Субҳи имрӯз бар асари як заминҷунбӣ дар минтақаи Кирмони Эрон 42 нафар ҷароҳат бардошта, беш аз 50 манзили истиқоматии сокинон осеб дидааст. Ба гузориши расонаҳои эронӣ, ин заминҷунбӣ субҳи 1-уми декбар соли 2017, соати 06:02 ба вақти маҳаллӣ анҷом шудааст, ки бар асоси ҷадвали Рехтер шиддати он 6,1 баллро дар маркази он, рустои Ҳеҷдак, яке аз деҳаҳои устони Кирмони Эрон нишон медиҳад. Як намояндаи Кирмон дар парлумони Эрон ба расонаҳо гуфтааст, ки ҳам шиддати ин занминҷунбӣ зиёд буд ва ҳам замони он тӯлонӣ, аммо бо вуҷуди тарокуми рустоҳо, Худоро шукр, то кунун ҳеч талафоти ҷоние ба қайд гирифта нашудааст. Расонаҳои эронӣ мегӯянд, ки пас аз заминҷунбӣ беш аз 50 пасларза низ дар ин минтақа ба қайд гирифта шудааст, ки шиддати онҳо ба андозаи 5,5 балӣ бар асоси ҷадвали Рехтер ба қайд гирифта шудааст. Баъд аз ин ҳодиса, мардум ва ниҳодҳои вобастаи ҳукуматӣ ва ғайриҳукуматии ин кишвар ба кумаки зарардидагон шитофтаанд. Масъулини дахлдори ин ҳодиса низ дар ҳоли арзёбии хисороти ворида шуда ба мардум ва минтақаанд.
Рубрики
Хабарҳо