Узбакистон қасд дорад дар мавсими тирамоҳу зимистони оянда аз Туркманистон 4 миллиард киловатт-соат нерӯи барқ харидорӣ кунад.
Шерзод Асадов, котиби матбуотии раисиҷумҳури Узбакистон ба расонаҳои узбекӣ дар ин бора хабар дода гуфтааст, ки дар ҷараёни сафари ахири Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбакистон ба Туркманистон дар ин бора тавофуқ ҳосил шудааст.
Тафсилот, аз ҷумла маълумот дар бораи қимати нерӯи барқи Туркманистон барои истеъмолкунандагони Узбакистон, ифшо нашудааст.
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон ҳамасола дар давраи баҳору тобистон (апрел-август) ба Узбакистон то 1,5 миллиард киловатт-соат нерӯи барқ содир мекунад.
Интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистон ба Узбакистон аз моҳи апрели соли 2018 пас аз танаффуси 9-сола бар асоси қарордодҳои ҳамасола аз ҷониби ширкатҳои барқи ду кишвар аз сар гирифта шуд.
Ҳар киловатт нерӯи барқи Тоҷикистон барои Узбакистон 2 сент аст.
Тарофаи поин барои Узбакистон ба он аст, ки Тоҷикистон дар навбати худ гази табиии Узбакистонро бо нархи арзон қабул мекунад.
Дар Туркманистон тақрибан 90% нерӯи барқ дар нерӯгоҳҳои ҳароратӣ ҳосил мешавад ва дар Тоҷикистон қариб 95% нерӯи барқ дар нерӯгоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешавад.
Ба далели кам шудани об дар фасли тирамоҳу зимистон Тоҷикистон дар фасли сармо ба камбуди нерӯи барқ мувоҷеҳ мешавад.