Categories Хабарҳо

Маслиҳати табиб: аз таҷрибаи дигарон

Аз тачрибаи хамзабонони бурунмарзй: ВВС порсй пурсу посуххои видиёиро перомуни Куруновирус ва Ковидбеморй рохандозй намуда андешахои табибони бехтаринро пешкаши тамошобинонаш кардааст.

Гулчине аз онро пешкаши Шумо бо лахчаи фахмотару содатар дар шакли иктибосхои муфид лозим донистам:

1.То имруз натичаи нисбатан бехтарро байни дорухои зиддивирусии маълум РЕМДЕСИВИР нишон додааст, вале ин дору хануз дар мархилаи санчишхои васеи клиникй карор дорад ва дар ягон Аптек-доруфурушии дунё дастраси беморон нест.

2.Дар баъзе кишвархои Аврупой тестхои хонагии муайянкунандаи антибодй-сатхи масунияти алайхи SARS-CoV-2 дастраси харидорони одй шудааст. Чанд катра хуни аз нуги ангушт гирифтаро ба он хамрох намуда вучуд доштани антибодхо (антитела) яъне иммунитети навпайдошударо зидди Куруно муайян карда метавонед. Дарачаи сахехияти усул 100 фисадй хам набошад, хеле баланд аст. Бояд зикр кард, ки масуният алайхи куруновирус баъди 10-14 руз аз огози аломатхои шадиди беморй пайдо мешавад. Дар нафарони бидуни нишонахо бемориро пасисар намуда сатхи масуният хам пасттар асту микдори вирус хоричкунияшон низ дар давраи сироятй камтар будааст.

Мутахассисони СЧБ ба ин назаранд, ки хади акал 80-90% беморони аз ковиди шадид сихатёфта барои на кам аз 1-сол алайхи куруно иммунитет пайдо мекунанд.

3.Вазъи равонии инсон дар пайдоиши иммунитет-масуният накши мухим дорад-оромй, ботамкинй, истифодаи бохикмати аклу дониш дар радифи чорахои солимгардонии дигар (истеъмоли гизои витаминдор, хавои тоза, варзиши бадан, хоби на кам аз 6-7 соат дар шабонарузй) иммунитетро боло мебарад. Вале тахлукаю вохима, тарси зиёд, асабоният ба пайдоиши масуният халал ворид мекунанд. Илова аз муаллиф: бехтарин усуле аз кироати Куръон ва тафаккур болои маънии оёт дар оромии рух нахондам ва надидам.

4.Бо рубару шудани хамаги чандсонияй бо шахси бемор эхтимоли сироят ёфтан камтарин аст, аммо наздикй давоми беш аз 5-10 дакика, масалан дар наклиёт, корхона, бозор, таълимгох, варзишгох в.г. боиси сирояти аксари наздикбудагон мегардад, агар хатто як нафаре вирусхоричкунанда бошад.

5.Дастпушак (дасткаш) дар сурати нодуруст истифода бурдан метавонад эхтимоли сироятро афзояд, масалан агар кас одати зуд зуд бо дастонаш ба лабу бинй ё чашмонаш расиданро дошта бошад ( чунин одатро аксарият доранду худ бехабаранд) вирусхои болои дастпушак чамъшуда зуд касро сироят мекунанд. Бинобар ин зуд зуд шустани дастон баъди хар боре ки чисми ношиносеро ламс кардед чораи бехтарин аст. Ин одатро бояд хамагон дар худ таквият бахшанд.

6. Оби биню дахони шахси бемор хатарноктарин манбаи вирус мебошанд ва онро ба кучаву хавлй ё кафи даст атса задан, сулфидан ё туф кардан боиси зиёд пахн шудани беморй мегардад. Дар Филиппин барои чунин амал 1000 дуллор чарима мукаррар кардаанд. Бояд ин луобхои хоричшавандар ба халтаи селофанй ё когази дастпоккун (салфеткахои хушку тар) партофт ва бо хлор ё сухтан онро безарар кунед. Хади акал ба партови зери офтоб буда партоед, ки нурхои ултрабунафш онро безарар кунанд, вале ин усул чандон эътимоднок нест.

7. Пашша ва хашарот вирусро одатан интикол намедиханд. Хайвоноти хонагй низ камтарин воситаи пахни вирус шуда метавонанд, чун эхтимоли атсаи шахси бемор ба хайвонот вучуд дорад ва нафари солим бо дастонаш хайвонро махс намуда сироят гохо меёбад.

8. То замони ихтироъ ва истехсоли воксан чораи ягонаи пешгирй аз шуюъи СOVID19 Карантин бокй мемонад. Чандин беморихои сироятй, мисли фалачи кудакон махз ба туфайли истифодаи воксин аз руи замин бардошта шудааст. Максад аз Карантин ЗЕРИ КУНТРУЛ ГИРИФТАНИ ТЕЪДОДИ БЕМОРОН АСТ, ТО ЯКБОРА ТЕЪДОДИ ОНХО АФЗУДА КОРИ БЕМОРХОНАХОРО ФАЛАЧ НАГАРДОНАД ва маргу мири якбораи нисбатан бештари одамон боиси фочиаи ичтимой ва тахлукаву вохимахо нагардад.

9. Идрори гов на барои хинду ва на барои кавми дигаре чораи пешгирй ё муоличаи кувидбеморй нест! тестхои 10 сония нафасро доштан ва амсоли он вучуд доштан ё надоштани куруно ва фибрози шушро сахех нишон намедиханд, ба чунин афсонахо бовар накунед.

10. Дар кишвархо ва минтакахое, ки авчи беморй поён фуромадааст, камтарин форигболй аз коидахои зидди эпидемй сабаб мешавад, ки мавчи дуюм ва хатто сеюми эпидемия пайдо шавад, ки он одатан вазнинтар аз аввалй мешавад. Масалан аз авчи такрории инфлюэнсеи испанй (грипп, зукоми «испанка») агар талафоти соли 2016 чансад хазор нафар бошанд, мачи такрории он то соли 2018 боиси МАРГИ 50 000 000- панчох миллион одамон гардидааст.

Бо умеди пирузии акли солим, инсофу имон, илму дониш бар чахолату разолат-бародари имонй ва пизишки шумо- Мирзои ХОЧИМУХАММАД.

Сообщение ПАЁМ.net.

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *