ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 9 МАЙ
Соли 1975 – Дар шаҳри Душанбе Боғи фарҳангӣ-фароғатии “Ғалаба” ба муносибати 40-солагии Ғалаба бар Олмони фашистӣ ифтитоҳ гардид.
Ин боғ дар теппаҳои шарқии пойтахт, дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҷойгир буда, ҳамчун маҷмааи меъморӣ ва муҷассамаҳои ёдгорӣ сохта шудааст. Лоиҳаи боғро меъморон Б. А. Зуҳурдинов ва А. М. Шербинин таҳия намуда, ҳайкалтарош Д. Б. Рябичев дар офаридани муҷассамаҳо саҳм гузоштааст.
Дар маркази боғ “Оташи ҷовидон” ва “Ёдгории Ғалаба” қарор доранд, ки ба хотири ҷанговарони Ҷанги Бузурги Ватанӣ бунёд шудааст.
Соли 2017 – Дар Тоҷикистон бари аввал дар замони истиқлол Рӯзҳои фарҳанги Ӯзбекистон оғоз гардид.
Дар доираи ин рӯзҳо, барномаҳои консертӣ ва намоишгоҳҳои санъати тасвирӣ ва аккосӣ дар шаҳрҳои Душанбе ва Қӯрғонтеппа (ҳоло Бохтар) баргузор гардиданд. Маросими анҷоми Рӯзҳои фарҳанги Ӯзбекистон 12 май дар ҳамон театр баргузор шуд.
Соли 2020 – Ба ифтихори 75-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (солҳои 1941–1945), Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар пояи лавҳаи ёдгории “Боғи Ғалаба”-и пойтахт гулчанбар гузошт.
Бо сабаби пандемияи “COVID-19”, тамоми чорабиниҳои оммавӣ, ки ба 75-солагии Ғалаба бахшида шуда буданд, дар кишвар лағв гардиданд.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1907 – Мавлуди Муҳаммадҷон Қосимов, ҳунарпешаи театру синамои тоҷик.

Муҳаммадҷон Қосимов
Муҳаммадҷон Қосимов яке аз саромадони театри касбии тоҷик буда, бо офаридани образҳои барҷаста дар ташаккули театри касбии тоҷик саҳм гузоштааст.
Ӯ дар кӯдакӣ аз падар ятим монда, бори гарони ятимиро кашидааст. Аввал дар мактаби куҳна ва баъд дар интернати шуравӣ, муддате дар Техникуми педагогии Қӯқанд ва Техникуми кооперативии Тошкент таҳсил кардааст. Соли 1929 бо ташкили гурӯҳи драмавӣ дар Риштон ба эҷодиёт оғоз мекунад.
Муҳаммадҷон Қосимов аз ибтидои соли 1931 то охири умр Ҳунарпешаи Театри давлатии тоҷик (ҳоло Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ) буд.
Ӯ дар саҳнаи театр нақши Ҳайдарбек дар “Духтари чӯпон”, Раҳимбек дар “Калтакдорони сурх”, Отелло дар “Отелло”, Лир дар “Шоҳ Лир”, Ҳусайни Бойқаро дар “Алишери Навоӣ”, Солеҳбой дар “Бой ва хидматгорва нақшҳои дигарро иҷро кардааст.
Дар синамо бошад, нақши Азимшоҳ дар “Дохунда”, Кова дар “Ливои оҳангар”, Зол дар “Достони Рустам”, Саҳл ибни Мансур дар “Қисмати шоир”-ро офаридааст.
Ҳамчунин ба ҳайси коргардон якчанд намоишномаҳоро ба саҳна гузоштааст. Имрӯз Театри давлатии таҷрибавии тамошобини ҷавон дар шаҳри Душанбе ба номи Муҳаммадҷон Қосимов аст.
Соли 1916 – Зодрӯзи Ғаффор Валаматзода, раққос ва балетмейстери тоҷик. Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистони Шӯравӣ.

Ғаффор Валаматзода
Ғаффор Валаматзода хатмкардаи омӯзишгоҳи мусиқии Ленинобод, омӯзишгоҳи хореографии шаҳри Маскав ва Институти давлатии санъати театрии ба номи А. Луначарскийи шаҳри Маскав аст.
Солҳо раққоси балет дар Театри давлатии опера ва балети ба номи С.Айнӣ ва як муддат роҳбари он буд. Солҳои 1963-72 роҳбари бадеии Филармонияи давлатии Тоҷикистон, аз соли 1965 сарбалаетмейстер ва роҳбари бадеии Ансамбли давлатии рақсии “Лола” ва солҳои 1984-87 раиси Иттифоқи ходимони театри Тоҷикистон буд.
Ғаффор Валаматзода бо иҷрои рақс дар драмаҳои мусиқии “Оршин-мол-олон”, “Восеъ”, “Гулсара”, намоиши мусиқии “Лола”, балети “Ду гул”, рақси “Салла” ва дигар рақсҳо дар хотирҳо устувор нақш бастааст.
Ӯ ҳамчун коргардон як зумра намоишҳои русӣ ва балетҳо ба саҳна гузоштааст, аз ҷумла “Лайлӣ ва Маҷнун”, “Сарчашмаи бахт”, “Эсмералдо”, “Шуриши Восеъ”, “Комде ва Мадан”, “Домоди номдор” ва “Ғуломон”.
Ғаффор Валаматзода 12 декабри соли 1993 дар синни 77-солагӣ аз олам даргузашт. Ба хотираи неки ӯ Ансамбли давлатии рақсии “Лола” ба номи Ғаффор Валаматзода гузошта шудааст.
Соли 1927 – Зодрӯзи Қандил Ҷӯраев, ҷуғрофиёдон ва иқтисоддони тоҷик, собиқ ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон.

Қандил Ҷӯраев
Қандил Ҷӯраев хатмкардаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон буда, солҳо Декани факултаи географияву табиатшиносии ин донишгоҳ буд. Сипас муовини вазири маорифи ҶШС Тоҷикистон, Ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Душанбе ва Раиси Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон буд. Соли 1988 дубора ба вазифаи ректори Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе таъин гардид ва то охири умр дар ин вазифа кор кард.
Ҷӯраев ҳамчун ходими ҷамъиятию давлатӣ солҳо аъзои Кумитаи давлатии Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии илм ва техника, аъзои шуъбаи илмҳои ҷамъиятии АИ Тоҷикистон, вакили Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Ӯ моҳи августи соли 1990 дар синни 63-солагӣ аз олам даргузашт ва бо фармони Президиуми Шӯрои Олии Тоҷикистон аз 9-уми сентябри соли 1991 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко ба номи Қандил Ҷӯраев гузошта шуд. То соли 2007, замоне, ки ин донишгоҳ ба номи Садриддин Айнӣ гузошта шуд, Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон номи ӯро дошт.
Ин олими тоҷик дар давоми фаъолияти худ беш аз 170 асари илмӣ таълиф намудааст.
Соли 1926 – Мавлуди Обид Ҳомидов, нахустин сарвари Телевизиони Тоҷикистон.
Соли 1927 – Зодрӯзи Нуъмон Розиқ, шоир ва нависандаи тоҷик.

Нуъмон Розиқ хатмкардаи Институти давлатии педагогии Душанбе буда, солҳои зиёд муаллим, котиби ташкилоти ҳизбӣ, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ноҳияи Орҷоникидзеобод ва раиси колхози “Ленинград”-и ин ноҳия будааст.
Ӯ соли 1971 муҳаррири рӯзномаи ноҳиявии “Коммуна” таъин шуда, сипас дар вазифаҳои Директори Хонаи истироҳати АИ ҶШС Тоҷикистон ва раиси Иттифоқи касабаи ноҳияи Орҷонкидзеобод ва аз соли 1978 раиси деҳшӯрои Симиганҷ фаъолият кардааст.
Ӯ асосан барои кӯдакон шеър гуфтааст. Китобҳои “Телефони гунҷишк”, “Гулмоҳӣ”, “Бузғолача”, “Лона”, “Чароғҳои гуногун”, “Гулистон” баро кӯдакон таълиф шудаанд.
Нуъмон Розиқ 2 апрели соли 1982 дар синни 55-солагӣ аз олам даргузашт.
Соли 1934 – Мавлуди Собир Султон, шоири тоҷик.
Соли 1939 – Зодрӯзи Ислом Ғуломов, доктори илми педагогӣ, профессор.
Соли 1942 – Мавлуди Мирзо Файзалӣ, Шоири халқии Тоҷикистон.

Мирзо Файзалӣ
Мирзо Файзалӣ шуъбаи шабонаи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм карда, чанд муддат дар рӯзномаи “Меҳнати коммунистӣ” ва беш аз даҳ сол дар маҷаллаи ҳаҷвии “Хорпуштак” фаъолият кардааст. Солҳои 1993-2010 сармуҳаррири рӯзномаи “Шаҳриёр”-и шаҳри Ваҳдат буд.
Мирзо Файзалӣ муаллифи маҷмӯаҳои назмию насрии “Шери тағош”, “Кӯршапарак”, “Бозёфти ҳайратовари доктор Сомонӣ”, “Кайф аз Самак то бар Само”, “Қотили қотилон”, “Сангари номус”, “Бо додҳо, фарёдҳо”, “Ба шумо дурӯғу ба Худо рост”, “Гӯри гумшуда” ва дигар китобҳо аст.
Мирзо Файзалӣ 6-уми декабри соли 2016 дар синни 75-солагӣ дар шаҳри Ваҳдат аз олам даргузашт.
Соли 1946 – Зодрӯзи Сабзалӣ Шарифов, Рассоми халқии Тоҷикистон.

Сабзалӣ Шарифов
Сабзалӣ Шарифов аз хурдсолӣ ба мусаввирӣ рағбати зиёд дошта, дар Омӯзишгоҳи ҷумҳуриявии рассомии ба номи Мирзораҳмат Олимови шаҳри Душанбе ва Институти рассомию театрии ба номи Н. Островскийи шаҳри Тошканд таҳсил кардааст. Ин мусаввири тоҷик беш аз 50 сол дар ҷодаи рассомӣ заҳмат кашидааст. Ӯ ҳамчунин як муддат дар Омӯзишгоҳи рассомии ҷумҳуриявӣ дарс гуфтааст.
Нигоҳи фалсафии ӯ ба воқеияти зиндагӣ, таърихи халқи тоҷик ва қисмати он дар бисёр асарҳояш, бахусус “Боғи анори бобоям”, “Хотираи солҳои дур”, “Шӯриши Восеъ”, “Пахтакорон” (“Пахтаи сиёҳ”), “Рабудани буққаи сурх”, “Нурполо”, “Рушноӣ”, “Гусел”, “Чашма”, “Гаҳвора”, “Аз давра ба давра, аз дида ба дида” ва пайкарнигораҳои “Гулрухсор Сафиева бо писараш”, “Баҳори устод Лоиқ”, “Қуллаҳои устод Муминшо” мунъакис гардидааст.
Соли 1965 – Зодрӯзи Раънои Мубориз, рӯзноманигор ва шоири тоҷик.
Соли 2000 – Бимбулат Ватаев, ҳунарпешаи синамо, ки дар филмҳои маъруфи тоҷикӣ низ нақш офаридааст, дар 61-солагӣ аз олам даргузашт.

Бимбулат Ватаев
Бимбулат Ватаев, ки қаблан дар Осетияи Шимолӣ ҳунарманди театр ва вазири фарҳанги ин кишвар буд, соли 1946 баъди марги падараш дар ҶБВ ҳамроҳи модараш ба Тоҷикистон омада, то соли 1954 дар шаҳри Кӯлоб зистааст. Ӯ забони тоҷикӣ, урфу одат ва анъанаҳои мардуми тоҷикро хуб омӯхт.
Вай дар Тоҷикистон ба ҳунарнамоӣ пардохт ва дар синамои тоҷик як қатор нақшҳои мондагор офарид. Аз ҷумла бинандагони тоҷик ӯро дар нақши Рустам дар филмҳое, ки аз рӯи асари безаволи «Шоҳнома» гирифта шудааст, хуб мешиносанд.
Ҳамчунин ӯ дар филмҳои “Ҳасани аробакаш”, “Бо амри дил”, “Достон дар бораи Рустам” (ду қисм), “Достони Сиёвуш”, “Саргузашти Мунаки хурдакак” нақш офаридааст.
Соли 2020 – Каромат Шарипов, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ ва раҳбари ҳаракати “Муҳоҷирони кории тоҷик” дар синни 57-солагӣ аз олам даргузашт.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
9 майи соли 1945 дар Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамчун рӯзи расмии анҷоми Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷашн гирифта мешавад. Дар ҳамин рӯз, ба фурудгоҳи марказии ба номи Фрунзе дар Маскав ҳавопаймои ҳарбии навъи “Ли-2” фуруд омад, ки санади таслимшавии бечунучарои Олмони фашистиро аз Берлин ба Маскав овард.

Дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ, аз Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон, ки он вақт аҳолиаш тақрибан 1 миллиону 500 ҳазор нафарро ташкил медод, беш аз 300 ҳазор нафар ба ҷабҳа сафарбар шуданд. Аз онҳо тақрибан 92 ҳазор нафар ҳалок ё бедарак гардиданд. Қисме аз онҳо қаҳрамонона ҷангида, бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гаштаанд.
То 18-уми апрели соли 2025 дар Тоҷикистон 17 иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ) боқӣ мондаанд. Соли гузашта теъдоди собиқадорон 24 нафар буд, ки давоми ин муддат 7 нафари онҳо аз дунё гузаштаанд.
Ҳамасола 9-уми май дар як қатор кишварҳои аврупоӣ, бахусус дар кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо ба таври расмӣ Рӯзи Аврупо таҷлил мегардад.
Ин рӯз бо мақсади тақвияти эҳсоси ягонагии аврупоӣ, ҷалби бештари шаҳрвандон ба раванди ҳамгироии сиёсиву иқтисодӣ ва инчунин баланд бардоштани маърифати умумӣ дар бораи арзишҳо ва афзалиятҳои Иттиҳоди Аврупо таъсис ёфтааст.

Рӯзи Аврупо ҳамчун санаи расмӣ соли 2008 аз ҷониби Парлумони Аврупо қабул шудааст ва онро инчунин бо номи “Рӯзи Эъломияи Шуман” мешиносанд.
9 майи соли 1950, дар як суханронӣ дар шаҳри Париж, вазири корҳои хориҷии Франсия Роберт Шуман пешниҳоди таърихие ба миён гузошт. Ӯ пешниҳод кард, ки саноати ангишт ва пӯлод бахшҳои калидии иқтисодиёти он замон дар Фаронса ва Олмони Ғарбӣ таҳти як ниҳоди муштараки байналмилалӣ қарор гиранд.
Ин пешниҳод, ки баъдтар бо номи “Эъломияи Шуман” машҳур гардид, ба таъсиси Иттиҳоди Аврупоии Ангишт ва Пӯлод (ЕОУС) замина гузошт. ЕОУС аввалин созмони фаромиллӣ дар Аврупо маҳсуб мешуд, ки ба таври муштарак соҳаҳои стратегии кишварҳои аврупоиро муттаҳид кард ва поягузори равандҳои баъдии ташкили Иттиҳоди Аврупо гардид.
ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 9 МАЙИ СОЛИ 2025
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли раъду барқ ва боридани жола дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 15+20º гарм, рӯзона 25+30º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7+12º гарм, рӯзона 16+21º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал омада, эҳтимоли раъду барқ ва боридани жола дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 17+22º гарм, рӯзона 26+31º гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 12+17º гарм, рӯзона 20+25º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли раъду барқ ва боридани жола дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 14+19º гарм, рӯзона 24+29º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 10+15º гарм, рӯзона 21+26º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат борида, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 9+14º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 16+18º гарм, рӯзона 21+26º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 28+30º гарм, дар шарқи вилоят шабона -3+2º, рӯзона 12+17º гарм.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли раъду барқ ва боридани жола дар назар аст. Ҳарорат: шабона 17+19º гарм, рӯзона 25+27º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимолан раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: шабона 19+21º гарм, рӯзона 30+32º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Ҳарорат: шабона 19+21º гарм, рӯзона 28+30º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимолан раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: шабона 11+13º гарм, рӯзона 23+25º гарм.