Президенти Украина Владимир Зеленский 15 май барои музокирот бо Русия ба Туркия меравад. Ба иттилои нашрияи “Axios”, ҳатто агар мақомоти Русия пеш аз ин оташбасро рад кунанд ҳам, Зеленский барои музокирот меравад.
Зеленский қаблан изҳор дошт, ки омода аст рӯзи панҷшанбеи 15 май бо Президенти Русия Владимир Путин дар Истамбул мулоқот кунад ва инчунин интизор аст, ки Русия аз рӯзи душанбеи 12 май ба оташбаси пурра ва тӯлонӣ розӣ шавад.
Зеленский дар муроҷиати видеоӣ, ки шоми 11 май нашр шудааст, изҳор дошт, ки “Мо дар Украина ҳеҷ мушкиле барои гуфтушунид надорем – мо ба ҳама гуна форматҳо омодаем”.
Ёдовар мешавем, ки президенти ИМА Доналд Трамп 8 май аз Русия ва Украина талаб кард, ки “30 рӯзи оташбаси бечунучаро”анҷом диҳанд.
Мақомоти Украина 10 май эълон карданд, ки омодаанд оташбаси хушкӣ, ҳавоӣ ва баҳриро “ҳадди аққал 30 рӯз” аз 12 май қатъ кунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube