Рубрики Хабарҳо

Поёнтарин баҳои Тоҷикистон дар озодии сиёсӣ

Freedom House, созмони ҳуқуқи башари амрикоӣ имсол ҳам Тоҷикистонро кишвари ноозод номида, дар радифи кишварҳое ҷой додааст, ки дар 10 соли охир дар риояи озодиҳои сиёсиву шаҳрвандӣ ва татбиқи демократия бештар аз ақиб рафтаанд.

Ин Созмон дар  гузориши солонааш бо номи «Озодӣ дар ҷаҳон 2018”, ки 16 январ нашр кард Тоҷикистонро дар байни 24 кишвари ноозод ҷой дод.

Ин 24 кишвар дар умум 25 дарсади шумори кишварҳоеро ташкил медиҳад, ки дар гузориш зикр шудаанд, вале аҳолии кишварҳои ноозод 37 дарсади мардуми ҷаҳонро ташкил медиҳанд.

Дар ин гузориши Freedom House, ки бо ҷадвали ҳафтбалла раддабанди шудааст сатҳи озодиҳои сиёсӣ дар Тоҷикистонро 7 балл ва сатҳи озодиҳои шаҳрвандиро 6 балл баҳо додааст. Тибқи ин ҷадвал сатҳи баландтарини озодӣ як балл ва сатҳи пасттаринаш 7 баллбаҳогузорӣ мешавад.

Шарҳи ин ки бо кадом далелҳо Тоҷикистон дар ин мавқеъ қарор гирифтааст, дар гузориш наомада, вале Freedom House иттило додааст, ки ба зудӣ шарҳи муфассал нашр хоҳад шуд.

Тибқи хулосаи умумии гузоришгарон демократия дар соли 2017 дучори сахттарин мушкил  дар даҳ соли охир гардида, озодиҳои аслие, чун ҳаққи интихоботи озоду одилона, ҳуқуқи ақалиятҳо, озодии матбуот ва ҳукми қонун дар саросари ҷаҳон таҳти ҳамла қарор гирифтаанд. Ба сурати умум, инак 12 сол боз сатҳи умумии озодиҳо дар дунё рӯ ба пойин будааст.

Барои дарёфти матни пурраи гузориши Freedom House инҷо нохун занед:

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *