Categories ХОВАР

Рӯйхати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозӣ бо дастаҳои Камбоҷа ва Филиппин муайян карда шуд






ДУШАНБЕ, 12.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол таҳти роҳбарии Гела Шекиладзе рӯйхати васеи дастаро барои бозиҳо бо дастаҳои Камбоҷа (5 июн) ва Филиппин (10 июн) эълон кард.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, ба ҳайат 55 бозигар – 5 дарвозабон, 16 ҳимоятгар, 23 нимҳимоятгар ва 11 ҳамлагар дохил ҳастанд. Рӯйхати ниҳоии бозигарони тими миллӣ, ки ба рақобатҳои моҳи июн омодагӣ мегиранд, дертар муайян карда мешавад.

Бояд гуфт, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон 5 июн бо тими Камбоҷа бозии дӯстона карда, 10 июн вохӯрии даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027-ро  бо  яккачини Филиппин анҷом медиҳад. Ҳарду дидор дар сафар баргузор мешаванд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон



Манбаъ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *