Изҳороти додситонии Суғд дар ҳоле садо медиҳад, ки парвандаи ҷиноии Хайрулло Мирсаидов аз тарафи ҳамин ниҳод сиррӣ гардонида шудааст. Вакили дифоъи Мирсаидов зери ҳуҷҷате, ки парвандаро сиррӣ ва паҳнкунии асноди онро мамнӯъ эълом кардааст имзо гузоштааст. Ба ӯ сӯҳбат кардан бо рӯзноманигорон ҳам мамнӯъ аст.
Вале додситонӣ аз шарҳи ин ки чӣ зарурате ба сиррӣ кардани парванда вуҷуд дошт, худдорӣ мекунад. Дар ҳоле, ки огоҳ шудани ҷомеъа аз “ҷиноятҳо”-и рӯзноманигор ва раҳбари тими КВН амалан ба нафъи худи ин ниҳод аст.
Азия Плюя бо истинод ба ёвари калони додситони вилояти Суғд Гулчеҳра Ғоибназарова хабар медиҳад, ки Хайрулло Мирсаидов ба азхудкунии 300 ҳазор сомонӣ муттаҳам мешавад.
“Барои он ки боздоштшуда тавонад дар муддати тафтишот дар озодӣ бошад, бояд ин маблағро пардохт мекард, аммо Мирсаидов пардохт накард ва бинобар ин дархости озодияш рад шуд. Ғайр аз ин, нисбати ӯ моддаҳое татбиқ шудаанд, ки ба ӯ имкони озодшавӣ ҳангоми тафтишотро намедиҳад” — гуфтааст намояндаи додситонӣ дар ҷавоб ба дархости ҳимоятгар оиди озодкунӣ бо шарти берун нарафтан.
Ғоибназарова ҳамчунин гуфтааст ҳаҷми маблағи азхудкардаи Мирсаидов метавонад бештар бошад.
“Аввал ҳамин маблағ маълум карда шуд, вале дар ҷараёни тафтиши минбаъдаи ҳисоботи фаъолиятҳои Мирсаидов маълум гардид, ки маблағи дуздидашуда хеле бештар аст” — гуфт Ғоибназарова ва зикр кард, ки адади дақиқ баъди анҷоми тафтишот муайян мешавад.
“Бинобар ин ки алайҳи Мирсаидов ғайр аз тақаллуби молӣ бо моддаҳои 189, қ 2, б. “г” (барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳаллгароӣ ё динӣ), 340, қ. 1 (Сохтакорона тайёр кардан бо мақсади муомилот ё ба муомилот баровардани маркаҳои аксизӣ, маркаҳои махсус ё аломатҳои мутобиқати муҳофизатшаванда ва ё истифодаи онҳо), 346 қ. 2, б. “а” (Дидаю дониста расонидани хабари бардурўғ бо сохтани далелҳои сунъии айбдоркунӣ) КҶ ҶТ парванда боз шудааст, озодшавии ӯ то қарори додгоҳ ғайриимкон аст” — гуфтааст намояндаи Доситонии кулли ҶТ.
Гуфтанист, ки Хайрулло Мирсаидов аз ҷониби додситонии вилояти Суғд 5-уми декабр боздошт шуда буд. 8-уми декабр алайҳи ӯ бо 4 моддаи КҶ ҶТ парванда боз гардид: 245, қ. 4, б. “б” (Азонихудкунӣ ё исрофкорӣ ба миқдори махсусан калон), 189, қ 2, б. “г” (барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳаллгароӣ ё динӣ), 340, қ. 1 (Сохтакорона тайёр кардан бо мақсади муомилот ё ба муомилот баровардани маркаҳои аксизӣ, маркаҳои махсус ё аломатҳои мутобиқати муҳофизатшаванда ва ё истифодаи онҳо), 346 қ. 2, б. “а” (Дидаю дониста расонидани хабари бардурўғ бо сохтани далелҳои сунъии айбдоркунӣ).
Қаблан дар маркази матбуотии додситонии вилоятӣ ба суоли АП, ки кадом амалкарди Мирсаидов метавонад таҳти моддаи 189, қ 2, б. “г” қарор гирад, натавонистаанд посух гӯянд.
“Ин сирри тафтишотӣ аст”, — гуфтанд он вақт дар маркази матбуотӣ ва қайд карданд, ки ҷузъиёти масъала дертар баён хоҳад шуд.