Рубрики Pressa

Намоиш-фурӯши молу маҳсулоти хушсифати ватанӣ бо нархҳои дастрас дар Кохи Борбад!


Рӯзҳои 15, 16 ва 17-уми майи соли равон бо ибтикори Агентии рекламавии “Тайрон” ва Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон дар Кохи Борбад намоиш-фурӯши маҳсулоти хушсифати ватанӣ баргузор хоҳад гашт. Кадом ширкатҳо дар ин ярмарка молу маҳсулоти худро ба харидорон пешкаш менамоянд? 

Дар намоишгоҳи мазкур кадом намудҳои маҳсулотро пайдо кардан мумкин аст?

Ҳадаф аз ташкили ярмарка чист? Барои ба ин ва дигар саволҳои худ посух гирифтан, мо бо Директори Агентии рекламавии “Тайрон” Шаҳноза Ҳамдамова ҳамсуҳбат гаштем ва инак фишурдаи суҳбатро манзуратон месозем.

– Шумо ҳамасола дар Кохи Борбад намоиш-фурӯши маҳсулоти ватаниро ташкил мекунед. Ҳадаф аз  гузаронидани ин чорабинӣ чист?

– Ташаккур, ки ба ин иқдоми мо таваҷҷуҳ зоҳир намудед. Пеш аз ҳама бояд бигӯям, ки рӯзҳои 15, 16 ва 17-уми май намоиш-фурӯши маҳсулоти хушсифати ватанӣ дар Кохи Борбад бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи хеле машҳур ва овозадори “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон” баргузор мегардад. Муддати 11 сол инҷониб ҳамасола ширкати мо ин чорабиниро баргузор намуда, молу маҳсулот ва намудҳои гуногуни хизматрасониҳои ширкатҳои ватаниро ба мардум шинос ва пешкаш менамояд. Ҳадафи мо дастгири истеҳсолкунандагони ватанӣ мебошад.  Ба воситаи ин чорабинӣ маҳсулоти ватаниро тарғиб намуда, ҳамзамон имкон фароҳам меорем, ки ширкатҳо ва истеҳсолкунандагон маҳсулоти худро ба намоиш гузоранд, назари харидоронро бифаҳманд, бо маҳсулоти дигар ширкатҳо аз наздик ошно шаванд ва барои дар оянда боз ҳам беҳтар гаштани сифати молу маҳсулот ва хизматрасониҳояшон талош варзанд.

– Ин лоиҳа байни ширкату корхонаҳо рақобатро ба вуҷуд меорад?

– Оре, рақобат ҷузъи асосии пешрафт мебошад.  Дар ҷое, ки рақобат нест, пешрафт низ намешавад. Маҳз рақобат ширкатҳоро маҷбур месозад, ки барои боз ҳам беҳтар шудани сифати маҳсулот ва хизматрасониҳояшон талош варзанд, чунки харидори имрӯза аз харидорони 10-15 сол пеш куллан фарқ дорад. Имрӯз интихоб хеле васеъ гаштааст ва мардум кӯшиш мекунанд, ки маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза, хушсифат, боэътимод ва нархаш дастрасро харидорӣ намоянд.

– Имсол кадом ширкатҳо дар ярмарка иштирок мекунанд?

– Имсол дар лоиҳа-озмуни “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2025” дар маҷмуъ 30 ширкати машҳури ватанӣ, аз қабили “Пайкар”, “Баҳор”, “Файзи Расул”, “Амирӣ”, “Шири Душанбе”, “Шоколатье”, “Niso”,  “Молочная радость”, “Мурғи байзо”, “София“, “Наҷот”, “Сардор”, “Килк”, Орди фатир”, “Авесто”, Ширкати сохтмонии “Манораи Беҳрӯз”, “GMP”, “Nets”, ширкати суғуртавии “ Mehnat”, “Қолинҳои Пилла”, “Қолин-сервис”, “Рамис”, “Арвис”, “Зира”, “Соса-Соla”, “Акома”, “Арома-Коко” ва дигарон иштирок намуда, молу маҳсулот ва хизматрасониҳои худро ба мизоҷон пешкаш менамоянд.

– Кадом намудҳои маҳсулотро аз ин намоишгоҳ пайдо кардан мумкин аст?

– Харидорон аз ярмаркаи “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2025” анвои гуногуни маҳсулоти хӯрока, аз ҷумла орд ва маҳсулоти ордӣ, равған, қанду шириниҳои лазиз, шир, маҳсулоти ширӣ, қаймоқ, сметана, намудҳои гуногуни гӯшти мурғ, ҳасибу ҳасибча, шарбату обҳои газнок, маҳсулоти хушсифати косметикӣ ва атру хушбӯиҳо, маводҳои шустушӯӣ ва ҳатто қолинҳои хушсифатро бо нархи арзон пайдо карда метавонанд.

– Бартарии ин намоишгоҳ аз дигар ярмаркаҳо дар чист?

– Бартарии асосӣ дар он аст, ки харидорон имкон доранд бо худи истеҳсолкунандагон аз наздик шинос шуда, лаззати маҳсулоташонро чашанд,   назари худро ба молу маҳсулот ва хизматрасониҳои онҳо бигӯянд, агар пешниҳоде дошта бошанд, иброз доранд ва маҳсулоти писандидаи худро бо нархҳои нисбат ба бозор нисбатан арзон харидорӣ намоянд. Ширкатҳо дар ин ярмарка маҳсулоти худро бо нархи яклухт (оптовая цена) ба фурӯш мебароранд.

Лоиҳаи “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон”-ро кӣ дастгирӣ менамояд?

-Ин лоиҳаи муваффақ ба як чорабинии муҳим дар ҳаёти иқтисодии мамлакат табдил ёфтааст ва ҳамасола мо онро бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Вазорати саноат ва технологияҳои навин ва Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон  амалӣ менамоем. Мо тамоми чорабиниҳоеро, ки дар доираи ин лоиҳа баргузор мегарданд, дар якҷоягӣ бо иштирокчиёни лоиҳа мегузаронем. Ҳадаф муаррифӣ намудани ширкатҳо ва корхонаҳои хурду бузурги кишварамон, дастгирии соҳибкорони тоҷик, тарғиби молу маҳсулоти Ватанӣ ва ба вуҷуд овардани рақобати солим дар байни истеҳсолкунандагон мебошад. Умедворам, ки лоиҳаи “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2025” ба ҳадафҳои неки дар пеш гузоштаи худ мерасад ва мо саҳми хешро дар пешрафти иқтисодиёти кишвар мегузорем.

– Дар охир ба хонандагони ҳафтаномаи “Оила” чӣ гуфтаниед?

– Танҳо ҳаминро гуфтаниам, ки ҳар яки шуморо рӯзҳои 15, 16 ва 17- май дар Кохи Борбад бесаброна интизор ҳастем. Биёед ва молу маҳсулоти писандидаатонро  аз намоиш-фуруши “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2025” харидорӣ карда, соҳибкорони ватаниро дастгирӣ намоед, зеро дӯст доштани Ватан аз қадр намудани маҳсулоти ватанӣ оғоз меёбад.

Фирӯза САТТОРӢ

Аз 19 то 25 май бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол дар пойтахт Фестивали футбол баргузор мегардад.

Дар саросари кишвар чорабиниҳои сатҳи баланд ба нақша гирифта шудаанд, ки ба таблиғи футбол, таҳкими нақши он дар ҷомеа ва пешбурди тарзи ҳаёти солим нигаронида шудаанд.

Зиёда аз 25 фестивалҳои футбол барои кӯдакон дар тамоми минтақаҳои кишвар;

Бозии афсонаҳои футболи Тоҷикистон ва Русия дар Душанбе;

Бозии Суперҷоми Тоҷикистон-2025 байни “Истиқлол” – и Душанбе ва “Регар-ТадАЗом” – и Турсунзода дар Ҳисор;

Бозиҳои силсилавии ниҳоии Суперлигаи Тоҷикистон – 2025 оид ба футзал байни “ширкати Соро” ва “Истиқлол”;

Оғози мавсими нави лигаи футболи Занонаи Тоҷикистон;

Мусобиқаҳои кӯдакон ва наврасон дар минтақаҳои кишвар;

Мастер-классҳо бо иштироки бозигарони дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон;

Мусобиқаҳо дар байни ташкилотҳои гуногун ва дигар чорабиниҳои футбол.

Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамаи дӯстдорони варзиш, ҷавонон, мураббиён, мутахассисон ва мухлисонро даъват менамояд, ки ба ҷашни рӯзи ҷаҳонии футбол ҳамроҳ шуда, дар рушди футбол дар кишвар саҳм гузоранд.

Ду сокини Душанбе барои ғоратгарӣ боздошт шуданд

Кормандони Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ду сокини пойтахтро, ки қаблан барои содир кардани ҷинояти қаллобӣ суд шудаанд, боздошт намуданд.

Ба иттилои маркази матбуоти ВКД, боздоштшудагон ин навбат бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир шуданд.

Манбаъ мегӯяд, нисбати гумонбарон  парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, феълан тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Мақомоти милитсия мегӯянд, тафсилоти бештар баъд аз анҷоми тафтишот пешниҳод хоҳад шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *