11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

ЯК МАОШИ ПЕШВО (гуфтугӯ бо “пешвои миллат”)

Эмомалӣ Раҳмон!

Мӯҳтарам ва боз ким-чи номҳои дигаратро, ки вақти зиёдамро мегирад, намегӯям. Бубахш, ки пеши ман дигар эҳтироме надорӣ. На ҳамчун сиёсатмадор ва роҳбари Тоҷикистон дар муддати дурудароз ва на ҳамчун инсон. Медонӣ, эҳтиром ва эътирофи як сиёсатмадор ва умуман як инсон дар сатҳи ҷомеа аз куҷо сарчашма мегирад? Эҳтирому обрӯро раҳбароне чун Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур, Бобоҷон Ғафуров, Садриддин Айнӣ ва Мирзо Турсунзода бо хуни дил, бар ивази заҳматҳои зиёд ва манфиатҳои бар халқ расондаашон соҳиб гардидаанд. В консе консов, эҳтиромро арзанда бояд буд! Онро тариқи зӯроварӣ, унвонҳои болобаланди тақаллубӣ ва таърифҳои бепоя дар телевизионҳои худат ба даст оварда наметавонӣ. Ҳамзамонон ва таърихшиносон ҳар қадаматро дар ин вазифаи муҳим, натиҷаҳои барои мардуми кишвар овардаатро ба тарозӯи адл баркашида, дар ояндаи наздик баҳои худашонро ба фаъолиятат хоҳанд дод. Гумон намекунам, ки ин баҳои хуб бошад.

Он рӯз маоши якмоҳаатро ба фонди зидди коронавирус гузарондӣ. Ҳеҷ касе намедонад, ки ин чи қадар маблағ буд ва оё дар ҳақиқат ба ин фонд гузашт ё не. Зеро ҳама корҳоят зери пардаҳои сиррӣ мегузарад. Пардае, ки барои мардум ҳеҷ гоҳ намекушоияш. Зеро як зиндагии махфӣ дорӣ ва аксари корҳоятро аз чашми мардум пинҳон мекунӣ. Чаро намегӯӣ, ки маошат чи қадар аст? Охир ту аз буҷаи давлат, яъне аз ҳисоби налогҳои супурдаи шаҳрвандони тоҷикистонӣ маош мегирӣ ку? Буҷа, кисаи худат нест. Ин пули ҷамъиятиест дар ихтиёри ту вогузошта ва бояд пеши халқ аз хароҷоти одилонааш ҳисобот диҳӣ. Аз барои Худо, биё як бор бигӯ, ки он чи қадар аст. Ё ин маблағ бениҳоят зиёд асту шармат меояд бигӯӣ то ин ки боз мардум бо маоши худашон муқоиса накунандаш? Ё бо маоши президентҳои кишварҳои дигари ҳамсони мо? Бале! Барои ҳамин махфияш медорӣ. Хуб, барои он ки дар ҳисоб кардани маошат мушкилӣ накашӣ, ман каме кӯмакат мекунам. Агар ин пули аз падарат Раҳмони Зард меросмонда мебуд, кордорат намешудам. Вале модоме ки пули ҷамъиятист, бояд ҳисобаш кунем.

Аз рӯи шунидам маоши моҳонаат тахминан эквиваленти 26 000 доллари амрикоӣ аст. Дигар роҳи муайян кардани он мавҷуд нест чун махфияш нигоҳ медорӣ. Бои доллар нисбати сомонӣ ин мешавад 266 760 сомонӣ! Акнун биё, маошатро бо Барак Обама, президенти собиқи пурқудраттарин кишвари дунё — ИМА, ки аз ҳисоби буҷа маош мегирифт, муқоиса мекунем. Ӯ дар як сол 420 000 доллар мегирифт, ки ба ҳар моҳаш 35 000 долларӣ рост меомад. Ва ин дар ҳолест, ки ягон узви оилааш бояд ҷое кор накунанду ҳамагӣ дар Қасри Сафед ҳамроҳаш бошанд. Барои маълумотат як духтури мутахассис, як соҳибкор, як олим дар Амрико метавонад моҳона аз президенташ бештар пул кор кунад. Акнун биё, маоши миёнаи мардумро дар ин ду кишвар муқоиса мекунем. Маълумоти ба ҳамагон бар он далолат мекунад, ки амрикоиҳо ба ҳисоби миёна ҳар моҳ ба даст 2941 доллар ва тоҷикистониҳо 115 доллар маош мегиранд. Агар калкулятора пешат монда ҳисоб кунӣ, чунин рақамҳо ҳосил мешаванд: парлумони кишвараш барои Барак Обама аз маоши миёнаи мардумаш 12 маротиба бештар ва ту боши барои худат 226 маротиба бештар маош ҷудо кардаӣ. Пас табиист, ки инро дар назди ҳама гуфтан намехоҳӣ. Ба қавли қудоят Бег Сабур, дар назди ҳар як “почаканда”.

Чандоне медонам Рустами Эмомалӣ баробари дар соли 2017 мири шаҳри Душанбе таъин шуданаш ба соҳибкороне, ки аз ӯ иҷозаи дар пойтахт сохтани биноҳои баландошёнаро мепурсиданд, қоғазакеро бо шумори суратҳисоби бонкии хориҷӣ дароз карда мегуфт: “Бра, инами шотда 30 000 доллар бзгарон, имзота мегирӣ”. Раиси вақти Бонки Миллии Тоҷикистон Алимардонов бошад барои кушодани Бонки Рушди Тоҷикистон ба Тахмина Раҳмон (духтарат) ҳамчун уставной фонд 50 миллион доллар гузаронд. Боз 3 миллиард доллари Бобаки Занҷонии сарсахт (соҳибкори эронӣ) ҳам, ки бо умеди маблағгузорӣ ба Тоҷикистон омада буд ва акнун иҷрошавии ҳукми қатлашро дар Эрон интизор аст, байни Рустами Эмомалӣ ва Тахмина Раҳмон обу лой гардид. Доир ба пораҳои ҳамарӯза мегирифтаи аҳли оилаат намегӯям. Ҳисобаш гум аст. Аз рӯи тахмини коршиносон дар чанд соли пеш, ки дар интернет хонда будам, пораҳои ҳар сол ба оилаи ту воридмегардида 20 миллион долларро ташкил медод. Язнаи раиси кумитаи ҷангалбудаатро ҳам ду-се соли пеш барои кидати як вазифаталаб ба маблағи 300 000 доллар парронда буданд. Туву авлодат дигар пули каму тумро писанд намекунед. Шумо катазан шудаед!   

Акнун байни туву халқат фарқияти калонест. Писари як гӯсолабони ферма ва ана бигирем директори як совхози чорвопарварӣ дар ноҳияи камбағали Данғара, як троешники селхоза заочний тамом кардагӣ, имрӯз бар 9 000 000 нафар аҳолӣ ва як кишвари пурганҷ роҳбарӣ мекунӣ! Яку якбора с грязи в князи! Албатта худатро гум кардӣ. Ченакҳоят дар як лаҳза муъҷизанок дигар шуданд. Акнун медонӣ, ки дандони тилло неву дандонҳои садафӣ (ё фарфор) шинондан лозим. Акнун ба дигарон маслиҳат медиҳӣ, ки хонаҳои аз хишти пухта созанд то ба абераҳову чабераҳояшон мерос монад. Акнун фарзандонат дар бонкҳои хориҷӣ суратҳисобҳо доранду набераҳоят дар садикҳои Англия тарбия меёбанд. Яъне, барои худату авлодат замина барои зиндагии шоҳона омода сохтаӣ. Агар як худаки Шаҳзод Раҷабов, писари духтури оилавиат ва ронандаи кӯдакони Озода Раҳмон се квартираро дар як плошадка якҷоя карда, барои худаш супер-лона сохтаву дар як соли хӯҷаиниаш 18 маротиба барои пулҳояшро дар бонкҳои Шветсария ҷой кардан ба хориҷа сафар карда бошад, пас аз ҳарисона пулҷогаҳкунии туву фарзандонат шояд даҳони камбағали тоҷик просто раг кашад!           

Вақте дар охири солҳои 1980-ум дуздиҳои вазири ғалла ва нахуствазири Тоҷикистон бо лақаби “наҳанги ҷумҳурӣ” Абдумалик Абдуллоҷонов фош гардид, баҳонае аҷибе пеш овард: “Бобои раҳматиям бои Хуҷанд гузаштагӣ буданду дар вақташ ба номи ман дар бонкҳои Швейтсария маблағҳои калон мерос боқӣ гузоштанд”. Ин баҳона дурӯғ буд албатта. Вале дурӯғи заминӣ. Зеро дар Хуҷанд аз асри 19 сар карда, корхонаҳои саноатӣ пайдо шуданду мешавад худро гӯл зад, ки “шояд бобои бизнесменаш сахт одами прогрессивний буду пешаки фикри ин наҳангнабераи ҳоло таваллуднашудаашро карда бошад”. Вале ту пулҳоеро, ки ба номҳои худату занат, фарзандонату набераҳоят дар давраи роҳбарият дар бонкҳои дуздинигаҳдориву территорияҳои оффшории ҷаҳон (макони пулҳои дуздони олам) руст кардаӣ, чӣ гуна асоснок мекарда боши? Шояд мегӯи, ки падари мактабнахондаат Раҳмони қалуғ, ки дар давраи шуравӣ умрашро бо музаҳои керзавой ва гӯсолабонӣ дар фермаи совхози чорвопарварии “Данғара” гузаронида буд, ғами фарзандону набераҳояшро хӯрда, пешакӣ халтаҳои тиллояшро берун аз Тоҷикистон баровардаву дар заминҳои Аврупо зери хок пинҳон карда буд? Гуфти урусо “Очен нелепо!”. Ҳеҷ намечаспад! Худат ҳам инро медонӣ. Барои ҳамин (зербандҳои 4 ва 5) Қонуни конститутсионии ҶТ “Дар бораи асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – пешвои миллат” (2016) чунин навиштӣ: 

“Дахлнопазирӣ ба моликият, ҳамчунин моликияти аъзои оила, ба манзили истиқоматӣ, бинои хизматӣ, нақлиёт, воситаҳои алоқа, мукотиба ва ҳуҷҷатҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат татбиқ мегардад. Ба моликияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ва аъзои оилаи ӯ ягон маҳдудият гузошта намешавад.

Сирри бонкӣ ва дахлнопазирии ҳисобҳои бонкии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ва аъзои оилаи ӯ кафолат дода мешавад”. Яъне, пешакӣ бо ин қонуни беадолатонаат сари обро чим мезанӣ! Ба гумони худат, донои бадӣ! 

Акнун, пас аз он ки бо ҷашнҳои пурдабдабаи пешазинтихоботиат мардуми бечораи кишварро тору пуд ба коронавирус гирифтор кардӣ, як маошатро барои намоиш “садақа” мекунӣ. Гӯё пеши саге устухон партофтаву гуфтан мехоҳӣ: “Бигиру хап кун! Барои ту ҳамин бас аст!”. Имрӯз мардуми тоҷик бо ҳамин парешониву камбағалиаш нишон дод, ки муттаҳид аст. Бе туву роҳбарият ҳам. Каримҷон Ёров ва Иззат Амон барин шермандони ватан ҷони худро ба хатар гузоштаву ба мардуми бепаноҳи тоҷик дар паҳнои Русия кӯмак карда истодаанд. Тоҷикони саргардони дунё, ки аз зулми ту сарашонро гирифта ба Русияву Аврупову Амрико гурехтанд, аз маошҳои ночизашон ҷамъ карда барои наҷоти халқашон дар ин рӯзҳои вазнин равон мекунанд. Волонтёрҳои ҳақиқӣ (на “валантёрҳо”-и Бег Сабур, ки мегӯянд “Фейсбукро бандед”) барои донишҷӯёну мардикорони дар инзиво монда нону картошкаву пиёз тақсим мекунанд. 

Байни туву халқи тоҷик фосилаи калон аст. Туву авлодат дар авҷи коронавирус нопадидед, ба бункерҳову паногоҳҳои махсус пинҳон шудаед. Барои овардани мардикорони тоҷики дар Русия сарсон як самолёти эконом класс ҳам равон намекунӣ. Вале барои ҳифзи саломатии узви оилаат пинҳонӣ аз Олмон самолёти вип-класс (барои пулдорони олимақом) заказ мекунӣ. Ҳатто намехоҳӣ, ки аҳли оилаатро дар беморхонаҳои системаи тандурустии фалаҷкардаат табобат бикунӣ. Ба гумонат акнун туву авлодат воломақомеду халқи тоҷик гурӯҳи бечораҳои почаканда.                  

Вале фаромӯш накун, ки ин мардум худо дораду фарзандони баномус. Ва ту рӯзе барои ин дуздиҳо ва қаллобиҳоят пеши онон ҷавоб хоҳӣ гуфт! 

Бо эҳтиром

Исломиддин Садиров, нафақахӯр, ветерани меҳнат   

Сообщение ПАЁМ.net.

Хроникаи COVID-19, 14.05

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *