Рубрики Хабарҳо

СММ: Нашъамандӣ ва худкушӣ меафзояд

Оҷонсии иттилоотии Reuters аз гузориши  Созмони Милали Муттаҳид иқтибос овардааст, ки  маҳдудиятҳои ҷорӣ ҳангоми шуйӯи COVID-19 боиси афзоиши истеъмоли мунтазами каннабис шудааст ва хатари депрессия ва худкуширо низ ривоҷ додааст. Аз рӯйи гузориши глобалии раёсати масъули маводи мухаддир ва ҷиноёти СММ солҳои охир канабис пурмасрафтарин маводи мухаддир дар ҷаҳон мондааст ва истеъмолгаронаш то рафт меафзоянд.

Соли 2012, дар минтақаҳои гуногуни ИМА, аз Вашингтон ва Колорадо сар карда, истифодаи каннабисро барои мақсадҳои ғайритиббӣ қонунан иҷозат фармуданд.

 Дар кишвари Уругвай низ аз соли 2013 ва дар Канада аз соли 2018 дар истифодаи канабис озодӣ ҷорӣ шудааст.  Баъдан пайи ҳам дигар давлатҳо низ ҳамин гуна иқдомҳоро пеш гирифтаанд, аммо дар гузориш ба ин се давлат таваҷҷӯҳ бештар зоҳир шудааст.

Дар ҳисоботи ташкилот омадааст: «Ба назар чунин мерасад, ки иҷозаи қонунӣ фармудан ба истеъмоли канабис, раванди  афзоиши гузоришҳоро дар бораи истифодаи ҳамарӯзаи маводи мухаддир суръат додааст. Дар ҳоле ки истифодаи каннабис дар байни наврасон амалан бетағйир боқӣ мондааст, дар байни ҷавонон истифодаи маҳсулоти пурқувват то рафт бештар мегардад.”

Бар асоси ин гузориш, дар соли 2020 тақрибан 284 миллион нафар (5,6 дарсади аҳолии ҷаҳон) маводи мухаддирро  аз қабили ҳероин, кокаин, амфетамин ё экстази истеъмол кардаанд. Аз ин шумора 209 миллион нафарашон истеъмолгарони каннабис ба шумор мераванд. 

Инчунин дар ҳисобот омадааст, ки  ҳангоми ҷорӣ шудани карантин дар пайи пешгирии суръати сирояти COVID-19,  афзоиши шумори истеъмолгарони каннабис дар соли 2020 бошиддат зиёд шудааст. Паёмади ин афзоиш бошад, зиёдтар шудани навъҳои  бемориҳои рӯҳии марбут ба каннабис, хусусан афсурдаҳолӣ (депрессия) ва билохира худкуширо бор овардааст.

Тавлиди кокаин ҳам дар соли 2020 ба сатҳи рекордӣ расида, то соли 2021 ду бозори асосии маводи мухаддир — Амрикои Шимолӣ ва Аврупо — то ба Африқо ва Осиё густариш ёфтааст.

Дар ҳоли ҳозир аз байни маводи мадҳушкунанда опиоидҳо марговартарин дору боқӣ мемонанд. Аммо моддаи фентанил дар ИМА рекорди навро барои марги вобаста ба вояи зиёдатӣ гузоштааст, чун  дар соли 2021, тахминан 107 622 нафар дар натиҷаи истеъмоли бидуни меёр фавтиданд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *