Рубрики Хабарҳо

Тиҷорати хориҷии Тоҷикистон афзоиш ёфтааст. Аз ҳисоби фурӯши сангҳои гаронбаҳо

Дар 8 моҳи соли ҷорӣ тиҷорати хориҷии Тоҷикистон беш аз $3 млрд-ро ташкил додааст ва афзоиши 8%-ӣ нисбати ҳамин давраи соли гузаштаро нишон медиҳад. Дар ин бораи Агентии омори назди раёсатҷумҳурии ҶТ хабар медиҳад.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорати хориҷӣ асосан аз ҳисоби содирот шакл гирифтааст, ки бо наздик ба 50% рушд нисбат ба соли 2019, ба беш аз $1 млрд расидааст. 

Бо вуҷуди афзоиши бесобиқаи содирот, камбуди (дефитсит) гардиши тиҷорӣ (бештар будани воридот аз содирот) $960 млн.ро ташкил додааст.

Маҳсулоти Тоҷикистон дар ин муддат асосан ба Суис (Швейтсария) — 53,9% аз ҳаҷми умумии содирот, Туркия (12,6%) ва Қазоқистон (9,7%) содир гардидааст.

Дар ҳамин ҳол, қисми асосии маҳсулоти содиротиро сангзои гаронбаҳо ва нимагаронбаҳо ташкил додаанд, ки содироти онҳо беш аз 5 баробар афзоиш ёфтааст. Ҳамчунин баъзе маҳсулоти саноатӣ, хӯрокворӣ ва меваву сабзавот ба хориҷа фурӯхта шудаанд. 

Аммо воридот нисбати ҳамин давраи соли гузашта 5,7% камтар шуда, каме бештар аз $2 млрд.ро ташкиш додааст. Воридкунандагони аслии мол ба Тоҷикистон ҳамоно Русия, Қазоқистон ва Чин боқӣ мемонанд. 

Шарикони асосии тиҷории Тоҷикистон дар ин давра Русия (додугирифти дутарафа $648 млн), Суис ($598 млн), Қазоқистон ($575 млн), Чин ($306 млн), Узбекистон ($217 млн) ва Туркия ($208 млн) будаанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *