Рубрики Хабарҳо

Посбоне, ки бинои донишгоҳро оташ зад, сабабашро «қасос»номид

Посбони собиқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, ки ба оташ задани бинои ин муассиса муттаҳам мешавад, сабаби иқдомашро қасос барои рондани беасос аз кор унвон кард.

Дар гузорише, ки дар нашр шуд, гуфта мешавад сокини 56-солаи шаҳри Хуҷанд Абдусаттор Ҳайдаров мегӯяд, ӯро аз кор ронданд ва аз ин рӯ хост донишгоҳро оташ занад.

Ин мард аз соли 2021 ба ин сӯ ҳамчун посбон дар донишгоҳ кор мекарда, вале ахиран бинобар дар ҳолати мастӣ ба донишгоҳ омадан аз кор озод шудааст. Худи посбон маст буданашро рад мекунад.

Ӯ гуфт, хошоки хушкро ҷамъ намуда, бо истифода аз гӯгирд болопӯши бинои факултаи таърих ва ҳуқуқро оташ зад ва ҳамин тариқ 2 млн сомонӣ зарар расонд. Феълан нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, ӯ дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Сӯхтор дар факултаҳои таъриху ҳуқуқ ва забон ва адабиёти руси Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, ки ҳамагӣ дар як бино воқеъ дар маҳаллаи Гулистони Хуҷанд ҷойгиранд шаби 20 сентябр рух дод.

Мақомоти тафтишотии Суғд бо гузошти як рӯз маълум карданд, ки ин ҳодиса амали барқасдона буда, аз сӯи посбони бино содир шудааст.

Бар пояи иттилоъи мақомот давоми ҳашт моҳи соли ҷорӣ 289 ҳодисаи сар задани сӯхтор дар шаҳру навоҳии Суғд ба қайд гирифта шудааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *