Кишварҳои мусалмоннишин бояд билофосила таҳрими молҳои фаронсавиро қатъ кунанд. Чунин як талабро вазорати хориҷаи Фаронса кардааст.
Ин вазорат гуфтааст вақтҳои охир дар бархе кишварҳои мусалмоннишин даъвати таҳрими молҳои истеҳсоли Фаронса, аз ҷумла маҳсулоти кишоварзии ин кишвар ба назар мерасанд. Ин даъватҳо “беасосанд ва бояд бидуни таъхир қатъ шаванд, ҳамчунин ҳуҷумҳои лафзӣ ба Фаронса, ки бархе гурӯҳҳои ифротгаро ба нафъи худ истифода мекунанд” — изҳор кардааст ВКХ Фаронса.
Париж ҳамчунин аз раҳбарони кишварҳои мусалмоннишин хостааст аз даъват ба таҳрими молҳои Фаронса худдорӣ карда, ба ширкату корхонаҳои ин кишвар дар фаъолияташон кӯмак кунанд.
Баъди изҳороти Макрон дар бораи ислому мусалмонон даъвати таҳрими молҳои фаронсавӣ дар бештари кишварҳои мусалмоннишин баланд шуданд. Мағозаҳои Қатар молҳои фаронсавиро аз рафҳо бардоштанд ва то пур кардани онҳо бо молҳои маҳаллӣ, ин рафҳо холӣ буданд. Чанд ширкати кувайтӣ низ эълон карданд аз харидани молҳои фаронсавӣ худдорӣ мекунанд.
Дар бештари кишварҳои мусалмоннишин худи мардум аз харидории молҳои фаронсавӣ даст кашидаанд.
Гуфтанист Эммануел Макрон, раисҷумҳури Фаронса баъди қатли як муаллим аз тарафи ҷавони чечентабор ба хотири намоиш додани карикатура ба Паёмбари ислом (с) эълон кард Фаронса аз озодии сухан, аз ҷумла карикатура даст бардоштанӣ нест. Ӯ гуфт дини ислом вориди як бӯҳрон шудааст.
Ҳамчунин мақомоти Фаронса эълон карданд алайҳи ифротгароии исломӣ дар ин кишвар муборизаи беамонро шурӯъ хоҳанд кард. Макрон гуфт “бояд ислом дар Фаронсаро аз таъсири хориҷӣ ҳифз кард ва назорати сармоягузории масоҷидро сахттар намуд”. Ӯ ҳамчунин гуфт бояд ҳамроҳ бо Шӯрои мусалмонони Фаронса созмонеро ташкил дод, ки “исломи пешрафта” дар ин кишварро бунёд кунад.