Рубрики Хабарҳо

Асъор ва иқтисод 22.10

Нархи арз

Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз 22 октябр эълон кард. 

Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон

1 доллари ИМА — 10 сомониву 33 дирам

1 евро – 12 сомониву 26 дирам;

100 рубли русӣ 13 сомониву 33  дирам мебошад.

******

Нархи тилло

Баҳои ҳар унс тилло дар муъомилоти субҳи  имрӯз  миёни бонкҳои Лондон  1917 доллару 14 сент муомила шуд. 

******

Нархи ҷаҳонии нафти хом

Нархи миёнаи фурӯши ҳар бушка нафти хоми таҳвили моҳи оянда дар  биржаҳои Inter Continental Exchange (ICE) — ICE Brent Crude Futures-и Лондон 41 доллар 93 сент муъомила шуд.

Нархи миёнгаи ҳар бушка нафти хоми таҳвили моҳи оянда дар биржаҳои New York Mercantile Exchange (NYMEX) ва Light Sweet Crude Oil-и Нюйорк 40 доллару 21 сент муомила шуд.

*******

Бо вуҷуди эълони 15 дарсад боло рафтани нафақа дар Тоҷикистон аз 1 сентябр, танҳо маоши баъзеҳо 10 фоиз афзудааст ва баъзеҳо аслан зиёд нашудаанд.

Азия Плюс менависад, талошҳои ин хабаргузорӣ барои дарёфти тавзеҳи масъулони агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва умури нафақахӯрони Тоҷикистон бе натиҷа мондааст ва ба тамосҳо бо шумораи телефонҳои ин ниҳод, ки дар сомонаи расмии он мавҷуд аст, касе посух намедиҳад. 

Ин дар ҳоле, аст ки мақомоти ин агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ  қаблан эълом карда буданд, ки дар нуҳ моҳи гузашта бо норасоии 147 миллион сомонӣ барои пардохти маоши 711 ҳазор нафақахӯр рӯ ба рӯ будаанд.

Аз сӯи дигар, ҳадди аққали нафақаи моҳона дар Тоҷикистон 303 сомонӣ (муодили 30 доллар) -ро ташкил медиҳад, ки ин музди пасттарин дар байни кишварҳои Осиёи Марказист.

Ҳамин тариқ, шумораи зиёди нафақахӯрон дар Тоҷикистон бар онанд, ки афзоиши 15 дар садии маош барои онҳо аҳамият надорад ва ба афзоиши таваррум, ки дар натиҷаи паҳншавии вируси корона ба амал омадааст, посух намедиҳад.

*******

Истеҳсоли гӯшти мурғ дар Тоҷикистон аз аввали соли равон беш аз ду баробар афзудааст.

Тибқи маълумоти Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, дар моҳҳои январ-сентябри соли равон дар кишвар беш аз 19,6 ҳазор тонна гӯшти мурғ истеҳсол карда шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 маротиба зиёд аст.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар, истеҳсоли гӯшти чорвои калон ва хурд дар ин давра 3,3 дар сад афзуда, беш аз 136,6 ҳазор тоннаро ташкил дод.

Дар Тоҷикистон имсол тавлиди гӯшт ба 245 ҳазор тонна расонида шудааст. Ин дар пешгӯии нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020 оварда шудааст.

Дар айни замон, гузориш дода намешавад, ки чӣ гуна таъмин кардани ин нишондиҳандаи истеҳсолот пешбинӣ шудааст ва ин пешгӯӣ маълумот дар бораи талаботи солонаи кишвар ба гӯштро дар бар намегирад.

Дар ҳоли ҳозир, арзиши бозории як кило гӯшти гов дар Тоҷикистон 54-56 сомонӣ аст. 

Коршиносон мегуянд, дар ҳоле мақомот аз афзоиши истеҳсоли гушти парандаву чорво  ҳарф мезананд, ки мардум дар  ҳолати буҳрони иқтисодӣ қарор дорад ва талабот ба гушт дар  Тоҷикистон хеле кам шудааст.

*******

Тоҷикистон дар ҷаҳон дар бистгонаи кишварҳое мебошад, ки  нисбат ба даромад арзиши қимматтарини хӯрокворӣ доранд. Дар ин ҷо, барои хӯроки нисфирӯзӣ ё шоми оддӣ, шумо бояд ба ҳисоби миёна 13 дар сад даромади ҳаррӯзаи худро сарф кунед.

Тавре Eadaily.com бо истинод ба Созмони Милали Мутаҳид хабар медиҳад, Судони Ҷанубӣ дар рӯйхати кишварҳое, ки арзиши ғизо нисбат ба даромад баландтарин аст, боз ҷои аввалро ишғол кард. Пеш аз пандемия, сокинони ин кишвар ба ҳисоби миёна 27 дар сади даромади ҳаррӯзаи худро барои як табақ хӯрок сарф мекарданд ва ҳоло он 186 дарсадро ташкил медиҳад. Инҳоянд хулосаҳои муаллифони рейтинг дар  гузориши солонаи Барномаи Умумиҷаҳонии Озуқаворӣ (WFP).

Сокинони Судони Ҷанубӣ бояд ба ҳисоби миёна тақрибан ду рӯз кор кунанд, то як табақ ғизои оддитарин, аз қабили биринҷ ва лӯбиёро дастрас кунанд.

Ба бист кишвари аввал, ки хароҷоти нисбии хӯрокворӣ баландтарин аст, 17 кишвари африқои тропикӣ шомиланд. Нархи хӯрокворӣ дар он ҷо асосан аз ҳисоби муноқишаҳои мусаллаҳона боло меравад. Ҳарчанд, албатта, омилҳои дигар, аз ҷумла пандемия нақши муҳим доштанд.

Ба гуфти раиси Барномаи Умумиҷаҳонии Озуқаворӣ  WFP Дэвид Биасли «Гузориши нави  нишон медиҳад, ки дар паси гуруснагӣ нерӯи харобиовари муноқишаҳо, тағирёбии иқлим ва бӯҳрони иқтисодӣ истодааст, ки ҳоло ба он пандемияи Covid-19 илова карда шудааст».

Яке аз кишварҳои ИДМ Тоҷикистон низ ба бистгонаи давлатҳои хурокашон нисбат ба даромади мардум қимматтарин шомил аст. Дар Тоҷикистон, барои хӯроки нисфирӯзӣ ё шом, шумо бояд ба ҳисоби миёна 13 дар сад музди меҳнати ҳаррӯзаи худро сарф кунед. Барои муқоиса, дар Ню-Йорк, ки яке аз сарватмандтарин шаҳрҳои ҷаҳон аст, як табақ ғизои арзон ба ҳисоби миёна 0,6 дар сади даромади ҳаррӯзаи шуморо ташкил медиҳад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *