Исломҷон Саидов
Ҳафтае қабл суҳбате доштам атрофи мавзуъи “ Оё равост мусалмонеро ба хотири иштибоҳу хатояш кофир ва мушрику муртад хонд”, дар он навор бештар талош кардам умуми суҳбат кунам ва бо такя бо чанд ҳадисе, ки аз Паёмбари Худо овардам, тавзеҳ бидиҳам, ки бархурди як мусалмон бо бародараш дар сурате, ки аз ӯ хатое сар мезанад чӣ гуна бошад, ва набояд дар содир кардани ҳукм бар алайҳи он ба саросемагӣ роҳ дода шавад. Ҳамчунин аз мушоҳида ва мутолеъаи матолибе, ки дар робита ба мавзуъи мавриди назар (кофиру мушрик ва мунтад хондани мусалмоне) назарамро бардоштамро баён доштам, ки аксари ин кофирхонданҳо беасос ва ба хотири ихтилоф дар масоили иҷтиҳодӣ ва фуруъи дин мебошад.
Вале таври маълум ин навор бархеҳоро нороҳат кардааст ва гуиё мо бо ин корамон ҷинояти сангине анҷом дода бошем, ки онҳо шуруъ карданд, ба иттиҳомзанӣ нисбати банда. То онҷо пеш рафтанд, ки бандаро мушрик, гумроҳ, ҷоҳилу зиндиқ, хулоса ҳарчӣ тавонистанд нисбати банда раво диданд. Илова бар ин, суханҳоеро ба ман нисбат додаанд ва туҳмат заданд, ки ҳеҷ яке аз онҳо дар мақола ва навори банда дида намешавад. Дар зимн нафарони дигаре ҳам суолоте матраҳ карданд ва хостгори тавзеҳи бештар дар ин масала шуданд. Аз ин бархурдҳо ба ин натиҷа мерасем, ки ин мавзуъ ниёз ба вақт ва шарҳу тавзеҳи бештар дорад, то барои азизоне, ки мехоҳанд маълумоти бештар пайдо намоянд, муфид воқеъ гардад. Аз ин хотир зарур шуморидам дар як мақола ва навори дигаре ба ин мавзуъ дубора баргардам.
Азизони бинанда, мавзуъи ҳукм ба куфр кардани шахси мусалмон ва муъмин ба Худову Паёмбар (с) масалае нест, ки ҳар касу нокасе хост ба он машғул шавад ва бо афкору андешаҳои каҷ ва носозгораш ба таълимоти Исломи азиз, ҳайсияту обурӯи мусалмононро дар байни ҷомеъа бирезонад ва онҳоро аз ҳуқуқҳои исломияшон маҳрум созад. Ин мавзуъ на танҳо обурӯ ва ҳайсияти нафари туҳматшударо дар ҷомеъаи мусалмонон аз байн мебарад ва ӯро аз ҳуқуқҳояш маҳрум месозад, балки бар шахси такфиркунанда низ сахт тамом мешавад ва дар сурати умумӣ шудани ин падида метавонад мунҷар ба барҳам задани назму низом дар ҷомеъаҳо гардад. Аз ин ҷо аст, ки ҳам дар ояти Қурон ва ҳам дар аҳодиси Паёмбар аз он ба шиддат наҳйи шудааст.
وَلَا تَقُولُوا لِمَنْ أَلْقَىٰ إِلَيْكُمُ السَّلَامَ لَسْتَ مُؤْمِنًا
“Ва ба он касе, ки изҳори ислом кунад ва даъвати шуморо қабул кунад, нагуед, ки ту муъмин нестӣ.”
Дар ин оят дастур ба ин аст, ки набояд шахси мусалмон дар кофир хондани нафаре, ки дар он нишонаҳои Ислом дида мешавад шитоб кунад, балки ба зоҳири он ҳукм намояд ва бар асоси он бо ӯ бархурд кунанд, зеро ончӣ дар ботини ӯ аст назди Худо аст. Тафсири Васит, Муҳаммад Сайид Тантовӣ ҷ. 1, саҳ 1038
Паёмбар (с) дар чандин ҳадис аз хатари ин падида мусалмононро ҳушдор медиҳад. “Ҳарки муъминеро ба кофир будан туҳмат бизанад, пас қотили ӯ ба шумор меравад.”Мафҳуми ҳадис, Ривояти Тирмизӣ Чун бо ин амалаш ҳайсияту обурӯи мусалмонеро дар ҷомеъа аз байн мебарад ва аз ҷиҳати маънавӣ ва динӣ ӯро нобуд месозад.
Дар ҷое дигар мефармояд: “ Ҳарки ба бародари муъминаш кофир гуфта хитоб намояд, ҳатман ин ҳукм ба яке аз он ду нафар бархоҳад гашт. Агар шахси туҳмат шуда аз он барӣ бошад, ҳатман бар худи гуяндаи ин сухан бархоҳад гашт.” Мафҳум ҳадис. Молик, Бухорӣ, Муслим ва ғайра
Пас оё бо вуҷуди ин ҳама ҳушдорҳои Расули Худо (с) метавон хатарҳои ин падидаро бар ҷомеъаҳои мусалмонӣ нодида гирифт.
Дарвоза ва ё калиди ворид шудан ба Ислом
Одатан барои ворид шудан ба ҳарчизе дарвоза ё калиде вуҷуд дорад, ки дохили он чиз хоҳед шуд. Барои ворид шудан ба Ислом низ чунин дарвоза ва калид вуҷуд дорад, ки инсон бо пайдо кардани он вориди ин дини зебои Ислом мегардад. Аҳодиси зиёде дар ин маврид ворид шудааст, ки дарвоза ва ё ҳамон калиди ворид шудан ба Исломро калимаи тайиба لا اله الا الله محمد رسول الله ва ё калимаи шаҳодат медонад. Инчунин аҳодиси воридшуда дар ин боб далолат бар он доранд, ки ҳар инсон яке аз ин ду калимаро аз рӯи сидқу ихлос ба забон биёврад ва бо ин ҳол аз дунё бгузарад, ин ду калима сабаби раҳоии ӯ аз дузах ва ворид гаштанаш ба ҷаннат мешавад. Шарти асосӣ барои мусалмон шудан нафаре, иқрору эътирофи ин ду калима ва тасдиқи он мебошад.
Баёни як қоида
“Яқин ҳеҷгоҳ бо шакку шубҳа бартараф нахоҳад шуд.”
Дар Ислом ин қоида вуҷуд дорад, ки инсон вақте бар вуҷуди амре яқин ҳосил кард ва баъдан дар мавриди он барояш шакке пеш омад, он яқин аз байн намеравад, магар бо яқин. Пас вақте шахсе дар Ислом бо боварӣ ва яқин ворид мешавад барои хориҷ шудани ӯ аз доираи Ислом ҳуҷҷатҳои қатъӣ ва далоили муҳкам ва радношаванда мебояд. Шайхулислом Ибни Тайимия мефармояд: من ثبت ايمانه بيقبن لم يزل ذلك عنه بالشك بل لا بزول الا بعد اقامة الحجة
Ҳарки имонаш бо яқин собит мешавад, он имон аз ӯ бо шакку шубҳа дур намегардад, балки дур намешавад магар баъди иқомаи ҳуҷҷат ва далели қотеъ.
Он яқине, ки шахси мусалмонро аз дин хориҷ мекунад, ҳамонтавр, ки уламо дар китобҳои худ зикр мекунанд инҳоянд.
— Инкор намудани яке аз заруриёти дини Ислом
-Ҳалол шуморидани ҳароме, ки ҳурмати он бо далелҳои қатъӣ собит шуда бошад
— Гуфтор ва кирдоре аз ӯ сар занад, ки ғайри куфр эҳтимоли дигаре дар он вуҷуд надошта бошад.
Бархурди асҳоби Расули Худо (с) бо ин падида
Онгуна, ки таърих барои мо қисса мекунад, шурӯъ аз солҳои охири хилофати ҳазрати Усмон (р) ихтилофоти зиёде байни саҳоба (р) ба мушоҳида мерасад, ва баъди аз дунё рафтани хазрати Усмон (р) ин ихтилофот шиддат мегиранд, ҳатто дар чанд мавориде мунҷар ба ҷангҳои хунин мешаванд, вале бо ин вуҷуд тарафҳои даргир якдигарро мусалмон медонистанд ва бар куштаҳои ҳамдигар намоз мегузориданд.
То он замон, ки фирқаи Хавроиҷ зуҳур кард ва шурӯъ намуд ба кофир хондани рақибони худ, вале бо ин вуҷуд тарафи дигар, ки ҳазрати Алӣ (р) ва дигар саҳобаҳои киром қарор доштанд, аз кофир хондани онҳо худдорӣ мекарданд. Маълум аст, ки ин амали ҳазрати Алӣ (р) ва дигар саҳоба, ки аз кофир хондани аҳли қибла худдорӣ мекарданд, ҳатман баргирифта аз роҳнамоиҳои Паёмбари Худо (с) мебошанд. Инчунин ривоят шудааст, ки аз Ҷобир (р) пурсида шуд: Оё шумо касе аз аҳли қибларо мушрик мехондед? Ҳазрати Ҷобир (р) мегуяд: Паноҳ бар Худо! Ин суол ӯро бисёр нороҳат месозад. Боз пурсида шуд: Оё нафаре аз онҳоро кофир хондаед? Дар ҷавоб гуфт: На. Ривояти Абуяъло ва Табаронӣ
Ақволи Уламо
Дар матлаби қабли афроде бандаро чунин туҳмат заданд, ки гуиё барои ман назари уламо лозим набошад ва хостанд ақволи уламоро барои ин гуфтаҳоям зикр кунам. Агарчӣ дар матлаби қабли низ ҳарчӣ гуфтам бо такя ба аҳодис ва назари уламои динӣ буд, аммо танҳо ба хотири ба дарозо накашидани мавзуъ назари уламоро бо овардани алфози арабӣ ва манбаъҳо зикр накардам. Дигар ин ки ин гурӯҳ чун худашон ҳамеша тақлид мекунанд, вазифаашон низ танҳо нақли қавли дигарон аст ва тавони андеша кардан ва назар доданро дар масалае надоранд, вақте дигарон назар ё фикреро матраҳ карданд, барояшон сахт тамом мешавад ва онро як амали ғайри шаръӣ ва бидъат ба шумор меоваранд, агарчӣ он назар ва андеша баргирифта аз оёту аҳодис ҳам бошад. Ба ҳар ҳол инҷо ақволи чанде аз уламоро зикр хоҳам кард, он ҳам на барои ин тоифа балки барои умум то мавриди истифодаи азизон қарор бигирад.
Дар китоби “Мавоқиф” , ки муаллифаш Иззудуддини Иҷҷӣ ва шарҳи он аз Сайид Шарифи Ҷурҷонӣ, аз умдатарин китобҳои уламои мутаахири ашъариҳо аст омадааст. “Ҷумҳури мутакаллимин ва фуқаҳо бар ин назаранд, ки ҳеҷ яке аз аҳли қибла набояд кофир хонда нашавад.” Дар инҷо аз Абулҳасани Ашъарӣ нақл мекунанд, ки ӯ дар аввали яке аз китобҳояш бо номи Мақолоту-л-исломийин, овардааст. “Мусалмонон баъд аз Паёмбар (с) дар мавориди зиёде бо ҳам ихтилоф карданд, бархе бархеи дигарро гумроҳ хонданд ва баъзе аз баъзеи дигар бароат ҷустанд,ки дар натиҷа ба гурӯҳҳои ҷудогонае тақсим шуданд, аммо Ислом ҳамаи онҳоро якҷо ҷамъ мекард ва дар худ фаро мегирифт.” Ин мазҳаби ишон аст ва бештари асҳоби ӯ низ бар ҳамин назаранд. Аз имом Шофеъӣ нақл шудааст, ки мегуфт: “Гувоҳии ҳеҷ яке аз аҳли қибларо рад намекунам ба ҷуз Хитобияҳоро, зеро онҳо дурӯғ гуфтанро ҳалол медонанд. Инҷо низ бо такя ба китоби Мунтақо аз Абуҳанифа нақл шудааст, ки ӯ низ ҳеҷ касе аз аҳли қибларо кофир намедонистанд. Абубакри Розӣ ва Кархӣ ва ғайра низ аз Абуҳанифа чунин риврят кардаанд. Шарҳи Мавоқиф, Қозӣ Ҷурҷонӣ ҷилди 8, саҳ.339
Ибни Тайимия дар Маҷмуъ-л-фатово 32/100 мегуяд: “Тасаллути ҷоҳилон бар кофир хондани уламои мусалмонон аз ҷумлаи мункароти бузург маҳсуб мешавад. Асли ин кор (такфири уламо) аз Хавориҷ ва Равофиз ба вуҷуд омада, онҳо аимаи мусалмононро кофир мехонданд, зеро бар ин бавар буданд, ки онҳо дар умури дин ба хато рафтанд. Дар ҳоле, ки аҳли суннат ва ҷамоат итифоқи назар доранд, ки такфири уламои муслимин ба хотири хатоҳое, ки аз онҳо (дар натиҷаи иҷтиҳо, на аз руи қасд) сар мезанад ҷоиз нест. Балки назари ҳар нафаре метавонад мавриди қабул ва рад воқеъ шавад, ба ҷуз қавли Паёмбар (с). Бино бар ин нест, ки қавли ҳар нафаре, ки ба хотири хатояш рад карда мешавад, мавриди ҳамла қарор дода шавад ва кофиру фосиқ, балки гунаҳгор дониста шавад.
Имом Заҳабӣ дар “Сияру аъломӣи-н-нубалло” 15/88 ба нақл аз Зоҳири Сарахсӣ, мегӯяд: “Вақте Абулҳасани Ашъарӣ дар Бағдод дар хонаи мо бар бистари марг буданд, маро назди худ хонданд ва гуфтанд:” Бар ин гуфтаи ман гувоҳ бошед, ки ман ҳеҷ нафаре аз умматро кофир нахондаам. Баъдан ин сухани Паёмбар (с) ро ҳамчун далел мехонд:“Бар таҳорат муҳофизат намекунад, магар шахси муъмин, пас ҳар ки бар адои намозҳо бо таҳорат пойбанд бошд, дар ҳақиқат ӯ мусалмон аст.”
Заҳабӣ мегуяд: ман низ бо ҳамин назар мувофиқам ва инчунин буд назари шайхи мо Ибни Тайимия дар охирон рузҳои зиндагонияш. Ӯ мегуфт: “ Ман аҳаде аз умматро кофир нахондаам.” Чун Паёмбар (с) фармудаанд: “ Бар таҳорат муҳофизат намекунад, магар шахси муъмин, пас ҳар ки бар адои намозҳо бо таҳорат пойбанд бошд, дар ҳақиқат ӯ мусалмон аст.”
Дар китоби Хулоса ва дигар китобҳо омадаст: “ Ҳар масалае, ки дар он чанд ваҷҳ барои кофир хондани шахс вуҷуд дошта бошад ва як ваҷҳ вуҷуд дорад, ки аз кофир хондан манъ мекунад, бар муфтӣ лозим аст, ки ба он ваҷҳе тамоюл дошта бошад, ки куфрро манъ мекунад, то нисбати мусалмоне нияти нек карда шавад.” Баҳру-р-роиқ Ибни Наҷим ҷ. 5, саҳ. 210
Дар инҷо бо ҳамин миқдор басанда мекунем, чун ончӣ ҳамчун намуна оварда шуд, хулосаи назари ҷумҳури уламои Ислом дар робита ба ин масала аст. Дустон худ хулоса кунанд!