Раиси собиқи шаҳри Конибодом, Абдусалом Тухтасунзода, бо қарори додгоҳ барои содир кардани ҷиноятҳои вобаста ба фасод ва қаллобӣ ба муҳлати 12 сол аз озодӣ маҳрум карда шуд.
Манобеи TajNews дар мақомоти судӣ мегӯянд, ки ҳукми зикршуда охири моҳи апрел дар мурофиаи пушида содир гардида, дар он Тухтасунзода тибқи моддаҳои 319 (гирифтани пора) ва 247 (қаллобӣ) айбдор дониста шудааст.
Дар Додгоҳи шаҳри Конибодом ва Додгоҳи вилояти Суғд тасдиқ карданд, ки ҳукм содир шудааст, аммо бинобар он ки ҳукм ҳоло қувваи қонунӣ нагирифтааст, тафсилоти он расман ифшо намешавад.
Аз барканорӣ то боздошт ва муҳокима
Абдусалом Тухтасунзода, ки соли 2020 бо фармони президенти Тоҷикистон ба вазифаи иҷрокунандаи раиси шаҳри Конибодом таъин шуда буд, баъди чанд моҳ ба таври расмӣ ин вазифаро ишғол кард. Ӯ то моҳи январи соли 2024 дар ин мақом фаъолият дошт.
Тибқи иттилои дастрас, пас аз барканорӣ аз мақом, ӯ моҳи апрели соли 2025 дар қаламрави Ӯзбекистон дастгир ва ба Тоҷикистон баргардонда шуд.
Мавқеи наздикон ва вокунишҳо
Назари худи Тухтасунзода ва вакили дифоъаш дар бораи ҳукми додгоҳ ҳоло дастрас нест. Пештар, дар мусоҳиба бо расонаҳо, ҳамсари ӯ иттиҳомро “дасти душманон” дониста, гуфта буд, ки шавҳараш бегуноҳ аст ва ӯро “беасос” муттаҳам кардаанд.
Пас аз содир шудани ҳукм, то замони таҳияи ин матлаб, эҳтимоли шикояти тарафи маҳкумшуда ба зинаи болоии додгоҳ тасдиқ нашудааст.
Боздошти дигар мансабдорон ва робита бо парвандаҳои мармуз
Ба иттилои манобеи TajNews, ҳамроҳ бо Тухтасунзода якчанд корманди собиқи ҳукумати шаҳри Конибодом низ боздошт шудаанд, аммо маълум нест, ки онҳо ба кадом ҷиноятҳо айбдор мешаванд. Дар бораи онҳо низ ҳеҷ маълумоти расмӣ нашр нашудааст.
Гуфта мешавад, боздошти гурӯҳи мазкур баъди ташрифи як ҳайати махсуси тафтишотӣ ба Конибодом сурат гирифтааст, ки ҳадафаш таҳқиқи силсилаи кушторҳои пурасрор дар соли 2024 будааст. Дар ин кушторҳо, ки аз моҳи март то декабр рух доданд, 23 нафар аз 7 хонавода ҷони худро аз даст доданд.
Ҳукми 12 соли зиндон ба раиси пешини шаҳри Конибодом як иқдоми ҷиддии мақомоти додгоҳӣ бар зидди фасоди мақомдорон ба ҳисоб меравад. Аммо пӯшидатарин ҷанбаҳои ин парванда — аз тафсилоти иттиҳом то шарҳи худи маҳкумшуда — ҳанӯз рӯшан нестанд.
То замоне ки ҳамаи ҷузъиёт расман шарҳ дода нашаванд, ҷомеа дар интизори посухҳо хоҳад монд. TajNews мавзӯро пайгирӣ мекунад.