Минбаъд дар Ӯзбекистон, роҳбароне, ки кормандони худро бо ҷойи кор таъмин намекунанд, ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Ин гуфтаҳо аз забони президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар конфронс (видеоселектор) бахшида ба натиҷаҳои 9- моҳа дар соҳаи саноат Таҳти раёсаташ баргузор шуд садо доданд .
Шавкат Мирзиёев гуфт, дар натиҷаи чораҳои андешидашуда дар шароити пандемия, афзоиши ММД мусбат боқӣ монд. Аммо дар чунин вазъияти душвор, дар он соҳаҳое, ки маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ба сатҳи пешбинишуда нарасонидаанд, мо роҳбарони минтақаро аз вазифа сабукдӯш мекунем ва ба ҷавобгарӣ мекашем.
Мирзиёев афзуд, «Мо ҳама шароитҳоро муҳайё кардем. Чӣ гуна роҳбаре, ки аз чунин имкониятҳо истифода намекунад, кор карда метавонад?».
Президенти Узбекистон инчунин эълом дошт, ки корхонаҳои давлатӣ дигар боқӣ нахоҳанд монд. Қайд кард, ки дар системаи идоракунии корхонаҳои саноатӣ мушкилот мавҷуданд ва зарурати арзон кардани арзиши аслии маҳсулот мебояд. Дар ҷаласа супориш дода шуд, ки то охири сол истихроҷи гази табииро афзоиш дода, бозори дохилиро масъулин бо гази иловагӣ таъмин намоянд.