Рубрики Хабарҳо

Нахуствазири Арманистон: оташбас дар Қарабоғ ба таври куллӣ риоят мешавад

Бо гузашти 24 соат аз имзои қарордоди оташбас миёни нерӯҳои Озарбойҷон ва ҷудоиталабони арманӣ дар ноҳияи таҳти муноқишаи Қарабоғи кӯҳистонӣ, Никол Пашинян вазъиятро дар маҷмӯъ пойдор хондааст. 

Никол Пашинян, нахуствазири Арманистон, рӯзи панҷшанбе 21 сентябр тайи як суханронии телевизионӣ эълом кард оташбаси эъломшуда аз рӯзи чаҳоршанбе дар минтақаи мавриди муноқиша Қарабоғи Кӯҳӣ байни ҷудоиталабони арманӣ ва нерӯҳои артиши Озарбойҷон “ба таври куллӣ” риоят мешавад. 

Вай гуфт: “режими оташбас дар Қарабоғи Кӯҳӣ ба таври куллӣ барқарор аст, нақзҳои гоҳ-гоҳ ва маҳдуде сурат гирифта аммо дар маҷмӯъ вазъият пойдор аст.” 

Ҳамзамон Маскав, ки нерӯҳои ҳофизи сулҳаш дар ин минтақа мустақар ҳастанд, эълом кардааст панҷ мавриди нақзи оташбас аз замони барқарории он гузориш шудааст. 

Нахуствазири Арманистон рӯзи панҷшанбе дар суханронии худ Русияро муттаҳам кард, ки нерӯҳои ҳофизи сулҳи ин кишвар дар маъмурияти худ шикаст хӯрдаанд. Вай гуфт: “ман фикр намекунам, ки бояд чашмамонро бар шикасти нерӯҳои (ҳофизи сулҳ) дар Қарабоғи кӯҳистонӣ бубандем.” 

Нерӯҳои ҳофизи сулҳи Русия пас аз охирин муноқишаи низомӣ байни ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон дар тирамоҳи соли 2020 дар минтақа истиқрор ёфтаанд. Ин дар шароите аст, ки Озарбойҷон таъйид карда шаш сулҳбони русӣ дар ҷараёни ҳамлаи нерӯҳои ин кишвар ба Қарабоғ кушта шудаанд. 

Дар ҳамин ҳол нахуствазири Арманистон итминон дод, ки ин кишвар омода аст дар сурати лузум аз “беш аз 40 ҳазор хонаводаи” сокин дар Қарабоғи Кӯҳӣ истиқбол кунад; Ҷое, ки ҷудоиталабони арманӣ рӯзӣ чаҳоршанбе дар пайи як ҳамлаи низомии барқосо аз сӯи Озарбойҷон таслим шуданд. 

Никол Пашинян бо баёни ин ки ҷамъияти ғайринизомии Қарабоғ дар ин марҳала бо “таҳдиди мустақим” рӯ ба рӯ нестанд, гуфт: “мо утоқҳоро дар ҳотелҳо резерв кардаем, маконҳоеро барои истиқбол аз онҳо муҳайё кардаем. Мо ҳама чизро барои пазироӣ аз беш аз 40 ҳазор хонаводаи ин сарзамин, ки умдатан арманиҳо ҳастанд, омода кардаем.” 

Дар он су ҷудоиталабони армании таслимшуда рӯзи панҷшанбе пас аз аввалин даври гуфтугӯҳои сулҳ дар шаҳри Евлах дар ғарби Боку эълом кардаанд омодаи идомаи музокирот бо Озарбойҷон ҳастанд. 

Ин гурӯҳ дар баёнияе дар бораи даври нахуст ин гуфтугӯҳо овардааст: “тарафайн бар лузуми баҳс дар мавриди ҳамаи мавзӯъоти мавҷуд дар муҳити мусоламатомез таъкид карданд ва омодагии худро барои идомаи дидорҳо эълом карданд.” 

Артиши ҷумҳурии Озарбойҷон субҳи рӯзи сешанбе амалиёти таҳоҷумӣ алайҳи нерӯҳои ҷудоиталаб дар минтақаи Қарабоғи Кӯҳиро оғоз кард. Вазъияти ин минтақа ва инсидод танҳо масири мунтаҳӣ ба он тайи моҳҳои гузашта дар равобити Боку ва Ереван танишофарин буд. 

Ду тараф пас аз 24 соати даргирӣ ба тавофуқи оташбас даст ёфтанд. Ин тавофуқ пирӯзии муҳимме барои Илҳом Алиев раисҷумҳури Озарбойҷон маҳсуб мешавад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *