ҳамсар ва дар иҳотаи пайвандонаш дарёфтем.

Ӯ ба набераҳову абераҳояш аз саргузаштҳояш дар ҷабҳа нақл мекард. Наберагону абераҳояш бо диққат гӯш мекарданд ва эҳсос мешуд, ки онҳоро ҳисси ифтихор аз корномаи бобо фаро гирифта буд.

Нозим Носиров аз омадани мо огоҳ шуда, аввал каме сукут кард ва баъди фаҳмидани мақсади мо, нақлашро аз сар оғоз кард.

“Соли 1943, вақте 18 сол доштам, ба ҷанг сафарбар шудам. Ҳамроҳи ман 5 нафари дигар аз деҳаамон буданд, ки афсӯс, ҳамаашон ҷон доданд. Ман то охирин рӯзҳои ҷанг дар майдони набард будам. Ташнаву гурусна ҳам мондем, захмӣ ҳам шудем, чандин шабонарӯз хоб накардем, аммо мардонавор ва барои ҳимояи ватан ҷангидем”, — мегӯяд Носиров ва лаҳзае сукут мекунад.

Дар ин лаҳза, ҳамсараш Латофат Ҷумъаева, ки дар паҳлӯи ин иштирокчии ҶБВ нишастааст, зикр мекунад, ки “вақте рӯзҳои дар ҷабҳа гузаронидаашро ба ёд меорад, ҳамеша вуҷудашро ларза фаро мегирад”.

Нозим Носиров бо ҳамсару фазандаш

Акс аз муаллиф


 

Нозим Носиров ба нақли худ идома дода, мегӯяд, душвортарин рӯзҳои ҳаёташро маҳз он замон паси сар кард.

“Чандин рӯз дар боло ях ҷангидем ва хоб кардем. Се маротиба захмӣ шудам, дар беморхона табобат гирифтам ва боз ба ҷабҳа баргаштам ва то Олмон рафтам. Бовар доштам, ки мо дар роҳи ҳақ ҳастем ва душман бояд нобуд карда шавад. Аз ин сабаб, бо ҷасорат ва ирода меҷангидем ва ниҳоят ғалаба кардем”, — бо лабханд нақл ва бори дигар барои чанд дақиқа сукутро ихтиёр мекунад.

Ӯ таъкид менамояд, ки пас аз ғалаба бар фашизм ҳам муддате дар ҳайати артиш хидмат кард ва танҳо соли 1946 ба деҳа баргашта, бо Латофат Ҷумъаева оила бунёд кард.

“Соҳиби 11 фарзанд шудем, 60 набера ва 20 абера дорам. Худоро шукр мегӯям, ки онҳо дар замони осуда зиндагӣ доранд”, — зикр мекунад Нозим Носиров.

Вақте аз ӯ дар бораи тағйири арзишҳо мепурсем, бо афсӯс таъкид мекунад, ки “дар ҷабҳа намояндагони тамоми халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ меҷангиданд ва бовар доштанд, ки ин давлат ватани онҳо аст ва танҳо бо шикасти фашистон, ояндаи хуши худу пайвандонашонро таъмин мекунан. Аммо мутаассифона, баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ, муносибатҳо ва арзишҳо дигар шуданд, халқҳое, ки замоне барои ҳамдигар ҷон дода буданд, ба ҳам душман гардиданд”.

Бояд гуфт, Нозим Носиров барои корнамоияш дар ҷабҳаи ҷанг бо ордени “Ҷанги Бузурги Ватанӣ дараҷаи 1” ва чандин медалҳои ҷашниву ифтихорномаҳо қадрдонӣ шудааст.

 

“Афсӯс, ки натавонистем барои ҳамеша иттифоқу дӯст бошем”

Қаҳрамони дуюми ҶБВ аз вилояти Суғд ҳам дар ноҳияи Деваштич зиндагӣ мекунад. Бибола Рӯзиматови 101-сола аз деҳаи Гулобод соли 1943 ба ҷанг сафарбар шудааст.

Бибола Рӯзиматов бо духтараш

Акс аз муаллиф


 

Қиссаҳои ӯ ҳам пур аз дарду ғам ва ҳамзамон бозгӯи шуҷоату мардонагӣ аст. Ӯ мегӯяд, аз деҳааш 16 нафар ба ҷанг рафтанд ва танҳо 4 нафар зинда баргаштанд.

“Аз соли 1943 то охири ҶБВ дар ҷабҳа будам. Дар озод кардани Украина ва чандин шаҳрҳои Аврупо иштирок кардам. Чанд маротиба захмӣ ҳам шудам, аммо боз ба майдони набард баргашта, то пирӯзӣ ҷангидам. Ғалабаро дар Берлин таҷлил кардам”, — нақл кард Бибола Рӯзиматов.

Ӯ мегӯяд, пас аз ғалаба, ду соли дигар дар сафи артиш буд ва муддате муқобили Ҷопон ҳам ҷангид. Соли 1947 ба ватан баргашта, тамоми умр барои ободии диёраш заҳмат кашидааст.

15:00 8 май

Қаҳрамони мо нақл кард, ки бо гузашти 80 сол аз ғалаба, “имрӯз вазъи Украинаро мефаҳмаму ғамгин мешавам. Вақте Украинаро озод кардем, вайронаро мемонд. Даҳсолаҳо халқи Шӯравӣ онро обод кард, аммо имрӯз вазъи ин кишвар боз манзараҳои солҳои ҶБР-ро ба хотир меорад. Афсӯс, ки натавонистем барои ҳамеша иттифоқу дӯст бошем”.

Бибола Рӯзиматов ба пайвандонаш ишора карда, мегӯяд, “рӯзҳое, ки мо дидем, касе набинад”.

Вай ҳам барои корномааш дар ҷабҳаи ҷанг бо ордени Ҷанги Бузурги Ватанӣ дараҷаи I ва 11 медали ҷангӣ сарфароз гардидааст.

Бояд гуфт, тибқи иттилои Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнат дар вилояти Суғд, аз ин вилоят дар умум 76 ҳазор нафар ба ҶБВ сафарбар шудаанд ва 28 ҳазори онҳо дар майдони ҷанг ҷон бохтаанд.

Ҳоло дар ҳудуди вилояти Суғд танҳо ин ду иштирокчии ҶБВ ва 51 нафар собиқадори ақибгоҳ зиндагӣ мекунанд.

Дар умум, аз Тоҷикистон ба ҷанг ҳудуди 300 ҳазор рафтанд ва тақрибан 100 ҳазор нафари онҳо дар набардҳо ҳалок ва беному нишон шуданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *