Рубрики Хабарҳо

“Коруно даҳҳо миллион нафарро фақиртар хоҳад кард”

Гузориши муфассали солонаи бунёди Билл Гейтс нишон медиҳад, ки чигуна вируси коруно тарҳҳои тавсеаи Созмони милали муттаҳид барои кишварҳои дар ҳоли тавсеаро 20 сол ба ақиб баргардондааст. 

Бар асоси ин гузориш вируси каруно даҳҳо миллион нафарро нисбат ба гузашта дар маърази фақр, нобаробарӣ ва беморӣ бештар қарор медиҳад. 

Билл Гейтс дар мусоҳибае ба БиБиСи гуфт, ки эҳтимол меравад воксини коруно аввалҳои соли мелодии ҷадид арза шавад, аммо асари он вақте муассир хоҳад буд, ки ба кишварҳои дар ҳоли тавсеа ҳам бирасад. 

Гузориши солонаи бунёди Билл ва Меллиндо Гейтс, ки душанбе, 14 сентябр мунташир шуд, нишон медиҳад вируси Ковид- 19 нобаробарии иҷтимоӣ ва иқтисодиро амиқтар кардааст. Мислан дар заминаи омӯзиш ва дастрасӣ ба низоми беҳдоштӣ ин нобаробарӣ амиқтар шудааст. 

Чаро фуқаро дар баробари вируси коруно осебпазиртаранд? 

Барои мисол ба далели маҳдудиятҳои эъмолшуда омӯзиш дар бисёре аз кишварҳо аз роҳи дур анҷом мешавад. Дар кишварҳои дар ҳоли рушд шумори бисёр зиёде аз донишомӯзон дар манотиқ компютар ва ҳатто телефони ҳамроҳ надоранд, ё аслан ба интернет дастрасӣ надоранд, ки битавонанд ба шабакаҳои омӯзишӣ васл шаванд. 

Бар асоси ин гузориши солона, барномаҳои тавсеъаи Созмони милал дар заминаи баробарии дастрасӣ ба омӯзиш ва беҳдошт на танҳо мутаваққиф шуда, балки солҳо ба ақиб бозгаштааст. 

Ҳамагири Ковид-19 муҳимтарин буҳрони иқтисодӣ баъд аз рукуди таърихӣ байни ду ҷанги ҷаҳониро ба бор овардааст. Сандуқи байналмилалии пул дар ибтидои соли ҷории мелодӣ, мутавассити рушди иқтисодии ҷаҳонро 3 дарсад баровард карда буд, аммо ҳоло мегӯяд иқтисоди ҷаҳон на танҳо рушд нахоҳад кард, балки кӯчактар аз қабл ҳам хоҳад шуд. 

Ахиран банки ҷаҳонӣ дар бораи пайомадҳои иқтисодии шуйӯъи корунои 2019 дар шарқи Осиё ва минтақаи уқёнуси Ором ҳушдор дод ва гуфт ҳудуди 24 миллион нафар дар ин минтақа нахоҳанд тавонист худро аз фақр наҷот диҳанд. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *