Идора кардани буҷаи оила, махсусан барои занҳо як қадами муҳим дар роҳи расидан ба сарватмандӣ аст. Шаш қадами оддӣ мавҷуд аст, ки риояи онҳо кумак мекунанд, то вазъи молиявии занҳо беҳтар гардида, ба зиндагии шоиста расанд.
Арзёбии вазъи молиявӣ
Аввал, тамоми даромадҳои оиларо рӯйхат кунед: маоши доимӣ, кумакпулӣ ва дигар манбаъҳои даромади иловагӣ. Сипас, хароҷоти моҳонаро муайян намоед: хӯрокворӣ, хизматрасонӣ, нақлиёт, таҳсил, тандурустӣ, қарз ва ғайра. Баъд аз ин, фарқ байни даромад ва хароҷотро ҳисоб кунед, то фаҳмед, ки чӣ қадар маблағ мемонад ё намерасад.
Сохтани буҷаи оилавӣ
Хароҷот низ ба се гурӯҳ ҷудо карда мешавад:
– зарурӣ – хариди маҳсулоти ғизоӣ, пардохти ҳақи истифодаи обу барқ ва дигар хизматрасониҳо;
– муҳим – таҳсили фарзандон, либос, нақлиёт;
– ихтиёрӣ – истироҳату фароғат, хариди ашёи гарон.
Барои ҳар гурӯҳ маблағи муайян (лимит) таъин кунед. Кӯшиш намоед, ки аз он зиёд харҷ накунед.
Пасандоз ва сармоягузорӣ
Камаш 10% аз ҳар даромад пасандоз кунед. Дар бонк ё ҷойи бехавф ҳисоби махсус кушоед, то дар ҳолатҳои изтирорӣ истифода шавад. Агар имкон дошта бошед, сармояи худро дар ҷойҳои боэътимод нигоҳ доред: пасандоз дар бонк ё фаъолияти соҳибкории хурд.
Ба даст овардани даромади шахсӣ
Агар даромади шахсӣ надоред, роҳҳои ба даст овардани онро ҷустуҷӯ кунед. Касб омӯзед: дӯзандагӣ, пухтупаз, ҳунармандӣ ва ғайра. Ҳатто шумо метавонед аз хона истода кор кунед. Масалан, чизе тайёр кардаву онро онлайн фурӯшед.
Омӯзиш ва рушди шахсӣ
Кӯшиш кунед, ки саводи молиявиро низ беҳтар созед. Дар курсҳои махсус иштирок намоед, китобу мақолаҳои вобаста ба саводи молиявро хонед, видеоҳо тамошо кунед. Ба фарзандонатон низ омӯзонед, то ба пулу сарватҳои хона чӣ гуна муносибат кунанд.
Тасмими муштарак дар оила
Дар масъалаҳои молиявӣ бо ҳамсар ва фарзандони калонсол маслиҳат кунед. Ҳамфикрӣ дар оила муфид аст. Зеро мегӯянд, ки “ҷомаи бе маслиҳат кӯтоҳ намеояд”. Якҷо буҷаи оиларо тартиб дода, нақшаи пасандозро муайян созед. Масъулият ё вазифаҳоро байни худ тақсим кунед. Дар охири ҳар моҳ натиҷаҳоро якҷо таҳлил намоед.
Усмон РАҲИМЗОДА
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube