Рубрики Хабарҳо

Захмӣ шудани 18 ғайринизомӣ дар ҳамла ба маросими бузургдошти Абдулалӣ Мазорӣ дар Кобул

Вазорати кишвари Афғонистон аз тирандозӣ дар маросими бузургдошти биступанҷумин солгарди кушта шудани Абдулаль Мазорӣ, раҳбари пешини Ҳизби ваҳдати исломии Афғонистон дар ғарби Кобул хабар дод. 

Вазорати кишвари Афғонистон субҳи имрӯз, ҷумъа тайи иттилоияе эълом кард: афроди мусаллаҳи ношинос ба маросими бузургдошт аз биступанҷумин солгарди кушта шудани Абдулали Мазорӣ, раҳбари пешини Ҳизби ваҳдати исломи Афғонистон дар ғарби Кобул тирандозӣ кардаанд. 

Нусрат Раҳимӣ, сухангӯи ин вазоратхона ҳам эълом кард: то кунун 18 нафар дар ин ҳамла захмӣ ва ба бемористонҳо мунтақил шудаанд. Маҷрӯҳони ин рӯйдод ҳама ғайринизомь буда ва эҳтимоли афзоиши шумори маҷрӯҳон ё талафот вуҷуд дорад. 

Ба гузориши хабаргузории Анатолу аз маҳалли ҳамла, садои тирандозь дар наздикии маҳалли баргузории маросим ба гӯш мерасид. Тирандозиҳо сабаб шуд суханронии Муҳаммад Карим Халилӣ, Ҳизби ваҳдати исломии Афғонистон дар ин маросим нотамом бимонад. 

Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури Афғонистон низ тайи твитте навишт: аз ҳамла ба гирдиҳамоии мардумӣ шадидан мутаассир шудам. Ин ҳамла як ҷинояти зиддибашарӣ ва алайҳи ваҳдати миллии Афғонистон аст. Бо бародаронам доктор Абдуллоҳ ва устод Халилӣ телефонӣ аҳволпурсӣ кардам. Нерӯҳои амниятӣ бо қотеъияти тамом бо авомили ин рӯйдод бархӯрд хоҳанд кард‍. 

Сиддиқ Садиқӣ, сухангӯи раёсати ҷумҳурии Афғонистон дар ин замина эълом кард: ҳамлаи ваҳшиёна ба маросими ёдбуди солрӯзи шаҳодати Абдулали Мазорӣ ҷинояти алайҳи башарият аст. Давлат Афғонистон ин ҳамларо бо шадидтарин лаҳн маҳкум мекунад. Нерӯҳои шуҷоъи амниятӣ барои дафъи ин ҳамла ва ҳифозати мардум тамоми иқдомоти лозимро ба кор хоҳанд гирифт. 

Муҷибурраҳмон Раҳимӣ, сухангӯи раёсати иҷрои Афғонистон низ тасреҳ кард: Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва бархе раҳбарони сиёсии дигар аз тирандозӣ дар маросими бузургдошт аз Абдулали Мазорӣ дар ғарби Кобул ҷони солим ба дар бурда ва аз маҳалли рӯйдод хориҷ шудаанд. 

Фирдавс Фаромарз, сухангӯи фармондеҳи полиси Кобул: нерӯҳои вежа ба маҳалли ҳамла расидаанд. То кунун ҷузиёти дақиқе аз ин тирандозӣ дар даст нест. 

Ҳанӯз ҳеҷ фард ё гурӯҳе масъулияти ин ҳамлаи мусаллаҳонаро бар ӯҳда нагирифтааст. Аммо Забеҳоллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи гурӯҳи Толибон тайи интишори матлабе дар ҳисоби твитери худ эълом кард, ки ин ҳамла рабте ба ин гурӯҳ надорад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *