Рубрики Хабарҳо

Кабирӣ: тағйири рӯзи забон интиқом аз ҳаракати худҷӯши миллист

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Паймони миллии Тоҷикистон дар як гуфтугӯи мустақим бо мардум, бахшида ба Рӯзи забон гуфт, ки тағйири рӯзи ҷашн аз 22 июл ба 5 октябр, яъне рӯзи таваллуди раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон на танҳо як иқдоми чоплусона, балки интиқом аз он ҳаракати худҷӯши мардумист, ки дар 31 соли қабл забони тоҷикии форсиро ба тахти салтанат дар кишвар нишонд. 

Раҳбари ПМТ бо табрики тамоми порсигӯён, ба хусус мардуми Тоҷикистон ба Рӯзи забон гуфт интихоби ин рӯз барои табрик ва сӯҳбат ба маънии ҳамраъйии ӯву ПМТ бо онҳоест, ки маҳз ҳамин рӯзро Рӯзи забон медонанд. 

“Ҳанӯз ҳам касоне ҳастанд, ки ин рӯзро чун ҷашни миллӣ эътироф надоранд, бахусус баъди тағйири ин сана, ки ба моҳи октябр гузаронда шуд. Ҳамагон медонем, ки тасмими бисёр ҳам чоплусонаи сиёсӣ гирифта шуд ва аз тарафи дигар хостанд бо иваз кардани ин рӯзи таърихӣ интиқоми худашонро аз он ҳаракати хӯдҷӯши миллӣ бигиранд” — изҳор дошт Кабирӣ. 

Сабаби ин интиқомгириро раҳбари  ПМТ дар он медонад, ки дар садри ҳукумати имрӯзаи Тоҷикистон нишастагон “ҳамон касоне ҳастанд, ки дар соли 1989 муқобили баргузида шудани забони тоҷикӣ/форсӣ ба ҳайси забони давлатӣ буданд. Онҳо на танҳо мухолифи қабули қонуни забон буданд, онҳо он замон мухолифи тамоми ҳаракати озодихоҳӣ, истиқлолталабӣ ва меҳанпарастии мо тоҷикон буданд”.  

Ба андешаи раҳбари мухолифони тоҷик “ҳамон тавре, ки дар он солҳо масъалаҳои фарҳангӣ ва сиёсӣ боис шуд миллат дар ду сангар қарор бигирад, имрӯз ҳам он нерӯҳо дар ду сангар қарор доранд. Фақат мавзӯъҳо ва мӯҳтаво каме фарқ мекунад. Аслан агар шумо нигоҳ кунед, тарзи бархӯрд ва шахсиятҳое ҳам тақрибан ҳамон шахсиятҳое ҳастанд, ки дар саргаҳи муборизаи мо тоҷикон барои истиқлолияти фарҳангӣ, динӣ ва сиёсӣ дар сангаре қарор доштанд, ки мухолифи истиқлолият, мухолифи додани мақоми давлатӣ ба забони модарии мо, мухолифи истиқлолиятамон аз Иттиҳоди шӯравӣ ва гуногунандешиву бисёрҳизбӣ дар ҷомеъаи мо буданд”. 

Раҳбари Паймони миллӣ гуфт ин гурӯҳ алъон ҳам мухолифати худро ҳифз карда, аммо ба он рангу бӯи дигаре додаанд. “Як миқдор аз он арзишҳо ва шиорҳои нерӯҳои озодихоҳро рабуданд, дуздиданд, худашон соҳибӣ карданд, чун дигар илоҷ надоштанд. Аслан илоҷ надоранд, ки имрӯз бо забону фарҳанг, дину истиқлолият, бо Наврӯз мухолифат нишон диҳанд, аммо мӯҳтаво ва мавзӯъи рӯзро иваз карданд вале дар ҳамон мавқеъи аслӣ боқӣ мондаанд”.

Муҳиддин Кабирӣ гуфт он замонро, ки ҷавонони бедор ва фарҳехтагони миллат барои қабули қонуни забон ва додани мавқеъи давлатӣ ба забони тоҷикии форсӣ мубориза мебурданд хуб ба хотир дорад, чун худаш донишҷӯ ва узви ҳамон гурӯҳи истиқлолхоҳ буд. Ӯ аз тамоми онҳое, ки дар он солҳо барои бедории миллӣ, мавқеъи давлатӣ гирифтани забон ва расидан ба истиқлолияту озодӣ мубориза мебурданд ташаккур кард ва онҳову миллатро ба Рӯзи забон табрик гуфт. 

Раҳбари мухолифин ҳамчунин ба мавзӯъҳои дигари истиқлолияту забон пардохт ва а суолҳои бинандагон ҷавоб гуфт, ки матнашон ба зудӣ нашр хоҳад шуд.

Навори пурраи суханронии Раҳбари Паймони миллиро метавонед инҷо бубинед:

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *