Зиндонии сиёсӣ, узви 80 солаи Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Зубайдуллоҳи Розиқ, ки ба 25 соли зиндон маҳкум шудаасту, агар зинда монд танҳо дар 97 солагиаш озод мешавад, ба шӯъбаи ҷаримавӣ дар зиндон (ШИЗО) мунтақил шудааст.
Бори аввал нест, ки ин мӯйсафеди бо иттиҳомҳои сохта зиндонишударо ба ШИЗО интиқол медиҳанд. Қаблан ҳам чанд бор ба ин олими шариъат, ки қабл аз зиндон шуданаш раҳбарии Академияи исломии ҲНИТ-ро ба ӯҳда дошт, чунин ҷазо дода буданд. Ин дафъа ҳам мисли ҳамеша гуноҳаш “вайронкунии тартибу низоми маҳбас” будааст.
Тибқи иттилоъи як манбаъ Паём, ки дар зиндони нави шаҳри Ваҳдат кор мекунад ва домулло Зубайдуллоҳ низ онҷо нигаҳдорӣ мешавад, сабаби ҷазо гирифтани ӯ адои намози шаб будааст. “Соати 2-и шаб ҳангоми хондани намоз дастгир шуд. Дар ин вақт намоз хондан манъ аст”, гуфт манбаъ.
Утоқи ҷаримавӣ ё ШИЗО, зиндон дар дохили зиндон аст ва шароити бамаротиб сахттар дорад. Барои мисол дар онҷо имкони дароз кашида хобидан вуҷуд надорад, наму сард аст ва одатан пур аз кайку шабушк мебошад, ки ҷавонон ба сахтӣ аз он убур мекунанд, чӣ расад ба мӯйсафеди 80-сола.
Дар ҳамин ҳол, Ҳисомиддини Зубайдулло, писари Зубайдуллои Розиқ, ки дар Аврупо паноҳанда аст, мегӯяд хонаводааш сабаби бори дигар ба ШИЗО бурдани падарашро намедонанд, чун тамос бо ӯ ғайриимкон аст ва масъулин ҳам аз додани маълумот худдорӣ мекунанд. Аммо ба ин назар аст, ки баъди нома ба раисҷумҳур масъулини зиндон домуллоро “чап гирифтаанд”.
Соли гузашта Зубайдуллоҳи Розиқ ҳамроҳ бо се узви дигари РО ҲНИТ — Раҳматуллоҳи Раҷаб, Муҳаммадалии Файзмуҳаммад ва Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, ки бо иттиҳомоти яксон ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум шудаанд, ба раисҷумҳур нома навишта, аз ӯ бозбинии парвандаашонро талаб карда буданд.
Баъди ин нома писари хурдии Зубайдуллоҳи Розиқ — Ансориддини Зубайдуллоҳ низ бо иттиҳоми “кӯмак ба террористон”, аниқтараш расонидани маблағи хайрияи фиристодаи бародараш ба хонаводаи зиндониён боздошт ва 5 соли зиндон маҳкум шуд.