Туркия ва Русия бо интишори баёнияи муштараке эълом карданд, ки тамоми иқдомоти низомӣ дар минтақаи коҳиши таниши Идлиб аз соати 00.01 дақиқаи 6 март мутаваққиф хоҳад шуд.
Баёнияи поёнии нишасти ҳайатҳои Туркия ва Русия бо ҳузури Раҷаб Таййиб Урдуғон ва Владимир Путин дар кохи Кремли Маскав тавассути вузарои умури хориҷаи ду кишвар қироат шуд.
Бар асоси матни ин баёния тамоми иқдомоти низомӣ дар минтақаи коҳиши таниши Идлиб аз соати 00.01 дақиқаи 6 март мутаваққиф хоҳад шуд.
Дар ин баёния ҳамчунин омадааст:
-гаштзании муштараки нерӯҳои Туркия ва Русия аз Тарубмо (ғарби Сароқиб) то Айнулҳур дар бузургроҳи М-4 аз таърихи 15 март оғоз хоҳад шуд.
-коридори амн ба умқ 6 километр дар шимол ва ҳамин андоза дар ҷануби бузургроҳи М-4 дар шимолу ғарби Сурия эҷод ва чорчӯби он низ зарфи 7 рӯзи оянда мушаххас хоҳад шуд.
– Туркия ва Русия ба унвони ду зомини оташбас бо таваҷҷӯҳ ба тавофуқҳои 4 майи 2017 ва 17 сентябри 2018 тааҳҳудоти қавии худ нисбат ба ҳокимият, истиқлол, ваҳдат ва якпорчагии хоки Сурияро муҷаддадан эълом мекунанд.
-тарафайн зимни эъломи азми худ барои муборизаи худ бо терроризм ва нобудии тамомии гурӯҳҳое, ки тавассути Шӯрои амният террористӣ муаррифӣ шудаанд, ҳамла ба ғайринизомиён ва зерсохтҳои маданиро ғайриқобили бахшиш донистанд.
-буҳрони Сурия роҳи ҳали низомӣ надорад. Ин буҳронро фақат ба раҳбарии мардуми Сурия ва ҳимояти онҳо ва бо роҳи ҳали сиёсии мутобиқ бо қатъномаи шумораи 2254 Шӯрои амнияти Созмони милал муттаҳид ба поён расонд.
Бояд аз вахомати бӯҳрони инсонӣ ҷилавгирӣ ва аз ҷони ғайринизомиён муҳофизат кард. Кумакҳои башардӯстона барои тамом ниёзмандон бидуни ҳеҷ пешшарти ирсол ва замина барои бозгашти довталабонаи суриҳо ба кишваришон фароҳам шавад.