Рубрики Хабарҳо

Эрон: Агар БАРҶОМ лағв шавад, фаъолиятҳои ҳастаии худро пурзӯр мекунем

Муҳаммадҷавод Зариф, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон,  дар вокуниш ба даъвои хориҷшавии Амрико аз БАРҶОМ, гуфт, ки Эрон чандин барномаи омода дар ихтиёр дорад, ки яке аз онҳо дигарбора, бо суръати баланд ва иродаи ҷиддӣ, пурзӯр кардани фаолиятҳои ҳастаӣ хоҳад буд.

Муҳаммадҷаводи Зариф дар гуфтугӯ бо шабакаи CBS-и Амрико бо таъкид гуфт, ки Эрон дар замони муносиб тасмими лозимро хоҳад гирифт.

«Эътирофи ахири Вазорати хориҷаи Амрико дарак аз он медихад, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳеҷгоҳ ба думболи силоҳи ҳастаӣ набудааст ва ҳеҷ далеле барои таҳрими Эрон вуҷуд надоштааст».- гуфт Зариф

«Амрико ба думболи аз саргирии дубораи таҳримҳо алайҳи Эрон аст, аммо мо аз паи барномахои дигаре барои баланд бардоштани иқтидор ва тараққиёти миллати Эрон ҳастем ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ба думболи силоҳи ҳастаӣ нест»- афзуд ВКХ Эрон

Майк Помпео, рӯзи панҷшанбеи 12 апрел дар нишасти Кумитаи равобити хориҷии Сенати Амрико, ки ба манзури баррасии салоҳияти вай, барои мақоми вазорати хориҷаи Амрико баргузор шуд, гуфт: «Эрон қабл аз тавофуқи ҳастаии БАРҶОМ ҳам ба самти силоҳи атомӣ пеш нарафт. Акнун ҳам то ҷое, ки медонам ҳеҷ нишонае аз ин ки агар БАРҶОМ набошад, эрониҳо ба думболи силоҳи атомӣ хоҳанд рафт, вуҷуд надорад».

Тавофуқи ҳастаии Эрон ва гурӯҳи 5+1 аз январи 2016 иҷроӣ шудааст, аммо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба унвони яке аз аъзои ин тавофуқ, чанд бор мешавад,  кӯшиши аз байн бурдани тавофуқи БАРҶОМ мекунад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *